Дар мусоҳибае бо телевизиони Фокс Нюс, ки рӯзи 6-уми март сабт кардааст, Доналд Трамп гуфт, ки номаро «дирӯз” фиристодаанд. Доналд Трамп афзуд: “Ман ба онҳо нома навишта, гуфтам, ки умедворам шумо музокира мекунед, зеро агар мо аз роҳи низомӣ биравем, як чизи баде хоҳад шуд.”
Порчаҳое аз мусоҳибаро рӯзи 7-уми март нашр карданд, вале Фокс Нюс гуфт, ки мусоҳибаи комил бо раиси ҷумҳур рӯзи 9-уми март пахш мешавад. Доналд Трамп дар идомаи сӯҳбат гуфт:”Ман ба созиш бартарӣ медиҳам ва бовар дорам, ки ҳама бо ин назари ман мувофиқанд. Мо метавонем, созишеро ба дасти биёрем, ки айни он бошад, ки шумо аз назари низомӣ пирӯзӣ ба даст овардед. Вақташ расидааст, вақташ меояд. Як чизе аз як роҳ, ё роҳи дигаре иттифоқ меафтад.”
Доналд Трамп рӯзи 7-уми март дар Кохи Сафед дигарбора изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик дар бораи барномаҳои атомии Эрон ба созише даст ёбанд. Ӯ гуфт: “Мо наметавонем, ба онҳо иҷоза диҳем, ки силоҳи атомӣ дошта бошанд. Як иттифоқе ба зудӣ сурат мегирад.” Доналд Трамп афзуд, “умедворем созиши сулҳе ба даст меорем”, ки инҷо зоҳиран манзури ӯ ҳалли сулҳомези парвандаи атомии Эрон аст.
Доналд Трамп дар даври аввали раёсати ҷумҳуриаш Амрикоро аз созиши таърихии атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон берун кард ва дигарбора, таҳримоти иқтисодӣ ба зидди ин кишварро баргардонд. Созиши мазкурро соли 2015 имзо карда буданд.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ моҳи гузашта гуфт, ки мухолифи музокироти мустақим бо Трамп аст ва набояд ба ӯ бовар кард, чун Амрикоро аз созиши атомӣ берун кардааст. Соли 2018 баъди лағви созиш Доналд Трамп пешниҳоди Шинзо Абе, нахуствазири собиқи Ҷопонро барои миёнҷигарӣ байни Амрикову Эрон пазируфт ва аз ӯ хост, номаеро ба Хоманаӣ бирасонад. Раҳбари Эрон номаро рад кард гуфт, ки “арзандаи посух додан нест.”
Баъди бозгашт ба қудрат дар моҳи январ, Доналд Трамп дигарбора “фишори ҳадди аксар” ба зидди Эронро пеш гирифт, ки дар даври аввали президентиаш оғоз карда буд. Ҳадафи он то ба сифр расонидани фӯруши нафти Эрон дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Ба қавли иқтисоддонҳо, Амрико қудрати ба тамом қатъ кардани маҷрои нафти Эрон ба бозорҳои ҷаҳониро надорад, аммо метавонад, содироти онро бисёр кам кунад.
Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар сӯҳбате ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, барномаҳои атомии Эронро аз роҳи иқдомоти низомӣ “маҳв кардан имконнопазир аст” ва афзудааст, то замоне, ки сиёсати “фишори ҳадди аксар” ба зидди Эрон вуҷуд дорад, музокира бо Трамп аз эҳтимол дур аст.
Баъди хориҷ шудани Амрико аз созиши атомии соли 2015 Эрон барномаҳои атомиашро суръат бахшид ва ҳоло ураниуми то 60 дарсии ғализ тавлид мекунад. Ба қавли мутахассисон, Эрон барои истеҳсоли ураниуми то 90 дарсадии лозим барои сохти бомби атомӣ як қадам дуртар аст.
Теҳрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд ва бомби атомӣ сохтанӣ нест, вале Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз суръати истеҳсолу захираи ураниуми ғализ дар Эрон изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.
Скотт Бессент, вазири молияи Амрико рӯзи 6-уми март гуфт, ҳадаф аз сиёсати “фишори ҳадди аксар” ба Эрон қатъ кардани кори саноати нафти Эрон ва “фӯру резондани иқтисоди шикаста”-и Эрон аст.
Гуфтугӯ