Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қанди порсӣ"-ро имсол ба чаҳор нафар аз Ҳинду Эрону Афғонистон доданд


"Қанди порсӣ"-ро ба чаҳор нафар аз Ҳинду Эрону Афғонистон доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

"Қанди порсӣ"-ро ба чаҳор нафар аз Ҳинду Эрону Афғонистон доданд

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” имсол ба ду пажӯҳишгар ва устоди забони форсӣ, профессор Ахлоқи Оҳан аз Ҳинд ва  доктор Алиризои Қиёматӣ аз Эрон эъто шуд.

«Қанди порсӣ» соли гузашта ба Гулрухсори Сафӣ шоири саршинос аз Тоҷикистон ва Аминаи Шарофиддин фаъоли тоҷик аз Самарқанд ва ба рузноманигор Дориюши Раҷабиён тақдим шуда буд.

Карими Карим, раиси Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоиза дар даҳумин ҳамоиши аҳли фарҳангу ҳунари форсизабонон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ, 16-уми феврал дар донишгоҳи Вестминистери Бритониё эъто шуд.

Карими Карим гуфт, доктор Ахлоқи Оҳан устоди донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неру аз Ҳиндустон беш аз 30 китоб барои омӯзишу густариши забони форсӣ ба забонҳои ҳиндӣ урду ва англисӣ навиштааст. Доктор Алиризои Қиёматӣ устоди донишгоҳи Машҳад шоҳномашинос ва муҳаққиқи забони порсӣ низ заҳмати зиёде барои забони форсӣ кашидааст. Ҷоизаи сеюмро ба ду ҳунарманди пурталош бародарон Тоҳир ва Сиддиқи Шабоб аз Афғонистон додаанд.

Эҳсони Зарвон, рӯзноманигор ва шоири тоҷики муқими Ландан ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамоиш пешниҳод кардааст, ки дар сохтори Конуни порсизабонон як Бунёди ҳамбастагии ҳунармандони форсизабон таъсис дода шавад.

Ба назари ӯ, ҳунармандон овозхонҳо нақши муҳиме дар густариши забони форсӣ ва ваҳдати мардумони форсизабон доштаанд ва дар ҷаҳони имрӯз бо назардошти имконоти фановариҳои ҷадиду пешрафтаи нашри иттилоот, метавонанд нақши барҷастаеро ифо кунанд.

Наҷиба Касроӣ, корманди собиқи Радиои Озодӣ ва Би Би Си дар ин ҳамоиш дар бораи тарҷума ва нашри «Шоҳнома» ба забони пашту дар Афғонистон сухан кард. Ҳамоишҳои Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон даҳ сол аст, дар Ландан баргузор мешавад ва ҷоизаи он 500 фунт стерлинг, муодили 630 доллар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG