Ин суҳбат ҳафтае пас аз даргузашти Муборакшо сабт шудааст. Ҳамкори мо Гулбаҳори Муродӣ талош кардааст, ба шунавандагон имкон диҳад, ки Муборакшоро аз чашми Далер Назаров бинанд.
Бисёр суҳбати дилнишин ва дилгудоз аст. Далер Назаров, ки зотан як инсони ростқавлу ростгӯй аст, чизҳоеро мегӯяд, ки на танҳо дар забон, балки дар дилашанд.
Мавзуъ ҳам мушкил аст. Шахсияти Муборакшо, овозхони нодир ва боистеъдоде, ки соли 2001 дар 40-солагӣ даргузашт. Замоне даргузашт, ки аз Далер ва дастаи мусиқии ӯ ҷудо шуда буд ва дар байни онҳо дурӣ афтода, сабаби овозаҳои гуногун ва ҳатто туҳматҳо гашта буд. Агар ин суҳбатро гӯш кунед, хоҳад дарёфт, ки асли гапҳо чӣ будааст.
Ин суҳбат ҳамчунин далели он аст, ки бойгонии Радиои Озодӣ на танҳо аз сабти барнома ва гузоришҳое иборат аст, ки пахш шудаанд, балки пур аз сабтҳои хомакист, манзур сабтҳое барои тамрин ё суҳбатҳои дарозе, ки барои барнома ё гузориш танҳо чанд ҷумлаи онҳо истифода шуда, бақияи он ё нукоти муҳимаш ба таври умумӣ аз ҷониби хабарнигор зикр гаштаанд.
Интихоби мо аз он ҷост, ки 19-уми август зодрӯзи Муборакшо буд ва 8 сентябр зодрӯзи Далер Назаров аст. Ба ҳарду ва ҳамаи мухлисони онҳо муборак бод.
Гуфтугӯ