Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомхатиб озод шуд, парвандаи ду намозгузор ба додгоҳ рафт


Масҷиди Хоҷа Муҳаммади Балодуркун дар деҳаи Рӯмон
Масҷиди Хоҷа Муҳаммади Балодуркун дар деҳаи Рӯмон

Додситони вилояти Суғд баъди чор моҳи воқеа, боздошт шудани имомхатиб ва ду намозгузори масҷиди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шарҳ дод. Радиои Озодӣ моҳи апрели имсол бо такя ба манбаъҳои хеш дар ин бора хабар дода буд ва акнун додситон ҳам тасдиқ кард, ки онҳо бо гумони узвият дар созмонҳои мамнӯи динӣ боздошт шудаанд. Мақомот имомхатибро раҳо карда, аммо парвандаи ду намозгузорро ба додгоҳ фиристодаанд.

Ихтиёрхӯҷа Камолов, имомхатиби ҳамакнун собиқи Масҷиди Хоҷа Муҳаммади Балодуркун баъди се моҳ аз боздошт раҳо шудааст. Ӯ ҳамроҳи Бахтиёр Акбаров, мутаваллӣ ё хидматгузори масҷид ва намозгузор Мирзобурҳон Салмонзода аввали моҳи апрел бо гумони узвият дар созмонҳои динии мамнӯъ дастгир шудаанд. Худи Камолзода аз замони раҳоияш то ҳол омода нашуд бо мо сӯҳбат кунад, вале додситонӣ озодии ӯро шарҳ дод.

Фурқат Хоҷазода
Фурқат Хоҷазода

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд 12-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, яке аз боздоштшудаҳо бар асоси қонуни афв озод шуд. Аммо Хоҷазода таъкид кард, ки “ӯ ҷиноятро пурра содир кардааст”.

Додситонии вилояти Суғд ҳамчунин гуфт, ки номбурдагон ба ифротгароӣ гумонбар ҳастанд.

“Нисбати муллоимом, муовин ва як нафари дигар, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди тафтиши пурра ва холисона барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди дахлдор ирсол карда шуд. Айни ҳол мурофиаи судӣ нисбати инҳо рафта истодааст,”-гуфт додситон.

Дар сурати тасдиқ шудани иттиҳом, бархе аз онҳоро аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад. Пайвандони онҳо аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ мекунанд.

Видеоро инҷо бинед:

Додситон боздошти имом дар Суғдро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Бино бар маълумоти дарёфтӣ, Ихтиёрхӯҷа Камолов 51 сол дошта, 5 сол ба ин сӯ имоми масҷид буд. Вай хатмкардаи Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ва ҳамзамон мутахассиси информатикаву фанновариҳои нав будааст. Бахтиёр Акбаров 34-сола буда, дар масҷид рӯзҳои ҷумъа хутбахонӣ ва ё ходимӣ мекардааст. Мирзобурҳон Салмонзода 24 сол дошта, ҷойи кор ё таҳсилаш ба мо маълум нашуд.

Рӯҳониёни тоҷик дар мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон
Рӯҳониёни тоҷик дар мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Боздошти онҳо баъди тақрибан як моҳи интиқоди Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рух дод, ки аввали моҳи марти имсол, ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баъзе имомхатибонро пайрави гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ номид, ки ба гуфтаи ӯ, дар байни намозгузорон ғояҳои ифротӣ паҳн мекунанд.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон аз равияи «Салафия» ва Гурӯҳи "Давлати исломӣ" чун созмонҳои террористии хатарнок барои амнияти давлат ва мафкураи ҷавонон ёдовар шуд. Ӯ инчунин гуфт, бо вуҷуди ин ки ин созмонҳо мамнӯъ мебошанд, аз соли 2015 то имрӯз зиёда аз 2300 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба «Салафия» гароидаанд ва дар байни онҳо имомхатибони бархе аз масҷидҳо ҳам мебошанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро дар кишвар манъ кард. Пас аз афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва инки аксари онҳо пайравони “Салафия” будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14-уми декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" номид.

XS
SM
MD
LG