Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Агар шартҳои Русия қабул шавад, бо оташбас розӣ ҳастем


Russia Belarus
Russia Belarus

Раисҷумҳури Русия мегӯяд, бо тарҳи пешниҳодии Амрико барои барқарории оташбаси 30-рӯза бо Украина мувофиқ аст, агар ин масир ба сулҳи пойдор ва доимӣ хатм шавад.

Владимир Путин 13 март зимни нишасти муштараки хабарӣ бо Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, дар посух ба суол дар бораи тарҳи оташбас гуфт, "мо бо ин пешниҳод барои қатъи ҷанг мувофиқем. Аммо ҳамчунон бар ин воқеият, ки тарки низоъ бояд ба сулҳи пойдор ва аз байн бурдани решаҳои буҳрон шавад, пофишорӣ мекунем". Вай таъкид кард, ки "бо оташбас мувофиқем, аммо мулоҳизаҳое ҳам дорем".

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар вокуниш ба ин мавзеъгирӣ, дар паёме видеоӣ гуфт, Путин барои рад кардани пешниҳоди оташбаси Амрико омода мешавад, аммо ҳарос дорад, ки "ба таври мустақим" ба Доналд Трамп бигӯяд, нияти идомаи ҷангро дорад.

Ӯ суханони Путинро "қобили пешбинӣ ва фиребкорона" хонд ва афзуд, "мо шартҳое намегузорем, ки ҳама чизро печида кунад, аммо Русия ин корро мекунад".

Танҳо чанд соат пеш аз ворид шудани ҳайати намояндагони Амрико ба Маскав, яке аз мушовирони баландпояи Владимир Путин ҳар гуна созиши оташбаси муваққат бо Украинаро рад карда буд.

Аъзои ҳайати амрикоӣ умедворанд, ки Кремл, бо ин тарҳи оташбаси 30-рӯза розӣ мешавад ва дар ғайри он, бо таҳримҳои васеътар рӯбарӯ хоҳад шуд.

Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия 13 март дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии Русия гуфта буд, оташбаси пешниҳодии Доналд Трамп, ки Киев ҳам бо он мувофиқат кардааст, танҳо ба Украина фурсат медиҳад, то мавқеи воҳидҳояшро тағйир диҳад.

Ӯ афзуд, ки як рӯз қабл дар суҳбати телефонӣ бо Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Амрико, дидгоҳи Маскавро баён кардааст.

Ин дипломати рус дигарбора таъкид кард, ки Русия хостори созиши дарозмуддат бо дарназардошти манфиатҳо ва нигарониҳои Маскав аст. "Ба назар мерасад дар шароити кунунӣ ҳеҷ кас ниёзе ба бардоштани гомҳое, ки танҳо зоҳире сулҳталабона дошта бошанд, надорад".

Як рӯз пештар, Доналд Трамп, дар дидор бо нахуствазири Ирландия бо ишора ба ин, ки музокиракунандагони амрикоӣ "ҳамакнун дар роҳ ба Русия ҳастанд", аз барқарории оташбас байни Русия ва Украина умедворӣ кард.

Субҳи 13 март Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия тасдиқ кард, ки ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Доналд Трамп, ворид Маскав шудааст.

Раисҷумҳури Амрико пештар ба хабарнигорон гуфта буд, ки Русия "чорае ба ҷуз қабули оташбас надорад. Дар ғайри он, бо таҳримҳои рӯбарӯ хоҳад шуд, ки албатта умедворам, ки кор ба онҷо накашад".

Доналд Трамп бо баргашти дубора ба Кохи Сафед, поёни ҷанг дар Украинаро аз авлавиятҳои аслии худ эълон кардааст ва ба суръат намояндагонашро барои фароҳам сохтани заминаҳои сулҳ, ба Маскав ва Киев фиристод.

Охирин изҳороти раисҷумҳури Амрико дар ин бора, баъд аз он буд, ки Киев пас аз гуфтугӯҳои 9-соата бо мақомҳои амрикоӣ дар Арабистони Саудӣ, бо тарҳи оташбаси муваққат, розӣ шуд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина 13 март бо нашри матлабе дар шабкаи Х навишт, "бо камоли таассуф беш аз як рӯз аст, ки ҷаҳон дар интизори шунидани посух ва вокуниши маънодор аз сӯи Русия дар баробари тарҳи оташбас аст".

Раисҷумҳури Украина дар идома навишт, "ин мавзуъ бори дигар нишон дод, ки Русия дунболи дарозтар кардани ҷанг ва ба таъхир андохтани сулҳ аст".

Ӯ умедворӣ кард, ки дар пайи фишорҳои Амрико, Русия ба қатъи ҷанг, розӣ хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG