Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наворҳои ҷанги Чеченистон сабаби ихроҷи муҳоҷири тоҷик шудаанд 


Ҷангиён дар Чеченистон аз бомбборон фирор мекунанд. Моҳи январи соли 1995
Ҷангиён дар Чеченистон аз бомбборон фирор мекунанд. Моҳи январи соли 1995

Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ӯро ба гуноҳи тамошои видеоҳои ҷанги Чеченистон дар телефонаш, охири моҳи сентябр аз Русия ихроҷ карданд.

Дар ҳоле ки ҳамсуҳбати мо мегӯяд, вай ин телефонро як сол пеш аз каси дигар харидааст ва чунин наворҳоро надидааст. Кормандони амниятӣ дар Фурудгоҳи Внуковои Маскав ин наворҳоро, ки дар онҳо ҷудоихоҳони чечен дар яке аз саҳнаҳои ҷанги солҳои 1990 пирӯз шудаанд, нишонаи русбадбинӣ шумурдаанд.

Фарҳод (ном дигаршуда) мегӯяд, ҳаққи қонунии истиқомату кор (ВНЖ) дар Русия дошт, вале исбот карда натавонист, ки наворҳоро соҳиби пешинаи телефон дидааст, на ӯ. Вай ҳамчунин гуфт, наздик ба 180 муҳоҷири тоҷикро дар фурудгоҳ нигоҳ дошта, бозпурсӣ карданд ва аз ин миён даҳҳо нафар, шахсонеро, ки бори аввал ба Русия сафар кардаанд ё телефон надоштанд, ба Тоҷикистон баргардондаанд.

Ба гуфтаи Фарҳод, ки достони худро ба тарҳи Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ нақл кард, муҳри сафар ба Туркия ё ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ низ сабаби берун кардани муҳоҷирон аз Русия шудааст.

Дидани наворҳои “Леча Дудаев”, “ҳуҷуми танкӣ ба Грозний зада гардонда шуд”, “Рустам Чахкиев, қаҳрамони Ичкерия” ва “демократҳои рус дар бораи Чеченистон”, ба гуфтаи муҳоҷири тоҷик Фарҳод, сабаби депорташ аз Русия дар фурудгоҳи Внуково шудааст. Вале ӯ мегӯяд, дар ёд надорад, ки ин видеоҳоро дида бошад.

Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, “ин видеоҳоро ман тамошо накардаам. Аммо маро ба ҳамин баҳона, ки наворҳоро тамошо кардӣ, гуфта, гардонданд. Ман ёд надорам.”

Сухан аз ҷанги солҳои 1990-2000-и Русия зидди ҷудоихоҳони чечен меравад. Он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, вақте оғоз шуд, ки Чеченистон ба номи Ичкерия хостори ҷудоӣ аз Русия шуд ва қаҳрамони мо гӯё, ки наворҳои ҳамин низоъҳои мусаллаҳонар тамошо кардааст.

Навор дар Инстаграм:

Фарҳод, ки чанд сол боз дар Русия кор ва зиндагӣ мекардааст, моҳи июни имсол пас аз шикастани пояш барои табобат ба Тоҷикистон меояд. Охири моҳи сентябр пас аз дармон ёфтан аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуковои Маскав парвоз мекунад. Ҳарчанд, мегӯяд ӯ, хабар дошт, ки “вазъ дар Русия хуб нест”, аммо дилпур буд, ки ҳаққи зиндагӣ дар Русия дорад ва ҳуҷҷатҳояш ҳам дурустанд.

“Дар ҷои назорати шиноснома пурсиданд, ки чаро ба шаҳрвандӣ насупоридед? Ман ҳаққи зиндагӣ дар Русия доштам. Гуфтам, ки хайр, вақт набуд. Баъди ин гуфтанд, ба пурсуҷӯи иловагӣ бурданд ва тафтишу саволу ҷавоб сар шуд. Телефонро гирифтанд, рамзашро мекушоӣ, мегиранд, мекобанд. Дар Ютуб саҳифа дорӣ, ҳамаро худашон нигоҳ мекунанд, ин қадар нигоҳ мекунанд, ки аз ҳамон ягон чиз ёбанд, ягон айб. Ба ҳар баҳона мақсад, бигардонем.”

Пеш аз ин ҳам муҳоҷирон ба Мигрант Медиа гуфтаанд, ки пас аз воқеаи ҳамла ба толори “Крокус”, телефон барояшон мушкиловар шуд. Акнун онҳоро дар ҳама ҷо нирӯҳои амниятии Русия тафтиш мекунанд. Агар хотираи телефони худро пок карда бошанд, телефони нав ё кӯҳна дошта бошанд, ҳаматарафа тафтиш карда мешаванд. Фарҳод мегӯяд, аз гумрук то ба ФСБ ё Хадамоти амнияти федералӣ ва дигар нирӯҳои амниятии Русия ба саратон мерезанду ба пурсуҷӯву истинтоқи муҳоҷирон медароянд ва ба онҳо дуруштӣ мекунанд.

“Вақте ягон чиз аз телефон меёфтанд, кормандони ФСБ сахт гап мезанад, якбора, “чаро русҳоро нағз намебинӣ? Мехоҳӣ русҳоро кушӣ”, - ҳамин хелин дағалона рафтор карданд. Ман гуфтам, ки ман ягон муносибати бад надорам ба шумо. Мумкин ман ҳеҷ чизро тамошо кардагӣ нестам, худам намедонам. Чӣ хел намедонӣ буданд! Ба хона, хайр.”

Фарҳод соли 2019 пас аз рӯбарӯ шудан ба мушкили иқтисодӣ роҳи муҳоҷиратро ба Русия пеш гирифтааст. Ба гуфтаи худаш, дар ватан аз бонк қарздор шуд ва агар пулро барнамегардонд, бонк хонаро мегирифт. Қаҳрамони гузориши мо дар Русия дар сохтмон кор мекард ва ба гуфтаи худаш моҳона то 100 ҳазор рубл пай мекард. Мегӯяд, “дар панҷ сол ягон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ надоштам.”

Фарҳод акнун дар яке аз фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон чун посбон кор мекунад, се фарзанд дорад. Мегӯяд, 2100 сомонӣ музде, ки ин ҷо мегирад намешавад харҷи оиларо пӯшонд ва агар вазъ ором шавад, ба Русия сафар хоҳад кард.

Вазорати корҳои дохилии Русия аз афзоиши шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз ин кишвар ихроҷ шудаанд, дар ҳафт моҳи соли 2024 хабар дод. Аз рӯи гузориши ин ниҳод наздик ба 65 ҳазор хориҷӣ, ки қонуншиканӣ кардаанд, аз Русия ихроҷ карда шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон 17 ҳазори инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Ҳарчанд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо рейду тафтишҳои пайдарпай, азобу таҳқир, саркӯбу бадрафторӣ, боздошт ва депорти нирӯҳои амниятии Русия ҳамарӯза дучор мешаванд, боз ҳам ба сӯи Русия раҳсипоранд.

XS
SM
MD
LG