Ин иқдом дар ҷомеаи мадании Узбекистон баҳсҳои тундеро ба миён оварда, фаъолон амали вазирро “шармовар” номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, вазири маорифи Узбекистон ба нафаре унвони “ҳомии соҳаи маориф” дод, ки омӯзгорро паси панҷара фиристодааст.
Мудири мактаби рақами 28-и ноҳияи Сариосиёи Сурхондарё тобистони соли гузашта дар як ҷаласа бо Қосимов баҳс кард. Турсунова, ки ӯро мехостанд, барои “ноуҳдабароияш” аз мақом барканор кунанд, ба дастури раиси вилоят эътироз карда, изҳор дошт, ки ба вай маълумоти нодуруст мерасонанд. Аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро аз толор берун карданд. Вай пеш аз тарки толор амали раиси вилоятро шармовар номид.
Додгоҳи Сариосиё худи он рӯз мудири мактабро дар “Майдаавбошӣ” ва “Иҷро накардани талаби қонуни маъмурони пулис” гунаҳкор ва 10 рӯз ҳабси маъмурӣ кард.
Додгоҳи вилоятии Сурхондарё ҳукми мудири мактабро бетағйир гузошт ва Додгоҳи олии Узбекистон танҳо баъд аз 7 рӯз муҳлати ҳабси ӯро аз 10 то 7 шабонарӯз кам кард.