Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши раҳбарони ҷаҳон ба бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед


Доналд Трамп бо муовинаш Ҷей Ди Вэнс
Доналд Трамп бо муовинаш Ҷей Ди Вэнс

Раҳбарони кишварҳои мухталиф оғози президентии Доналд Трампро дар Иёлати Муттаҳидаи Амрико ба ӯ табрик гуфтанд. Маросими савгандёдкунии Трамп ба унвони 47-умин раисҷумҳури Амрико рӯзи 20-уми январ дар Конгресс баргузор шуд. Ӯ баъди чаҳор сол танаффус давраи дувуми президентияшро шурӯъ кард.

Доналд Трампи 78-сола дар суханоне пас аз маросими савгандёдкунӣ аз "оғози асри тилоии Амрико" сухан гуфт ва афзуд, "иҷоза нахоҳем дод, ки аз мо суистифода шавад".

Аз Украина то Ховари Миёна

Билофосила, пас аз маросими савгандёдкунӣ, сели паёмҳои табрикии раҳбарони ҷаҳон нашр шуд ва мақомҳои баландпояи кишварҳои гуногун зимни таъкид бар равобити дуҷониба, ба масъалаҳое, чун поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ва барқарории субот дар Ховари Миёна ишора карданд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар паёми худ аз Доналд Трамп ба унвони раҳбари "сахтирода" ёд кард ва гуфт, сиёсати ӯ барои барқарории сулҳ фурсате барои тақвияти раҳбарии Амрико ва даст ёфтан ба як сулҳи дарозмуддат ва одилона аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, низ бо ишора ба изҳороти Доналд Трамп дар бораи поён додан ба ҷанги Русия алайҳи Украина гуфт, кишвараш омода аст, ҳар талоши заруриро барои ҳалли зудтари ин низоъ анҷом диҳад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, бо ишора ба талошҳои Доналд Трамп барои озодии гаравгонҳои исроилӣ дар Ғазза гуфт, омодаи ҳамкорӣ бо ӯ "барои баргардондани гаравгонҳои боқимонда, нобудии тавоноиҳои "Ҳамос" ва поён додан ба ҳокимияти "Ҳамос" дар Ғазза" аст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, сарвазирони Итолиё, Бритониё ва садри аъзами Олмон аз робитаҳои ҳозира байни кишварҳои худ бо Амрико ситоиш карда, хостори ҳифзи робитаҳои мустаҳками Вашингтон бо Иттиҳоди Аврупо шуданд.

Чанд соат пеш аз савгандёдкунии Доналд Трамп, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, бо интиқод аз сиёсатҳои Ҷо Байден, ибрози умедворӣ кард, ки ҳукумати нави Амрико дар баробари Теҳрон сиёсатҳои "воқеъгароёна ва бар асоси ҳуқуқи байнулмилалӣ" дар пеш бигирад.

Гурӯҳи "Ҳамос" низ, ки Амрико онро созмони террористӣ мешиносад, нисбат ба бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед вокуниш нишон дод. Сомӣ Абу Заҳра, аз мақомҳои баландпояи "Ҳамос", бо ибрози шодмонӣ аз поён ёфтани "даврони торик"-и президентии Ҷо Байден, ки "пеш аз ҳама кас, ба худи Амрико осеб расонд", гуфт, "умедворем Трамп битавонад сиёсатҳои худро бар пояҳои баробарӣ асос гузорад ва роҳро дар баробари шароратхоҳиҳои Нетаняҳу бибандад".

Ҳамчунин Аҳмад Шаръ, раҳбари шӯришиёне, ки бо сарнагунии Башор Асад, ҳукумати Сурияро дар даст гирифтанд, низ бо нашри паёме Доналд Трампро табрик гуфт. Аҳмад Шаръ дар ин паём афзуд, ки интихоби Доналд Трамп ба унвони президенти Амрико "нишонаи боварии мардуми Амрико ба раҳбарии ӯст".

Ӯ ҳамчунин дар ин паём ибрози боварӣ кардааст, ки Доналд Трамп "сулҳро ба Ховари Миёна бозмегардонад" ва "мо муштоқона мунтазири беҳбуди робитаҳои ду кишвар бар асоси гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳастем".

Ҳамсояҳо чӣ гуфтанд?

Аз сӯи дигар, раисҷумҳури Панама суханони Доналд Трампро, ки гуфт, канали Панама дар ихтиёри ин кишвар боқӣ хоҳад монд, ба боди интиқод кашид ва гуфт, "ҳеч кишвар ҳаққи дахолат дар ин мавзуъро надорад". Президенти Панама андаке пас аз суханронии Трамп дар баёнияе навишт, "Канали Панама барои панамаиҳо буда, ҳаст ва хоҳад монд".

Доналд Трамп рӯзи душанбе дар маросими савгандёдкунии худ бори дигар хостори бозгашти моликияти ин канал ба Амрико шуд ва гуфт, "Чин дар канали Панама фаъол аст, мо ин каналро ба Чин надодем, ба Панама додем ва ҳоло ҳам онро пас мегирем".

Ҳамсоягон ва кишварҳои наздик ба Амрико низ паёмҳои мухталифе дар бораи оғози кори ҳукумати нави ИМА нашр карданд. Президенти Бразилия аз робитаҳои мустаҳками кишвараш бо Амрико дар заминаҳои гуногун ситоиш кард.

Нахусвазири Канада зимни табрик ба Доналд Трамп, ёдовар шуд, ки ду кишвар "муваффақтарин шарикии иқтисодиро дар ҷаҳон доранд" ва "мо фурсати ҳамкории дубора бо якдигарро дорем".

Доналд Трамп пеш аз ин Канадаро таҳдид карда буд, ки агар сиёсатҳои сахтгиронае дар назорати марзҳои муштарак ва ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир ба Амрико дар пеш нагирад, таърифаҳои вазнине бар колоҳои воридотӣ аз он кишвар ҷорӣ хоҳад кард.

Президенти Куба низ аз Доналд Трамп бинобар бозгардондани номи ин кишвар ба феҳристи давлатҳои пуштибони терроризм ба шиддат интиқод кард ва онро "бетаваҷҷуҳӣ ба ҳақиқат" хонд. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, таҳримҳои ҳукумати қаблии Доналд Трамп алайҳи ин кишвар боис ба "камбуди коло" ва "ҳамчунин муҳоҷирати кубаиҳо ба Амрико шуд".

Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо шиорҳое монанди "Пеш аз ҳама, Амрико" ва "Азаматро ба Амрико баргардонед", барои дувумин бор дар интихоботи президентӣ ширкат кард. Рақиби аслии ӯ дар интихоботи моҳи ноябри соли 2024, Камала Ҳаррис аз Ҳизби демократ буд.

XS
SM
MD
LG