Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ойниҳол Бобоназарова: "Занони мо ҳам аз онҳо кам нестанд."


Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ ва ягона зан дар Тоҷикистон, ки 12 сол пеш довталаби курсии президенти Тоҷикистон шуда буд, мегӯяд, занон бештар дар мақомҳое раҳбар таъйин мешаванд, ки чандон таъсиргузор нестанд. 

Дидгоҳҳои мардсолорона дар ҷомеа сабаб шуда, ки занон аксаран мисли хона дар ниҳодҳои давлатӣ ҳам дар мақомҳои дуввумдараҷа ва поинтар қарор доранд. Аммо дар ин миён заноне ҳам ҳастанд, ки барои тағйири ин дидгоҳ ва вазъ талош кардаанд. Соли 2013 номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруф ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд, аммо мақомот гуфтанд, натавонист, имзои заруриро барои сабтином ҷамъ орад.


Ҳуқуқшинос ва як аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, Ойниҳол Бобоназарова соли соли 2014 соҳиби яке аз 10 ҷоизаи "Зани шуҷоъ" аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрико шуд. Дар як сӯҳбате, ки бо ин зани фаъолу сиёсатмадори тоҷик доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, ки то куҷо дар Тоҷикистон роҳ барои ба маснади раҳбарӣ расидан занон ҳамвор аст ё чӣ монеаҳо дорад ин?


Ойниҳол Бобоназарова: «Фикр мекунам, ки монеаҳо вуҷуд дорад. Хусусан дар давлатҳое, ки системаи демократӣ мустаҳкам нест ё умуман нест. Монеа ин аст, ки занҳо дар мансабҳое кор мекунанд, ки на маоши зиёд доранд ва дар муносибатҳои дохилӣ ва берунӣ таъсиррасон нестанд. Мансабҳое, ки дар ҳақиқат таъсиррасон ҳастанд, он ҷо занонро намебинем. Ба ғайр аз ин монеа ин ҷомеаи мардсолор, аст. Зан имконияти баъд аз кор рафта, бо ҳамфикронаш сӯҳбат карданро надорад, зеро рафта, дар хона вай бояд хӯрок омода кунад, корҳои хонаро кунад. Инчунин тарбияи фарзанд ҳам пурра ба дӯши занон аст, барои ҳамин роҳаш ноҳамвор аст.»


Радиои Озодӣ: Ба Тоҷикистон тавсия шудааст, ки шумори занонро дар мақомҳои раҳбарӣ ба 50 дар сад расонад. Аммо ҳоло дар ҳар сурат, баъзе аз занонро мо дар садри вазорату кумитаҳо ва бархеро дар парлумон мебинем, вале дар асл бисёриҳо мегӯянд, ҳеч садое аз онҳо намешунавем, чаро?

Ойниҳол Бобоназарова: "Гап дар сари он нест, чӣ миқдор будани занон нест, муҳим ки конкурент ва рақобат бошад. Яъне агар барои вазифа занон бо мардҳо дар талош бошанд, метавонанд таъсиргузор бошанд. Мо масалан, дар порлумон занҳои зиёд дорем, вале ман бисёри онҳоро намешиносам. Он вазоратҳое, ки ба занон дода шудааст, ягон таъсири калон намерасонанд, чунки агар онҳо бо роҳи интихобот интихоб мешуданд дар мубориза мешуданд, имкониятҳояшон баробар мешуд. Ин ҷо гап сари имкониятҳо аст. Мо медонем, ки Тоҷикистон қонунҳои зиёде дорад, ки ба тамоми меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ аст, аммо амал намекунанд."


Радиои Озодӣ: Аслан аз нигоҳи Шумо ҳузури бештари занон дар сиёсат ва умуман дар мақоми раҳбарӣ дар бахшҳои мухталиф метавонист, чизеро тағйир диҳад?

Ойниҳол Бобоназарова: "Албатта. Ин ҷо байни зану мард ман фарқият намегузорам. Агар имкониятҳо баробар бошанд, занон дар ҳама соҳаҳо аз мардҳо кам нестанд. Мегӯянд, модар миллатро тарбия мекунад. Вақте вай фарзанд ба воя мерасонад, ин ояндаи миллат аст, Пас чаро давлатро ба пеш бурда наметавонад? Ҳатман метавонад. Боз гап дар бораи имкониятҳояш меравад ва дастгирии худи давлат нисбати онҳо."


Радиои Озодӣ: Як зани сиёсатмадор бояд аз чӣ ё чиҳо гузашт кунад, яъне аз баҳри чӣ гузарад?


Ойниҳол Бобоназарова: "Як вақт ман бо Новодворская сӯҳбат доштам ва як гапи аҷоиб гуфта буд. Занҳое бояд ба сиёсат даст зананд, ки на шавҳар доранду на оила. Яъне ин маънои онро дорад, ки хеле мушкил аст. Он зан агар шавҳар дошта бошад, пеш аз ҳама вай бояд ӯро дастгирӣ кунад. Ин ақида, ки зан бояд фақат фарзанд тарбия кунаду дар хона нишинад, дар мағзи як қисми мардони мо ҷой шудааст ва ин имкон намедиҳад, ки занҳо ба сиёсат машғул шаванд. Онҳо метарсанд, ки ба сиёсат машғул шуданаш барои оилаву фарзандон метавонад таъсир расонад."

Радиои Озодӣ: Шумо як замон дар Ҳизби демократ будед ва сипас дар Бунёди Сорос ва дертар довталаби курсии раисиҷумҳур. Чиро таҷриба кардед? Наздикон чӣ мегуфтанд?

Ойниҳол Бобоназарова: "Агар ҷавон мешудам, боз як бори дигар ба ҳамин роҳ мерафтам. Ман аз хурдсолӣ бисёри китоби сиёсатмадоронро омӯхта будам. Бо сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ҳам шинос шудам. Хусусан дар Русия бо Сахаров ва оилаи вай, бо Немтсов сӯҳбат доштам. Наздикони ман ҳама зид буданд, ба ман мегуфтанд, ки аз ин чиз даст каш, чун оқибаташ хуб нест. Баъдтар вақте ман ширкат кардам, дидам, ки оҳиста-оҳиста хешу таборам нарм шуданд, ба имзоҷамъкунӣ сар карданд. Бояд бигӯям, ки танҳо як гурӯҳи хурди журналистон кӯмак расонданд. Ҳол он, ки журналистон як қуввае бузурганд. Ман медонистам, ки ман намегузарам. Инро хуб медонистам, аммо хостам, ки як намунае шавам ва оянда барои бонувони ҷавон роҳ кушоям. То онҳо дарк кунанд, ки мумкин аст, ширкат кардан ва ҳатто ғалаба кардан мумкин аст. Ин роҳе буд, ки ман худам интихоб кардам ва пушаймон нестам."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, медонистед, ки намегузаред. Яъне чӣ хел? Намегузаред, ё намегузоштанд, ки гузаред?

Ойниҳол Бобоназарова: "Ҳарду, чунки дар Осиёи Марказӣ маълум аст, ки системаи интихобот шаффоф нест. Дар Тоҷикистон ҳам, режими комунистӣ гӯиё, ки имрӯз нестанд, вале дар асл ин дар тафаккури мардум хеле мустаҳкам аст. Дар ҳизби асосӣ қисми зиёди нафарон коммунист буданд, ман ки демократия мегуфтам, бисёриҳо аз демократия метарсиданд. Инро ман хуб ҳис мекунам. Ман хостам, ин намунае, шавад, ки дар ҳар сурат занҳо бояд иштирок кунанд."

Радиои Озодӣ: Бо ин таҷрибае, ки гирифтед гумон мекунед, ки занон асосан дар кадом вазифаҳо бояд таъйин шаванд?

Ойниҳол Бобоназарова: "Фикр мекунам, дар ҳама вазифҳо занҳо метавонанд раҳбар бошанд, агар имконияти баробар дошта бошанд. Яъне имконият аз тарафи давлат. Давлат метавонад, баъзе масоилро ҳал кунад. Ва дастгирии оила ҳам муҳим аст. Ман агар каме муваффақ шудам сабаб он буд, ки шавҳарам маро дастгирӣ мекард. Дар дигар давлатҳо бубинед, занҳо вазири мудофиа ҳастанд, додситони кишвар ҳастанд. Дар вазифаҳои масъулиятнок ҳастанд. Занони мо ҳам аз онҳо кам нестанд."


Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи имкониятҳо гап мезанед. Манзур ҳамон квотае аст, ки ба занон дода мешавад ё чизи дигар?

Ойниҳол Бобоназарова: "Ман аслан тарафдори квота нестам. Вале дар шароити Осиёи Миёна ҳамин чиз шояд то як дараҷа дуруст бошад. Зане, ки хоҳад худро ба сиёсат дохил кунад, вай набояд квота пурсад. Вай набояд бигӯяд, ки “ман зан ҳастам, барои ҳамин ба ман овоз диҳед, ё вазифа диҳед” Ин чизҳо баръакс обрӯи занро мерезонанд. Зан бояд худ кӯшиш кунад ва донад, ки ин хеле роҳи мушкил аст ва ӯ бояд пеш аз ҳама дар ҳамаи соҳаҳо дониши мустаҳкам дошта бошад. Ё вай бояд дар атрофаш онҳоеро гирд оварад, ки маслиҳат гирад ва маоши марду зан фарқи зиёд надошта бошад. Солҳои хеле пеш як фармон буд, ки бояд дар як вазорат ҷонишин зан бошад. Чаро раис не, чаро ҷонишин? Ман ҳатто ба чанд ҷойҳо навиштам, ин ғайриконститутсионӣ аст. Агар зан имкони раҳбарӣ дорад, чаро дар вазифаи аввал набошад?"

Радиои Озодӣ: Як бону барои расидан ба вазифаи раҳбарӣ бояд чиро донад, чӣ омӯзад, аз кадом роҳ равад? Ва то куҷо зиёданд ҳоло занону духтароне, ки малакаҳои раҳбарӣ ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ доранд.?

Ойниҳол Бобоназарова: "Фикр мекунам зиёданд. Солҳои ахир ҷавондухтарони зиёде ба Аврупо, Амрико ва умуман бисёр кишварҳои тараққикарда рафтанд, донишу таҷриба омӯхтанд, қисми зиёдашон дар он ҷойҳо вазифа гирифтанд. Агар ба онҳо имконият ва маоши хуб дода шавад, метавонанд биёянд ва лидерҳои хуб шаванд. Ҳатто дар худи кишвар ҳам ин хел занҳо ҳастанд. Гап боз дар ҳамон аст, ки то чӣ ҳад ба онҳо шароит муҳайё карда мешавад.

Дар масъалаҳои ҷиддӣ, ва камбудиҳое, ки ҳаст бояд бо ВАО баромад кунанд, худро ба ҷомеа шинос кунанд. Барои он, ки ба вазифа соҳиб шавӣ, бояд ҷомеа шуморо шиносанд. Ба ӯ бояд имкон диҳанд, ки дар расонаҳо баромад кунад. Вақте ба ман савол доданд, ки шуморо бисёриҳо намешиносанд. Ман гуфтам, албатта намешиносанд, агар дар телевизион маро роҳ надиҳанд, танҳо расонаҳои мустақил ба ман имконият диҳанд, кӣ мешиносад? ВАО-и асосӣ дар дасти давлат аст. Ин корро давлат карда метавонад."

Радиои Озодӣ: Шумо дар бахшҳои гуногун метавонед номи чанд занеро гӯед, ки намуна бошанд ва ба занҳои дигар роҳ кушоянд?

Ойниҳол Бобоназарова: “Чанд вазорате, ки занҳо раҳбар ҳастанд, вазоратҳои вазнине ҳастанд ва онҳо метавонистанд лидер шаванд, аммо маълум аст, ки ин масъалаҳоро танҳо ҳукумат ҳал мекунад. Масалан Вазорати муҳоҷират. Ин вазорат танҳо метавонад дар дохили кишвар кор кунад. Кори асосии онҳо бояд бо Русия бошад ва Русия ин имкониятро намедиҳад ҳеҷ гоҳ. Барои ҳамин зане, ки роҳбари ин вазорат ҳаст, имкон надорад. Масалан чанд сол пеш дар доираи созишномае, ки миёни Тоҷикистону Русия баста шуда буд, дар бораи як комиссияи муштарак, маро ҳам ба ҳайати он шомил карда буданд. Вақте ман ду – се бор ба онҷо рафта, баромад кардам.

Ҳайати гурӯҳи Русия гуфт, ки ӯро бароред, набошад мо бо Шумо сӯҳбат намекунам. Инҳо маҷбур шуданд ва гуфтанд, ки “муаллима саломат бошед, барои мо чунин шарт гузоштаанд”. Ман гуфтам майлаш, ман метавонам берун аз гурӯҳ ба Шумо машварат диҳам. Яъне бубинед, занҳое, ки ҳоло дар ду курсӣ ҳастанд, на ҳама чизро метавонанд, ҳал кунанд.

Масалан, вазири фарҳанг метавонад баъзе корҳоро бикунад. Аммо ман як бор ба театр рафтам, “вазири фарҳанг меояд” гуфта, чӣ қадар вақтро гирифтанд. Яъне, дар мо чоплусон ин қадар зиёданд, ки онҳо натиҷаи корашро надида, таърифи раҳбарро сар мекунанд. Ё ин, ки вақте ҳар ду - се сол пас вазирон иваз мешаванд, натиҷаи корашро маълум нест. Вай бояд ба мардум ва ҳукумат ҳисобот диҳад, аммо ин чизҳо намешавад. Барои ҳамин онҳо муваффақ нестанд."

"Шавҳаронашон мегӯянд, дар хона шин кор накун"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:17 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG