Дар робита ба ин мавзӯъ ва омилу паёмадҳои тафаккури ба қавле духтарбезорӣ Радиои Озодӣ бо Шоҳсанам Қарабоева, коршиноси масоили занон суҳбат кард. Ин ҳамсуҳбати мо маъмулан бо занону духтарони ниёзманду озордида кумак мекунад. Дар ин миён ба ӯ заноне ҳам муроҷиаит мекардаанд, ки як сабаби хонавайронӣ ва азият диданашон надоштани писар будааст.
Радиои Озодӣ: Сабабӣ бартарӣ додан ба ҷинси фарзанд ё дуввумдараҷа ҳисобидани духтар чист?
Шоҳсанам Қарабоева: Вақте оила барпо мешавад, марду зан як фикр мекунанд, ки вақте мо фарзанддор шавем, фарзанди аввалини мо писар шавад. Ҳама дар ҳамин фикр аст. Ин якчанд омилҳо дорад. Яке аз омилҳои асосӣ надоштани саводӣ кофӣ аст. Онҳо фикр мекунанд, ки навиштану хонданро медонанд ва ҳамин барои мо савод аст, вале доир ба оилаву оиладорӣ ҳеч саводе надоранд. Ақидаҳои кӯҳна ҳаст, ки аз духтар ҳеч фоидае нест, ё моли мардум аст чӣ даркор. Хешу табор таъсири бад мерасонад. Вақте ки ӯ таваллуд мекунад, зану шавҳар зиндагии хуб доранд, лекин гирду атроф гуфтанд, ки эҳ меистӣ бо ҳамин занат, одамон якто не даҳто гирифтаанд, як писар кун, ки оянда барои ту меросхӯр бошад.
Радиои Озодӣ: Аз сӯҳбатҳо бо занон ва муроҷиатҳо ба паноҳгоҳҳои занон, ки шумо ҳам як муддат он ҷо кор кардаед, бигӯед, ки то куҷо чунин андешаронӣ ё бартаригузорӣ ба ҷинси тифл дар оилаҳо зиёданд?
Шоҳсанам Қарабоева: Онҳо як фикр доранд, ки якумашро писар таваллуд кунем, ки шавҳарамон хурсанд шавад. Зане буд, ки панҷ духтар дошт. Ту ҳар сол духтар таваллуд кардӣ гуфта, азоб медодааст. Ҳар соле, ки вай духтар таваллуд мекард, рӯз то рӯз зиндагиаш талх ва сиёҳтар шуда мерафт. Танҳо аз тарафи шавҳараш не, аз тарафи дигар аъзои оила. Ё ин ки агар берун меомад, боз духтар таваллуд кардӣ мегуфтанд. Ҳамин ҷумла бадтарин ҷумла барои вай буд. Ӯ фикр мекард, ки писар таваллуд мекунам, вале вақте панҷумашро таваллуд кард, ҷавобашро доданд. Духтарак ҳайрон монд, ба хонаи падар баргашт. Як духтари дигар дар паноҳгоҳи мо буд, ки чор духтар дошт, ки ҷавоби ӯро ҳам дода буданд.
Суҳбатро дар инҷо тамошо кунед:
Радиои Озодӣ: То кадом ҳад боварҳои қадима мисли онки духтар моли мардум аст, сабаби ин беадолатӣ нисбат ба зан мешавад?
Шоҳсанам Қарабоева: Ҳамин қолаб ё стереотипҳое, ки аз бобову бибиҳоямон омадааст, ки духтар моли мардум аст, духтар чӣ кор меояд, духтар меросхӯр нест, духтар дарди сар аст. Вақте, писар таваллуд шуд, “бача, бача таваллуд шудааст”, гуфта садои парастор ҳам баланд мешавад, аммо вақте духтар таваллуд шуд, э духтар таваллуд шудай. Ақидаҳои кӯҳнашуда то ҳозир омадааст. Мегӯянд, ки духтар санги фалахмон аст. Санги фалахмон, маъниаш ин ки сангро андохтӣ, куҷое, ки равад, духтар ҳамонҷо меравад, моли ҳамон мешавад. Вале писар бояд дар хона бошад. Ман ин ақидаро дигар карданӣ ҳастам. Ман мехоҳам, ки меросхӯр аввал духтар бошад, чунки мо духтаронамонро хонданӣ намемонем, кор кардан намемонем, дар оянда онҳо зиндагии сахт мебинанд. Писаронро мехононем, ҷой медиҳем, бо хона бо ҳама чиз таъмин мекунем, лекин духтаронамонро фикр намекунем. Ин ақидаҳоро шикастан лозим аст, ҳамин ақидаҳои кӯҳнашуда, ки бояд бигӯем, ки не духтар, моли мардум нест, духтарам фарзанди мо аст.
