Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба Украина ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 додааст


Раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО аз интиқоли нахустин ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Украина хабар доданд. Ин ҳавопаймоҳои ҷангии сохти Амрико, аз Дания ва Ҳолланд ба Украина мунтақил шудаанд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико дар ҳошияи ин нишаст гуфт, "ҳамин ҳоло, ки ман ва шумо суҳбат мекунем, интиқоли ин ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 дар ҳоли анҷом шудан аст. Ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз Дания ва Ҳолланд мунтақил мешаванд ва дар тобистони имсол дар осмони Украина парвоз хоҳанд кард, то боварӣ ҳосил шавад, ки Украина метавонад аз худаш дар баробари таҷовузи Русия дифоъ кунад".

Яке аз орзуҳои Украина ба даст овардани ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 буд ва ҳоло ба назар мерасад, ки Киев ба ин орзуи худ расидааст.

Рустам Умаров, вазири дифоъ пас аз дидор бо ҳамтоёни худ аз Ҳолланд ва Дания дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, ки кишвараш дар ҳоли омода шудан барои дидори ҳавопаймоҳои ҷангии замонавӣ дар осмони Украина аст.

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки мехоҳад тавоноиҳои дифои ҳавоии Украинаро дар тобистон ду баробар кунад.

Интизор меравад Зеленский, ки дар ҳоли ҳозир барои иштирок дар ҷаласаи серузаи НАТО дар Вашингтон аст, бо раҳбарони Сенат ва Маҷлиси Намояндагони Амрико ва раисони кумитаҳои дифоӣ, дипломатӣ, амнияти миллӣ ва будҷа, дидор кунад.

Амрико, ки дар пешоруи интихоботи президентӣ қарор дорад, бо бархе ихтилофоти сиёсии миёнҳизбӣ рӯбарӯ аст. Дар ин росто, раиси ҷумҳури Украина дар суханрониаш рӯзи сешанбе хост, ки раҳбарони сиёсии Амрико натиҷаҳои интихоботро мунтазир набошанд ва ба кӯмаки Украина зидди ҳуҷуми Русия, идома диҳанд.

Муттаҳидони паймони НАТО рузи чаҳоршанбе дар ҳафтодупанҷумин солгарди таъсиси ин созмони низомӣ ваъдаҳои худ ба Киев дар мавриди узвияти эҳтимолӣ дар ин паймонро афзоиш додаанд.

Украина аз чанд сол ба ин тараф дар талоши пайвастан ба НАТО мебошад, аммо то кунун муваффақ ба ин кор нашудааст. НАТО ба унвони як паймони низомӣ, ҳамла ба яке аз аъзоро ҳамла ба ҳама аъзо меҳисобад.

Ҷо Байден ва Олаф Шолтз нигарониҳоеро дар ин бора матраҳ кардаанд, ки пазириши Киев дар ҳоли ҳозир амалан ба маънои вуруди ҷанг бо Русияи муҷаҳҳаз бо силоҳҳои ҳастаӣ хоҳад буд, зеро ин кишвар бахшҳое аз хоки Украинаро ишғол кардааст.

Аммо нахуствазири нави Бритониё Кир Стармер гуфтааст, ки мушкиле бо истифодаи Украина аз мушакҳои Бритониё барои ҳамла ба хоки Русия надорад. Изҳороте, ки боиси вокуниши сахти Маскав шуд.

Нахуствазири Бритониё ба хабарнигорон гуфт, ки ин нишаст ба Путин нишон медиҳад, ки НАТО "акнун бузургтар аз ҳамеша, муттаҳидтар ва комилан ҳушёр нисбат ба таҳдиди таҷовузи Русия аст".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG