Раиси ҷумҳури пешини Амрико хабари муаррифии Ҷей Ди Вэнсро рӯзи 15-уми июл расонаӣ кард. Доналд Трамп навишт, "Ҷей Ди Вэнс ба унвони муовини раиси ҷумҳур ба мубориза дар роҳи Қонуни асосӣ идома хоҳад дод, дар паҳлуи неруҳои низомии мо хоҳад истод ва ҳар кумаке, ки битавонад, ба ман мекунад, то шукуҳу азамати Амрикоро баргардонем".
Ҷей Ди Вэнс, сенатори 39-сола ва ҷумҳурихоҳи аёлати Огайо яке аз гузинаҳои аслӣ барои ба даст овардани ин мақом буд. Раиси ҷумҳури пешини Амрико ёри интихоботии худро дар оғози Маҷмаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳ муаррифӣ кардааст.
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Дар ибтидои ин ҳамоиш, ки ба муддати чаҳор руз идома мекунад, Ҳизби ҷумҳурихоҳ эълон кард, ки Трамп ба андозаи кофӣ раъйи намояндагони ин ҳизбро дар аёлатҳо ба даст овардааст ва ба ин тартиб, ба шакли расмӣ ӯро ба унвони номзади худ муаррифӣ кард.
Ин таҳаввул дар ҳоле аст, ки рузи шанбе Доналд Трамп дар ҷараёни гирдиҳамоии интихоботии худ дар аёлати Пенсилвания ҳадафи суиқасди нофарҷом қарор. Ин ҳодиса интихоботи президентии моҳи ноябр дар Амрикоро зери сояи худ қарор додааст.
Ҳанӯз ангезаҳои Томас Мэтю Крукси 20-сола, шахси ҳамлакунанда ба Трамп маълум нест. Ӯ пас аз тирандозӣ ба Доналд Трамп, аз сӯи нерӯҳои амниятии Амрико кушта шуд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва чеҳраҳои маъруфи ҳар ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ ин ҳамларо маҳкум карданд. Ҷо Байден ҳамчунин хостори оромтар кардани фазои сиёсии Амрико ва иттиҳод байни мардуми ин кишвар шудааст.
Доналд Трамп низ мардуми Амрикоро даъват кард, ки муттаҳид бошад. Ӯ як рӯз баъд аз ин суиқасди ноком ба ҷонаш, барои ширкат дар Маҷмаи миллии ҷумҳурихоҳон ба Милуоки рафт.
Гуфтугӯ