Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигар баҳс намемонад, ки замин аз кист." Изҳороти Тошиев дар бораи марз бо Тоҷикистон


Қамчибек Тошиев
Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлати амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, таъин ва аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист. Ин нуктаро Тошиев 13-уми октябр зимни ҳамоише дар вилояти Ботканди Қирғизистон баён кард.

Ин мақомдори баландпояи қирғиз бидуни овардани ҷузъиёти бештар танҳо афзуд, “агар Худо насиб карда бошад, вақтҳои наздик мо дар ниҳоят масъалаи марзро бо ҳамсояҳо ҳал мекунем. Дигар ин номуайянӣ намемонад, ки замин аз кист. Ҳама чиз дар чаҳорчӯби қонун ҳал мешавад. Ин имкон медиҳад, ки заминамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем, ин ҳам дастоварди мост,”-гуфт Тошиев.

Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳар моҳ вохӯрда, аломатгузории марзро баҳс мекунанд. Аммо натиҷаҳои ин музокирот аз чашми ҷомеа пӯшида мемонад ва ду тараф ҳеч шарҳе намедиҳанд.

Тибқи охирин хабарҳои расмӣ, 94 дарсади хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуда, гуфтугӯҳо бар сари минтаҳои боқимонда идома дорад. Мушаххас нест, маконҳое, ки аниқ нашудаанд, дар кадом қисмати марз ҷойгиранд. Бархе манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло марҳилаи таъйини мақоми қитъаҳои бисёр "ҳассос"-и марз, зоҳиран аҳолинишин ҷараён дорад.

Мақомоти Қирғизистон, аз ҷумла раиси ҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов чанд маротиба барои поёни гуфтугуҳои марз бо Тоҷикистон муҳлат таъин карданд. Аммо бо поёни ин муҳлат ҳанӯз ҳам масъала ниҳоӣ нашудааст.

Номуайян мондани хати сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шудааст ва аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва мардуми ду тараф баръакси солҳои пешин дигар тиҷорату равуо надоранд.

XS
SM
MD
LG