Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадҷони Шакурӣ: "Азизи ман, Хуросон аст инҷо"


Устод Шакурӣ аз пешвоёни ҳаракатҳои миллӣ ва аввалин шахсияти тоҷик аст, ки чеҳраи мондагори Эрон унвон шуд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ фарзанди яке аз охирин қозикалонҳои аморати Бухоро Садри Зиёст. Дар зимн, Садри Зиё яке аз маорифпарварони оғози асри гузашта буд, ки дар бораи муносибати ӯ бо аҳли илму адаб ва махсусан зиёиёни он замон дар асарҳои асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ зиёд гуфта шудааст.

ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ЭРОН

Аммо аз зиндагии ин шахсият, ки ҳамчунин аз худ осори адабиву таърихие низ ба мерос гузоштааст ва махсусан дар бораи китобхонаи нодири ӯ, маълумоти камтар мунташир шудааст.

Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ акнун як шахсияти чандбуъдӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Нақши ӯ аз арсаи фарҳанг бо саҳмгузорӣ дар таҳияи бузургтарин фарҳанги тоҷикӣ ба унвони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” оғоз мешавад ва бо талош барои истиқлоли Тоҷикистон дар ҳайати нухбагони фарҳангии тоҷик дар поёни солҳои ҳаштоди асри гузашта идома мекунад. Ба ин далел аст, ки шахсияти Шакурӣ аз абъоди илмӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ иборат аст.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, нахустин шахсияти илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба унвони узви фарҳангистони Эрон баргузида шуд ва ба дунболи он ҳам чеҳраи мондагори Эрон эълон шудааст. Чеҳраи мондагор шудани Муҳаммадҷон Шакурӣ дар Эрон ба далели нашири китоби “Хуросон аст ин ҷо” иттифоқ уфтодаааст.

"ХУРОСОН АСТ, ИН ҶО"

“Хуросон аст ин ҷо” китобест аз муаллиф роҷеъ ба сарнавишти форсии тоҷикӣ, андешаи миллӣ, ҷунбишҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон ва талоше барои зинда нигоҳ доштани таърих, фарҳанг ва забони тоҷикӣ. Таърихи иншои ин китоб қиссае ҷолибест, ки бо навиштани он нуктаи атфи муборизаҳои миллӣ ва озодихоҳӣ аз як сӯ ва аз сӯи дигар талошҳои буғӣ шудани ин наҳзат бозгӯ мешавад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ хеле зуд аз падари қозикалони худ, ки охирин қозии Амрати Бухоро буд, дар синни шашсолагӣ ятим мондааст. Вай дар ин бора
мегӯяд: “Бори аввал соли 1922 Садри Зиё зиндонӣ шуда ба зудӣ озод мешавад. Соли 1932 бори дуввум дар маъракаи тиллоғундорӣ аз аҳолӣ боз зиндонӣ шуд. Касоне, ки тилловорӣ доштанд, онҳоро ҳабс мекарданд ва аз онҳо тиллову ҷавоҳироташонро мусодира мекарданд. Дар ин маърака модарам ҳам ҳабс шуд, аммо баъд аз чанд вақт озод шуд. Аммо падарам ба зудӣ озод нашуд ва баъди чанд вақт дар маҳбас вафот кард. Ман дар ёд дорам, ки ба азобе ӯро аз зиндон гирифта ва бурда ҷаноза кардем. Он вақт шашсола будам. Ҳанӯз мактаб нарафта будам, баъд аз он мактаб рафтам. Пас аз чанд гоҳ, ҳамон сол модарам ҳам вафот карданд.”

