Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иномзодаро ба боздоштгоҳи "Тоштурма" интиқол доданд. Мақомоти Узбекистон парвандаро шарҳ намедиҳанд


Як қисми бинои зиндони "Тоштурма". Акс аз бойгонӣ
Як қисми бинои зиндони "Тоштурма". Акс аз бойгонӣ

Салимҷон Иномзода, сардабири боздоштшудаи саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» дар Фейсбук поёни ҳафтаи гузашта аз як боздоштгоҳи ВКД-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд  ба боздоштгоҳи "Тоштурма"-и воқеъ дар   ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд интиқол дода шудааст.

Дар ин бора рӯзи 23-юми июл манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд.

Дар ҳоле, ки мақомот то ҳол парвандаи Иномзодаро, ки аз рӯзи 5-уми июл дар ҳабс аст, расман шарҳ надодаанд, бар асоси як санади пулиси ноҳияи Мирзо Улуғбек, алайҳи Салим Иномзода бар асоси моддаи 244 иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз шудааст.

Ин банди қонун “истеҳсол, нигаҳдорӣ ва паҳн кардани маводи дорои хатар ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ”-ро пешбинӣ мекунад ва дар сурати гунаҳгор эълон шудани шахс, аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, интиқоли Иномзода ба боздоштгоҳи “Тоштурма”, ки дар фосилаи як соат роҳ аз шаҳри Тошканд ҷойгир аст, бо мақсади “комилан дар инзиво қарор додани ӯ мебошад”. Маълум нест дар ҷараёни бозпурсиҳо Иномзода чӣ гуфтааст ва оё ба вакили дифоъ дастрасӣ дорад ё на ва ҳам дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешавад.

Рӯзиев ва Иномзода рӯбарӯ карда шуданд

Вале ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, рӯзи шанбе, 20-уми июл мақомоти тафтишотӣ Иномзодаро бо Эркин Рӯзиев, муҳаррир (админ)-и гурӯҳи фейсбукии "Тоҷикони Узбекистон" рӯбарӯ кардаанд. Рӯбарӯкунӣ дар боздоштгоҳи ноҳияи Мирзо Улуғбек гузаштааст ва гуруҳи тафтишотӣ бо Иномзода дар бораи чӣ гуна роҳ ёфтани суруди Афзалшоҳ Шодиев дар бораи "Самарқанду Бухоро" ба саҳифаи фейсбукии "Тоҷикони Узбекистон" бозпурсӣ шудааст.

Салимҷон Иномзода
Салимҷон Иномзода

Яке аз дӯстони Эркин Рӯзиев, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 21-уми июл дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вақти бозпурсӣ вақте Салим Иномзода гуфтааст, ки Эркин ҳамагӣ се моҳ муҳаррир буд ва нашри тарона кори ӯ нест, назари муфаттишон тағйир ёфтааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт: «Муфаттишон суолҳои зиёд медоданд. Аз ҷумла яке аз суолҳое, ки ҷиддӣ пурсидаанд, ин буд ки мақсади дар саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» дубора нашр шудани таронаи Афзалшоҳ Шодиев чӣ буд ва суоли дигар ин буд, ки чӣ гуна маълумоти тафтишот дар радиои «Озодлик» нашр шудааст. Ҳарду гуфтаанд, ки аслан хабар надоранд», гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Бозпурсии дастикам ду нафари дигар

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи чӣ гуна гузаштани бозпурсиву ҷараёни рӯбарӯкуниҳо ва ҳам вазъи саломативу ҳолати рӯҳии Иномзода, ӯ гуфт, “муфаттишон бидуни зуроварӣ ва ё таҳдид суҳбат мекарданд” ва “Эркин дар чеҳраи Иномзода осори латту куб ё азиятро мушоҳида накардаст, вале то ҳол ба наздиконаш иҷозаи мулоқот бо хабарнигорро надодаанд”.

Ба иттилои ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, пас аз ин рӯбарӯкунӣ, Эркин Рузиевро иҷоза додаанд, аз Тошканд ба Бухоро баргардад.

Ба иттилои манобеи дигари Радиои Озодӣ, аз рӯи парвандаи боздошти Иномзода, ду муҳаррир (админ)-и дигари саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон», аз ҷумла Турдиқул Ҳазратов аз вилояти Сурхондарё ба бозпурсӣ даъват шудааст, вале ҷузъиёти бозпурсиҳои ӯ дастрас нест.

Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимолан Салим Иномзода дар охирҳои моҳи июн пас аз боз намудани саҳифаи дигар бо номи "Тоҷикони ҷаҳон" дар шабакаи Телеграм мавриди шубҳаи мақомоти Узбекистон қарор гирифт ва рӯзи 5 июл боздошт шуд.

Дар робита бо таронае, ки зоҳиран атрофи он иттиҳоми Иномзода сохта шудааст, муаллифи он - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев дар як сӯҳбати телефонии хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 15 июл изҳори таассуф кард ва умедворӣ намуд, ки базудӣ “мушкили ӯ осон шавад”.

Рӯзи 15 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ овозхони маъруф гуфт, дар бораи Самарқанду Бухоро таронаҳои зиёде сурудааст ва дар бораи он суруде гап меравад, ки оҳанги гиламандӣ барои бастани мактабҳои тоҷикӣ ва поин рафтани мавқеи забону фарҳанги тоҷикӣ байни тоҷикзабонони ду вилояти сераҳолии Узбекистон дорад. Зимнан, Афзалшо Шодиев дар ин сӯҳбаташ гуфт, ки худаш бемонеа ба тую маросими шаҳрвандони Узбекистон рафта меояд ва чанде пеш дар чорабинии давлатии ин кишвар ҳам иштирок кардааст.

Гуруҳи "Тоҷикони Узбекистон" як гурӯҳи фарҳангӣ дар Фейсбук аст ва асосан матолиби фарҳангӣ дар бораи тоҷикони Узбекистон ва ё робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон нашр мекунад. Тақрибан 15 ҳазор узв дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG