Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавзаи "доғ"-и Сино: Кӣ аз кӣ пуштибонӣ мекунад?


То замони баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "Сино-4" якуним моҳи дигар боқӣ мондааст.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ду ҳизби умдаи сиёсии кишвар номзадҳои худро пешбарӣ намудаанд.

Барои Шермуҳаммади Шоҳиён ва Комиссияи интихобот имтиҳони ҷиддие мебошад Зеро Шоҳиён дар ин мақом аввалин интихоботро мегузаронад. Ба ин далел, Шоҳиён бояд барои баргузории шаффофу одилонаи интихобот талош кунад...


Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҲХДТ, Саидиброҳими Назар аз ҲНИТ ва Толибшоҳи Сайидзода - номзади мустақил дар интихоботи миёндавраии рӯзи 15-уми май дар ҳавзаи Сино-4 миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пуштибонии худ аз номзади ҲХДТ, яъне аз Амирқул Азимовро изҳор кард.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи кории тӯлонии ҷаноби Азимов дар сафи Ҳизби коммунист ва таҷрибаи ӯ ба ҳайси ҳуқуқдон ва хизматҳояш барои истиқрори субот дар Тоҷикистон, коммунистҳо аз номзадии ӯ ҳимоят мекунанд.

ЗОЙИРОВ: "МО ИШТИРОК НАМЕКУНЕМ"

Раҳматулло Зойиров

Аммо Ҳизби сотсиал-демократ, аз аҳзоби мухолифи ҳукумат, эълон кард, ки дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "Сино" ширкат нахоҳад кард ва номзади ҳизбашро пешниҳод намекунад.

Дар интихоботи порлумонии моҳи февралии соли 2010 Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби состсиал-демократ яке аз номзадҳои интихоботӣ дар ин ҳавза буд. Ҷаноби Зойиров, адами шаффофияти баргузории интихоботро аз сабабҳои ширкат накардани ҳизбаш унвон кард. Зеро ба таъкиди ҷаноби Зойиров, дархости онҳо барои ворид кардани намояндагони ин ҳизб ба коммисия ва ҳавзаҳои интихоботӣ пазируфта нашудааст.



Бо ин ҳам раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон мегӯяд, "мо иштирок намекунем, лекин ин мазмуни онро надорад, ки мо ягон касро дастгирӣ намекунем. Дар ин ҳолат мо аз номзаде, ки худпешбарӣ кардааст, пуштибонӣ хоҳем кард." Зоҳиран ишораи ӯ ба Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" аст.

ПУШТИБОНИИ ДЕМОКРАТҲО АЗ ТОЛИБШОҲ САЙИДЗОДА

Масъуд Собиров

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29-уми март номзадии Толибшоҳи Сайидзодаро тарафдорӣ кард. Масъуд Собиров, раҳбари ин ҳизб гуфт, "маҳз Толибшоҳро ҳизби демократ интихоб кард. Ҳарчанд ҳизби демократ ба интихоботҳо эътимод надорад, вале як шахсеро мо интихоб кардем, ки ба ҳизб низ умумият надорад."

Дар ҳоле ки ҳизбҳои сотсиал-демокрт ва демократ ба баргузории интихоботи озоду шаффоф бовар надоранд ва номзадҳои худро пешбарӣ накардаанд, аммо ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мутмаин аст, ки дар сурати муарифӣ, номзади ин ҳизб мағлуб хоҳад шуд.

Ба ин далел, Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари сотсиалистҳои тоҷик гуфт, онҳо дар интихоботи ҳавзаи "Сино" ширкат намекунанд: "Вазъияти феълиро баррасӣ карда, ба натиҷае расидем, ки дар интихоботи ҳавзаи "Сино" ширкат накунем. Номзади мо дар интихобт пирӯз нахоҳад шуд. Балки он маблағеро, ки барои интихобот сарф мекунем, беҳтар аст, барои нашри рӯзномаи "Иттиҳод", минбари ҳизб, масраф созем."

"ИМТИҲОНИ ҶИДДӢ"-И ШОҲИЁН

Абдуғанӣ Мамадазимов

Ҳарчанд бархе аз аҳзоби сиёсӣ адами шафофият дар раванди баргузории интихобот дар ҳавзаи "Сино"-ро сабаби иштирок накарданашон унвон кардаанд, аммо Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ин интихобот "имтиҳони ҷиддӣ" барои Комиссияи марказии интихобот ва раиси тозатайъини он Шермуҳаммади Шоҳиён аст.

Вай афзуд, "албатта, таҷрибае аст, ки аҳзоби сиёсӣ ба интихоботҳои миёндавраӣ таваҷҷӯҳи зиёде надоранд. Аммо ин интихобот хусусияти хосеро дорост. Чаро ки барои Шермуҳаммади Шоҳиён ва Комиссияи интихобот имтиҳони ҷиддие мебошад Зеро Шоҳиён дар ин мақом аввалин интихоботро мегузаронад. Ба ин далел Шоҳиён бояд барои баргузории шафофу одилонаи интихобот талош кунад."

Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "Сино" ба дунболи қатъи зудраси ваколатҳои Шермуҳаммади Шоҳиён дар парлумон, ки ҳамакнун раёсати Комиссияи маркази интихоботро бар дӯш дорад, сурат мегирад. Қарор аст, интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза рӯзи 15-уми май баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG