Ин музокирот пеш аз зуҳри шанбе, 19 апрел, пушти дарҳои баста дар Сафорати Умон дар Рим, пойтахти Италия, оғоз шуда буд.
Дар ин музокирот ҳайати эрониро Аббос Ароқчӣ, вазири хориҷии Эрон ва ҷониби Амрикоро Стив Виткофф, намояндаи вижаи он кишвар дар умури Ховари Миёна, раҳбарӣ карданд.
Миёнҷигарии ин гуфтугӯҳо ҳамчунин бар ӯҳдаи Бадр Ал-Бусаъидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон буд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, "фазои музокирот созанда ва рӯ ба пешравӣ буд" ва ду тараф "дар бораи бархе ҳадафҳо ба созиши беҳтаре" расиданд.
Аббос Ароқчӣ пас аз поёни даври дувуми музокирот, ки ҳудуди чаҳор соат идома кард. афзуд, "қарор шуд, музокирот идома кунад ва вориди марҳилаи баъдӣ дар сатҳи коршиносон шавад".
Ба гуфтаи Ароқчӣ, музокироти коршиносии фаннӣ дар сатҳи коршиносон аз рӯзи чаҳоршанбе, 23 апрел дар Умон оғоз хоҳад шуд, "то вориди ҷузъиёт шаванд".
Ӯ ҳамчунин афзуд, шанбеи оянда, 26 апрел даври севуми музокирот байни ӯ ва Стив Виткофф дар Умон баргузор мешавад ва дастури он, баррасии натиҷаи кори коршиносон хоҳад буд.
Телевизиони давлатии Эрон ва ҳамчунин хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон ҳам, қаблан фазои музокиротро "созанда" хонда буданд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон 19 апрел дар оғози ин гуфтугӯ гуфт, ки шеваи баргузории музокироти Эрон ва Амрико дар Рим "монанд ба даври аввал аст".
Исмоил Бақоӣ дар шабакаи Х навишт, ки ду ҳайат дар толорҳои алоҳида ҳастанд ва афзуд, "вазири корҳои хориҷии Умон байни ду ҳайат, яъне вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ва тарафи амрикоӣ дар ҳоли рафтуомад ҳаст, то паёмҳоро интиқол бидиҳад".
Ба гуфтаи Исмоил Бақоӣ, гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико дар Рим "ғайримустақим" аст ва афзуд, ки "медонем, роҳи пешорӯ ҳамвор нест... ва мо бо чашмони боз... гом бармедорем".
Дар ҳоле, ки даври нахусти гуфтугӯҳо дар Масқат, пойтахти Умон ба натиҷае нарасид, ду тараф эҳсос карданд, раванд метавонад оғоз шавад ва ба ҳамин далел, тасмим ба баргузории даври дувум гирифтанд. Тағйири ҷойи баргузории музокирот аз Масқат ба Рим пас аз кашмакашҳое анҷом шуд.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд ва Трамп, ки аз мухолифони ин созишнома буд, дар соли 2018 хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард.
Эрон талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад, аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби ин созиш канор рафт ва мизони ғанисозии уранюмро ба вижа дар як соли гузашта, ба шиддат афзоиш додааст.
Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна қаблан гуфта буд, ки Доналд Трамп дар талош аст, то бо "эътимодсозӣ", аз даргирии низомӣ бо Эрон пешгирӣ кунад ва Теҳрон ҳам аз тариқи "миёнаравҳо" дар ҳоли тамос бо Амрико аст.
Гуфтугӯ