Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аҳволи рубобсозону рубобнавозонро бад кардаанд


Рубоби афғонӣ, ки аз рубобҳои тоҷикӣ тафовут дорад.
Рубоби афғонӣ, ки аз рубобҳои тоҷикӣ тафовут дорад.

Дар Афғонистон сарнавишти ояндаи як ҳунари нодир таҳти хатар мондааст ва он ҳам ҳунари рубобтарошиву рубобнавозӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам зиёд дида мешавад.

Азбаски Толибон сурудану навозандагиро дар Афғонистон манъ кардаанд, талабот ба рубоб кам шудааст, вале онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, аз ин кор даст намекашанд ва садои зебои торҳои ин соз ҳам ҳеч гоҳ фӯру нахоҳад нишаст.

Рубоб бо ташаббуси Тоҷикистону Узбекистон ва Афғонистону Эрон моҳи декабр ба феҳрасти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал ворид шуд. Вале Толибон дар Афғонистон зиндагиро барои ҳунармандону рубобтарошони кишвар сахт кардаанд, чун талабот ба рубоб кам шудааст.

Сахӣ, номи мустаори як рубобтарош аст, ки ба сабаби тарс аз Толибон намехоҳад номи воқеиаш бурда шавад. Ӯ дар суҳбат ба хабаргузории “Франс Пресс” чунин мегӯяд: “Омор надорам, аниқ намефаҳмам, вале омори фурӯши мо то замоне, ки Толибон омаданд, бештар буд. Барои чӣ, барои онки мардуми мусиқинавози Афғонистон ҳама рафтанд, чӣ аз Кобул, чӣ аз кишвар, ҳама рафтанд. Рубоб, як рафиқ ҳам ҳаст, ин ҳамсӯҳбат ҳаст, ин бо шумо гап мезанад, бо шумо сӯҳбат мекунад. Қисса кунед, дарди дил кунед.”

Рубоб дар феҳрасти фарҳангии ЮНЕСКО
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Сахӣ даҳсолаҳо боз моҳе ду рубоб месозад, бо вуҷуди онки Толибон аз онҳо хостаанд, ин корро бас кунанд. Саҳнаҳои рубобшикании Толибон ҳам зиёд дар Интернет нашр шудааст. Барои Сахӣ нигаҳ доштани ҳунараш аз ду ҷиҳат муҳим будааст: “Ду чиз барои ман хеле арзиш дорад. Аввал арзишаш барои ман ин аст, ки аз тариқи ин битавонам, имрори маош кунам, ғайр аз ин 99.9 дар сади арзиши ин барои ман арзиши фарҳангӣ мероси фарҳангии он аст. Бояд ин мерос нобуд нашавад.”

Баъди расидан ба қудрат дар соли 2021 Толибон сарояндагӣ дар толору ресторанҳо ва пахши мусиқӣ дар телевизионро манъ карданд, чун ба қавли онҳо ғайриисломист ва ҷомеаро фосид мекунад. Гулоғо, рубобнавози ҳаваскор аст, шоҳиди шикастани рубобҳо ҳам шудааст. Сози мусиқие, ки садояш аз ҳазорсолаҳо то кунун танин меандозад. Мегӯяд, ифтихор мекунад, ки рубоб шомили феҳрасти ЮНЕСКО шуд: “Ман воқеан эҳсоси ифтихор ва ғурур кардам, ки мо созе дар Афғонистон дорем, ки ин сабти феҳрасти ЮНЕСКО шудааст.”

Бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон, ки мусиқиро ҳаром эълон кардаанд, Гулоғо мегӯяд, ҳифзи ин сози мусиқиро барои худ қарз мешуморад: “Танҳо чизе, ки моро водор мекунад, бояд рубобро идома бидиҳем, дайн аст, дайни мо ба ватан аст. Мо набояд бигзорем, ки фаромӯш шавад, ҳунарҳои мо. Ва ин вазифаи мо ҳаст, ки мо битавонем, сози маҳаллии худамонро ҳамон тавре, ки бузургон ба мо мерос гузоштанд, мо ҳам битавонем ба наслҳои оянда мерос бигузорем.”

Толибон рубоби 35-солаи Маҷидро як бор шикастанд, вале худаш таъмир кард. Номи ӯ ҳам пинҳон дошта доштааст. Маҷид, ки рубобнавози касбист мегӯяд, ҳеч касе дар Афғонистон наметавонад, рубобсозӣ ва рубобнавозиро аз байн бубарад.

Маҷид, рубобнавоз: “Ҳамин рубобакро, то ки умрам ҳаст, нигоҳ мекунам. Агар фарзандонам нигоҳ карданд, хонаашон обод, агар фурӯхтанд, ҳам хонаашон обод. Барои онки фарҳанги рубоб, ки ҳаст гум намешавад, агар инҷо навохта нашавад, дар Покистон ҳунармандоне, ки ҳаст менавозанд. Дар хориҷ ҳаст, дар Конодо ҳаст, дар Амрико ҳаст, дар ҳамаҷо ҳаст. Ин мусиқӣ аст, мусиқӣ гум намешавад. Мегӯянд, Худо мурдаро бе гиря, тӯйхонаро бе соз накунад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG