Дар ин бора ҳарду сиёсатмадор дар шабакаҳои иҷтимоии худ хабар доданд. Зеленский навишт, ки бо Трамп сӯҳбат кард ва ӯро бо пешбарӣ шуданаш ба интихобот табрик намуд. «Ман сӯиқасд ба ҷонашро дар Пенсилвания маҳкум ва барояш қувват ва амнияти комил дар оянда таманно кардам», гуфт Зеленский.
Президенти Украина инчунин гуфт, ки дар ин сӯҳбат ба «ҳаётан муҳим будани дастгирии озодиву истиқлолияти Украина аз ҷониби ИМА дар сатҳи ҳарду ҳизби сиёсии ин кишвар ва ҳам ҳарду палатаи парлумон» таъкид кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки иқдомҳоеро, ки «барои амну босубот шудани сайёра равона шудаанд», дар мулоқоти рӯбарӯ баррасӣ хоҳанд кард.
Трамп сӯҳбат бо Зеленскийро «бисёр хуб» баҳо дод ва боз ҳам ваъда дод, ки агар президенти ояндаи ИМА шавад, «ба тамоми ҷаҳон сулҳ оварда ба ҷанг хотима мебахшад». Интихоботи президентии ИМА рӯзи 5 ноябр баргузор мешавад.