Усмон Солеҳ, сарвари шӯъбаи таблиғоту иттилоотии ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, вакилони конфронси 27 - уми ҲХДТ дар ноҳияи Сино номзадии ӯро бо иттифоқи оро пуштибонӣ намудаанд. Вай афзуд: «Амирқул Азимов аз ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ аст. Солҳои дароз дар вазифаи котиби Шӯрои амният кор кардааст. Таҷриба, малака ва маҳорати хуб дорад. Ин ҳама дар парлумон барои таҳияи қонуну асноди ҳуқуқӣ зарур аст.»
АЗИМОВ - ШАХСИ БОЭЪТИМОДИ РАИСИ ҶУМҲУР?
Амирқул Азимов яке аз афроди боэътимоди раисҷумҳур Эмомалии Раҳмон маҳсуб мешавад, ки аз замони шӯравӣ то ба имрӯз вазифаҳои муҳимро дар Тоҷикистон ба зимма дошт. Аммо бори аввал номи ӯ бо ҳаводиси феврали соли 1990 расонаӣ шуд ва ба забонҳо уфтод. Азимов сарвари гурӯҳи тафтишотии ин ҳаводис буд, ки аз сӯи Додситонии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олӣ бо Фронти халқии Тоҷикистон пайваст, ки ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистонро сари қудрат овард. Дар оғоз муовини вазири дифоъ, сипас мушовири амниятии раисҷумҳури Тоҷикистон, аз апрели соли 1995 то августи соли 1996 Додситони кулл ва аз он замон то ба имрӯз дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд.
Коршиносон нақши Азимовро дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар рафъи бӯҳронҳои амниятӣ дар кишвар хеле бориз арзёбӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, аксари музокирот бо фармондеҳони мухолифи ҳукумат бидуни ширкати ӯ сурат намегирифт.
Абдусаттор Холов, собиқ додситони вилояти Хатлон ва ҳоло узви парлумони Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳамроҳ бо вазирони корҳои дохила, дифоъ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба маҳалли ҳодисаҳо рафта, бисёр мушкилоти амниятиро ҳал мекарданд. Ҳам дар дараи Ромит, ҳам минтақаи Рашт дар замони ҷанги шаҳрвандиву ҳаводиси соли гузашта мустақим ширкат доштанд. Ман хуб дар ёд дорам, ки ба Ғозималик рафта, дар ошкор кардани ҷиноятҳои вазнин ширкат карда буданд. Агар дар ҳифз кардани якпорчагии Тоҷикистон аввалан нақши ҷаноби президент ҳаст, дар раддаи аввалин афроде, ки ба он кас кӯмак мекарданд, Амирқул Насимович буданд».
АЗИМОВ ДАР БАРОБАРИ САИДЗОДА ВА НАМОЯНДАИ ҲНИТ
Аммо инак, Амирқул Азимов дар ҳавзаи ноҳияи Синои пойтахт бо Саид Иброҳими Назар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Толибшоҳ Саидзода, муҳаррири нашрияи "Миллат" вориди сабқати интихоботӣ хоҳад шуд.
Иддае аз коршиносон пешниҳоди номзадии ӯро ба синни нафақа расиданаш рабт медиҳанд ва Азимов дар сурати пирӯзӣ, ҳафтумин узви аз 60-сола болои парлумон хоҳад шуд. Онҳо мегӯянд, қаблан Амиршо Миралиев ва Сафаралӣ Раҷабов низ ба парлумон, ё ба қавле, ба «истироҳатгоҳи» афроди вафодор ба раисҷумҳур «интиқол» ёфта буданд. Ба қавли онҳо, тасмими ҳизби ҳукмрон, ки сарвараш худи раисҷумҳур аст, низ як гуна қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон аз Амирқул Азимови 63-сола барои хизматҳои чандинсолааш аст.
ЧАРО АМИРҚУЛ АЗИМОВ?
Аммо иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки дар замони таҳаввулоти ҷаҳони араб, баргузор шудани як интихоботи миёндавраӣ дар пойтахти Тоҷикистон, ҳизби ҳукмронро водор кардааст, ки як шахсияти намоён ва қавиро барои пирӯзӣ бар ҳарифонаш аз ҳизбҳои дигар пешниҳод кунад.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, раисҷумҳур Амирқул Азимовро ба нафақа гусел карданӣ нест. Вай афзуд, Азимов ҷузъе аз барномаи тақвият бахшидани парлумон аст: «Дар ҳамин даъвати парлумон ман як равандро эҳсос мекунам. Пеш мегуфтанд, ки парлумон «ҷои хоб» аст. Аммо ҳоло онро ҳамчун як ниҳоди алоҳидаву мустақил пурзӯр карда истодаанд. Ин хуб аст. Зеро чунин фикр ҳаст, ки дар Тоҷикистон ҳама тасмимҳоро президент мегирад. Дар дохилу берун ҳама фикр мекунанд, ки қарори ниҳоиро маҳз ӯ мебарорад. Аммо ҳоло вазъ тағйир хӯрдааст. Фишорҳо зиёд мешаванд. Дар чунин ҳол акнун президент метавонад гӯяд, ки «мебахшед, мо парлумон ҳам дорем ва фикри онро ҳам бояд гирифт». Ин «сиёсати дар ҳоли таҳаввул» (гибкая политика), яъне бозии хуби сиёсӣ аст».
КӢ ҶОЙГУЗИНӢ АЗИМОВ ХОҲАД ШУД?
Дар ҳамин ҳол, суоли дигар ин аст, ки бо рафтани Амирқул Азимов баъд аз 15 соли раҳбарии Шӯрои амният, кӣ ҷойгузини ӯ хоҳад шуд?
Абдусаттор Холов мегӯяд, интихобро худи раисҷумҳур хоҳад кард. Аммо ба тахмини коршиносон, ғолибан ба ин вазифа ё вазири дифоъ ва ё вазири корҳои дохила хоҳанд рафт, ки аз истеъфои эҳтимолии онҳо дар маҳофил зиёд сӯҳбат мешавад.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, ҳар касе ки ба ин мақом хоҳад расид, боз ҳам аз ҷумлаи афроди наздик ба раисҷумҳур хоҳад буд, ки бе каму кост ва содиқона дастурҳои ӯро иҷро хоҳад кард. Тавре ки Амирқул Азимов мекард.