Радиои Озодӣ: Бо ба дунё омадани духтар дар баъзе оилаҳо, мисле ки ин мусоҳиби мо гуфт, ихтилофу ҷанҷолҳо сар мезанад. Дар таҷрибаи кори шумо ҳам буданд заноне, ки маҳз надоштани писар як сабаби пошхӯрии оилаашон шуда бошад?
Шоҳсанам Қарабоева: Ман шоҳиди як ҳолате будам, ки дар ҳамин табобатгоҳи вилоятӣ ҳама нигаҳ доштанд, ки як духтарак сиҳату саломат таваллуд кунад. Вақте ки парастор баромада гуфт, ки ҳадя диҳед, шумо соҳиби набера шудед, соҳиби фарзанд шудед, ҳадя диҳед. Вақте парастор гуфт, ки кӯдак духтар аст, шавҳари зан гуфт, ки шумо дидед, ҳақиқатан духтар аст, ӯ гуфт, ки бале духтар аст. “Духтар, ки бошад, ман сето...” гуфта, ҷавобашро дод. Вақте ки сето гуфт, падару модари худи ҳамон ҷавон буд, падару модари духтар буд, боз хешу таборҳои буданд. Вақте, ки инро гуфт, ман сухани модарашро шунидам, ки гуфт, ай писарам, чӣ кор кардӣ? Даҳонатро ҷамъ накардӣ гуфт ва рафт, ҳамон ҷавонро дошт ва дар пушташ задан гирифт. Вай гапи модарашро гӯш накарду баромада рафт. Модари ҷавон гиря кард ва ин чӣ шуд, ин чӣ сарсахтӣ гуфт. Хешу табори ҳамон духтару писар акнун намедонистанд, ки хурсандӣ кунанд ва ё гиря кунанд.
Радиои Озодӣ: Яъне мешавад гуфт, ки мардон бовар надоранд, ки як духтар ё зан наметавонад аз уҳдаи таъмини худ ё волидайни пир барояд?
Шоҳсанам Қарабоева: Албатта, албатта. Ман назорат карда истодаам, аз писарон дида духтарон нисбат ба падару модар дар пириашон дастгири онҳо шудаанд. Ҳаст духтароне, ки ба синни 40-50 расидаанд, модарашон бемор, падарашон бемор, онҳо ҳаёти худашон, хушбахтии худашонро фикр накарда, ба ҳамон падару модар ғамхорӣ мекунанд. Ба бардоштану гузоштани падару модар андармон шуда, синнашон аз 40 гузаштааст. Ман ҳолатеро якчанд бор шоҳид шудаам, ки ҷӯраҳо якҷоя шуда, “иии бо зани духтар тввалуд кард, ана зани ман бача таваллуд кард” гуфта, писарро масхара мекунанд, ки “ту суст будаӣ, писардор нашудаӣ, духтардор шудаӣ” ӯро шармсор мекунанд. Омада ҳама аламашро аз ҳамсараш мегирад. Мегӯяд, ки агар ин дафъа духтар таваллуд кардӣ ман бо ту зиндагӣ намекунам. Ту маро дар пеши рафиқонам ва ҷӯраҳоям шарманда кардӣ. Аммо ман оилаеро ҳам медонам, ки шаш духтар дорад ва ҳафтумашро ҳам духтар таваллуд кард. Вақте ки бо шавҳараш дар инҷо сӯҳбат кардам ва гуфтам, табрик шумо фарзанддор шудед, духтарак. Гуфт, ҳазор бор шукри Худо, духтаронамро умри дароз диҳад, тани сиҳат диҳад, хушбахтӣ бидиҳад. Як духтараш шавҳар кард, 6 духтари дигараш дар хона. Хушбахттарин оила ҳастанд, ҳамсарашро ягон гапи қабеҳ намезанад. Мегӯяд, ин насиби ман, духтар ҳам фарзанд аст барои ман.”
Радиои Озодӣ: Машварати шумо ба мардоне, ки ҳамсарро духтар зоидӣ гуфта таъна мекунанд, чист?
Шоҳсанам Қарабоева: Мо бояд падару модар фарзандонамонро нишаста фаҳмонем, ки духтар ҳам фарзанд аст, писар ҳам. Худо додааст ва ба Худо додаҳо мо набояд ситеза кунем. Президент дар баромадашон гуфтанд, ки бояд дар мактаб маърифати оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Ман ҳам пешниҳод дорам, ки дарсҳои маърифати оиладорӣ дар синфҳои болоӣ пурқувват карда шавад. Шахсоне дар он дарс гӯянд, ки маълумот дошта бошанд. Ё равоншинос бошад ё касе бошад, ки бо кӯдакон наздик бошад ва дарсҳо озод бошад. Бояд оиди ҳамин духтару писар фаҳмонда дода шавад. Духтур метавонад аз нигоҳи тиббӣ фаҳмонад. Онҳо фаҳманд, ки оилаву оиладорӣ осон нест. Мо туй мекунем, мехурем рақсу бозӣ мекунем фикр мекунем тамом. Ин вазнинтарин вазифа сари ҳар як ҷавон аст.