Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои падар барои никоҳи духтари ноболиғаш дар Панҷакент


Акс аз як намоишгоҳи СММ дар Бишкек оид ба мушкили издивоҷҳои бармаҳал. Соли 2012
Акс аз як намоишгоҳи СММ дар Бишкек оид ба мушкили издивоҷҳои бармаҳал. Соли 2012

Додгоҳи шаҳри Панҷакент як сокини ин шаҳрро барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо додааст.

Дар як баёнияи расмии додгоҳ аз рӯзи 23-уми июл гунаҳкорро Ҳ.С. ном бурда ва гуфтаанд, ки ӯ мухолиф ба қонунҳои Тоҷикистон, ки издивоҷро аз 18-солагӣ муқаррар кардааст, духтари худро бо никоҳи исломӣ ба шавҳар додааст, ки ҷиноят аст.

Дар Тоҷикистон танҳо истисноӣ ва бо иҷозаи додгоҳ ба афроди на камтар аз 17-сола ҳаққи издивоҷ медиҳанд. Ба қавли додгоҳ “Ҳ.С. бар хилофи талаботи қонун, дидаву дониста аз рӯи манфиатҳои шахсӣ духтари ба синни никоҳ нарасидаи худро ба шавҳар додааст, ки он ба озодӣ, баробарӣ ва инкишофи муътадили ҷисмонию маънавии духтар таъсири манфӣ дорад.”

Барои ин кор ба гуфтаи додгоҳ, гунаҳкорро бар асоси моддаи 168 Кодекси ҷиноӣ ҷазо додаанд, ки корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол, ё 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Додгоҳ назари маҳкумшуда ва ё вакили дифои ӯро дар баёнияи худ зикр накардааст.

XS
SM
MD
LG