Ин баёнияи Абдулло Оҷалон бахше аз талошҳои нав барои поён додан ба чаҳор даҳа ҷанг дар Туркия аст, ки ҳудуди 40 ҳазор кушта ба ҷой гузоштааст.
Абдуллоҳ Оҷалон дар паёме аз зиндон дар ҷазирае дар наздикии Истанбул эълон кард, ки Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) бояд нишасте баргузор кунад ва пароканда шавад.
Ӯ дар паёме худ, ки аз сӯи сиёсатмадорони ҳизби тарафдори курдҳо ба забонҳои курдӣ ва туркӣ хонда шуд, гуфт, "нишасти худро баргузор кунед ва тасмим бигиред. Ҳама гурӯҳҳо бояд силоҳҳояшонро замин бигузоранд ва PKK бояд худро пароканда кунад".
Ин сиёсатмадорон ҳамон рӯз Абдулло Оҷалонро мулоқот карда буданд.
Ин эъломияи таърихии Оҷалон бахше аз талошҳои нав барои сулҳ байни ин гурӯҳ ва ҳукумати Туркия аст, ки дар моҳи октябр тавассути Давлат Боғчали, шарики эътилофи раисҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон оғоз шуд.
Ин сиёсатмадори ростгаро пешниҳод додааст, ки агар Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) хушунатро канор бигузорад ва пароканда шавад, Оҷалон метавонад шомили афви шартӣ, қарор бигирад.
Дар шаҳрҳои асосан курднишини Диёрбакр ва Вон дар ҷануб-шарқи Туркия, мардум барои тамошои эъломия дар экранҳои калоне, ки дар маконҳои умумӣ насб шуда буданд, гирдиҳам омаданд.
Оҷалон дар паёми худ ба сабабҳои муборизаи мусаллаҳонаи Ҳизби коргарони Курдистон (PKK), аз ҷумла ба худдории ҳукумат аз ба расмият шинохтани ҳувияти курдҳо, ишора кард.
Ӯ дар паёми худ гуфт, "ҳеҷ ҷойгузине барои демократия барои бунёди як низоми сиёсӣ вуҷуд надорад.".
Оҷалони 75-сола аз соли 1999 ба иттиҳоми "хиёнат" дар яке аз ҷазираҳои наздикии Истанбул, зиндонӣ аст.
Ҳарчанд ӯ дар зиндон аст, аммо ҳамчунин аз нуфузи қобили таваҷҷуҳе дар Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) бархӯрдор мебошад.
Интизор меравад, ки раҳбарони ин гурӯҳ аз ҳар гуна дархости ӯ пайравӣ кунанд. Агарчӣ таҳлилгарон мегӯянд, бархе ҷиноҳҳо мумкин аст муқовимат нишон диҳанд.
Ҳукумати Эрдуғон ҳанӯз вокунише ба ин эъломия нишон надодааст.
Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) дар соли 1978 аз тарафи Абдулло Оҷалон таъсис шуд. Ин гурӯҳ дар соли 1984 шӯришеро дар шарқи Туркия раҳбарӣ кард.
Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) аз сӯи Туркия ва муттаҳидони ғарбиаш ҳамчун созмони террористӣ шинохта мешавад.
Талошҳои қаблӣ барои сулҳ бо Ҳизби коргарони Курдистон (PKK)бо шикаст рӯбарӯ шудааст, ки охирин маврид дар соли 2015 буд.
Гуфтугӯ