Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гуруҳ муҳоҷирони тоҷикро баъди "тафтиши сахт" ба Русия роҳ доданд


Муҳоҷирони тоҷик дар гузаргоҳи «Троитский»-и Челябинск
Муҳоҷирони тоҷик дар гузаргоҳи «Троитский»-и Челябинск

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гузаргоҳи "Троитский"-и шаҳри Челябинск, дар марзи Қазоқистон ва Русия дармонда буданд, баъди як ҳафта тавонистанд вориди Русия шаванд. Муҳоҷирон мегӯянд, аз 10 то 18-уми июл дар гузаргоҳ мунтазири вуруд ба Русия буданд ва дар ин муддат бештар занону кудакон азоб кашиданд.

Одил Сафаров, як ронанда 19-уми июл бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ гуфт, тоҷиконро аз шаҳрвандони дигар кишварҳо ҷудо карда, танҳо баъди тафтиши сахт ба Русия роҳ медиҳанд.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, кормандони гузаргоҳи "Троитский" сабаби ин ҳолатро занозании ду тоҷик дар назди гузаргоҳ гуфтаанд. Аммо муҳоҷирон ба ин бовар надоранд.

"Ҳар яки моро ба танҳоӣ мепурсиданд, аммо дар бораи ин занозанӣ чизе намегуфтанд. Пас аз санҷиши шиноснома ва суолу ҷавоб телефонҳоро тафтиш мекарданд, ки бо ягон нафари ришдор ё шахси шубҳанок робита дорем ё зери наворҳои видеоии гуруҳҳои тундрав лайк мондаем ё не,”-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани назари масъулини гузаргоҳи «Троитский» беш аз даҳ маротиба ба рақамҳои кории гузаргоҳ занг зад, вале масъулин ба зангҳои мо посух надоданд.

Одил Сафаров, ронандаи тоҷик мегӯяд, аз 60 мошини сабукрав ва панҷ автобуси шаҳрвандони Тоҷикистон бештарашон вориди Русия шудаанд. Ба гуфтаи Сафаров, 19-уми июл танҳо ду автобус ва панҷ мошини сабукрав дар гузаргоҳ ҳастанд.

Баъд аз 20-уми июни имсол шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи мушкил шудани вуруд ба Русия зиёд шудааст. Даҳҳо муҳоҷир шикоят кардаанд, ки онҳоро дар фурудгоҳҳои Русия ва ҳам гузаргоҳҳои заминии ин кишвар бо баҳонаҳои гуногун нигоҳ медоранд. Як қисми ин муҳоҷиронро аз фурудгоҳҳо дубора ба Тоҷикистон ихроҷ ё депорт мекунанд. Аз ҷумла рӯзи 8-уми июл 59 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи Шереметово ба шаҳри Бохтар бозпас фиристоданд.

Мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи сабабҳои пеш омадани вазъ расман чизе нагуфтанд.

XS
SM
MD
LG