Ӯ аз соли 1977 то 1981 президенти Амрико аз Ҳизби демократ буд. Буҳрони гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон ва буҳрони сӯзишворӣ дар Иёлоти Муттаҳида боис ба шикасти сахти ӯ дар интихоботи баъдӣ шуд.
Бо ин ҳол, Ҷимми Картер фаъолияти худро дар бахши ҳуқуқи башар ва муҳити зист идома дод. Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерс", даврони пас аз президентии ӯ маҳбубтар аз замони зимомдориаш шуд.
Картер дар соли 2002 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд ва Кумитаи сулҳи Нобел аз ӯ ба далели "талошҳои хастанопазираш барои ёфтани роҳи ҳалҳои сулҳомез дар даргириҳои байнулмилалӣ" ситоиш кард.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, даргузашти Ҷимми Картерро таслият гуфт ва эълон кард, ки дастури баргузории маросими ёдбуди ӯро содир кардааст. Вай аз президенти пешин "марде дорои усул, имон ва фурӯтанӣ ёд кард".
Шуморе аз раҳбарони кишварҳои мухталиф бо нашри паёмҳои ҳамдардӣ, аз корномаи Ҷимми Картер дар заминаи сулҳи ҷаҳонӣ, ҳуқуқи башар ва муҳити зист қадрдонӣ кардаанд.
Дар Амрико низ раиси ҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп ва президентҳои пешин Барак Обама ва Билл Клинтон паёмҳои ҳамдардӣ нашр карданд.
Зиндагиномаи Ҷимми Картер
Ҷимми Картер дар моҳи октябри соли 1924 дар хонаводаи кишоварз дар аёлати Ҷорҷия ба дунё омад. Ӯ таҳсилкардаи Донишгоҳи нерӯҳои баҳрии Амрико буд ва пас аз марги падараш шуғли кишоварзии ӯро давом дод.
Картер ба муддати чаҳор сол ҳокими Ҷорҷия буд ва дар соли 1977 барандаи интихоботи президентии Амрико шуд ва ба Кохи Сафед роҳ ёфт. Бо ин ҳол, давраи президентии ӯ бо буҳронҳое ба монанди гаравгонгирӣ, рукуди иқтисодӣ ва масъалаи маводи сӯхт дар Амрико ҳамроҳ буд ва дар интихоботи баъдӣ аз Роналд Рейган шикаст хӯрд.
Ҷимми Картер дар замони кораш ба чанд созиши муҳими байнулмилалӣ даст ёфт. Имзои созишноми "Камп Дейвид", ки дар соли 1979 бо миёнаравии Ҷимми Картер байни Миср ва Исроил имзо шуд, яке аз рухдодҳои муҳими даврони зимомдории ӯ буд. Ин созишнома дар Ховари Миёна мухолифони худро дошт.
Дар замонии раҳбарии Картер, Амрико идоракунии канали Панамаро ба ихтиёри давлати ҳамномаш Панама гузошт. Имзои созишнома бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи маҳдуд кардани мусаллаҳшавии стратегӣ аз комёбиҳои дигар Ҷимми Картер гуфта мешавад.
Ҷимми Картер пас аз поёни давраи президентиаш бо таъсиси "Фонди Картер" ба фаъолиятҳои худ дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқи башар пардохт.