ПИСАРИ ҚОЗИКАЛОН, ИДЕОЛОГИ МИЛЛӢ

Идомаи кору зиндагӣ барои Шакурии писари қозии низоми аморатии Бухоро дар низоми нави Шӯравӣ кори саҳлу содае набуд. Аммо ба ҳар сурат, ӯ ба оҳистагӣ ва мушкил, вале ҷониби мақсад роҳ мепаймуд. Нахустин кори мондагори Муҳаммадҷон Шакурии ҳанӯз хеле ҷавон саҳм гирифтан дар таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” буд. Муҳаммадҷон Шакурӣ акнун танҳо муаллифи барҳаёти ин фарҳанги пурарзиши дуҷилда аст, ки дар соли гузашта барои аввалин бор баъди 40 сол бо хатти форсӣ дар Эрон бознашр шуд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон” мегӯяд: “Табиист, ки додани унвони чеҳраи мондагори Эрон ба шиносбозӣ намешавад. Ин далели мақоми Муҳаммадҷон Шакурӣ дар арсаи илму фарҳанг аст. Ин мақом аслан барои китоби “Хуросон аст ин ҷо” дода шудааст. Муҳаммадҷон Шакурӣ намунаи зиндаи ашрофияти тоҷик аст. Ӯ далели радношудании соҳибияти тоҷик ба Бухорост. Ӯ собит кард, ки Бухорои шариф шаҳри тоҷикист ва фарзандони Бухоро вақте метавонанд нубуғи худро нишон диҳанд, ки ба тоҷикӣ биандешанд. Бубинед, аз баъди соли
Зафари Сӯфӣ
1920, аз баъди даъвои дигар шудани забон дар ин маркази маданӣ аз Бухорои имрӯз ҳатто як нависандаи миёнаҳол ҳам бар нахостааст.”


Ба гуфтаи ҷаноби Сӯфӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ бештар аз як донишманд ва ҷомеашинос, ба унвони як идеологи миллӣ рушд карда ва рози мондагории ӯ низ дар ҳамин аст.

ШАКУРӢ: “БА МУРОДИ ХУД РАСИДААМ”

Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони нафаре, ки аз собиқаи пурбори миллӣ ва мероси адабӣ баҳра бурда буд, бо фароҳам шудани шароит барои муборизаҳои миллӣ ва озодихоҳӣ дар сафи пеши ин ҳаракатҳо қарор гирифт. Ҷунбиши эҳёи факрҳанги миллӣ дар миёнаи солҳои ҳаштоди асри гузашта номи Муҳаммадҷон Шакуриро баландовозатар кард.

Академик Шакурӣ акнун дигар танҳо як адабиётшинос ва мунаққиди нависандагон набуд, балки як чеҳраи наҳзати миллӣ буд ва ба унвони як ҷомеашинос ва назарияпардози андешаи миллӣ низ матраҳ шуд. Ӯ яке аз муаллифони Қонуни забони тоҷикӣ ба унвони забони давлатӣ дар соли 1989 аст. Тоҷикистон дар саросари Шӯравии пешин нахустин ҷумҳурие буд, ки бо талоши ҳаракатҳои миллӣ ва озодихоҳӣ, забони тоҷикиро ба унвони забони давлатӣ эълон кард, яъне ба сурати расмӣ онро аз забони русӣ болотар гузошт.

Муҳаммадҷон Шакурӣ аз пешомадони ҳаракати мубориза барои давлатӣ шудани забон ва муаллифи тарҳи ин қонун буд. Ӯ мегӯяд, ба муроди худ дар зиндагӣ расидааст ва муроди ӯ ба курсии давлатӣ нишондани забони тоҷикӣ буд: “Таҳияи пешнависи ҳамин қонуни забонро ба ман супориданд. Онро таҳия кардам, аммо баъд аз иловаву тағйиру таҳрири зиёд онро ба ҳар ҳол қабул карданд ва натиҷа ин шуд, ки забони давлатии Тоҷикистон танҳо забони тоҷикии форсӣ эълон шуд. Ин яке аз рӯзҳои мурод барои ман буд.”

ДАР “РАСТОХЕЗ”

Ба дунболи давлатӣ шудани забони тоҷикӣ, марҳилаи дигаре аз ҷунбишҳои миллӣ шакл гирифт, ки ин марҳилаи озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар Тоҷикистон буд. Аҳмадшоҳи Комилзода, дабири масъули ҷунбиши "Растохез" дар солҳои аввали даҳаи навад мегӯяд, ҳузури Муҳаммадҷон
Аҳмадшоҳи Комилзода
Шакурӣ ба унвони як шахсияти барҷастаи фарҳагӣ дар ин ҷунбиш нақши муассире барои ҷалби таваҷҷӯҳи рушанфикрон ва ҷомеа ба масъалаи бозсозии сиёсати миллӣ дошт.

Ҷаноби Комилзода мегӯяд: “Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бо дарки масъулияти амиқи миллӣ ва ватандории худ ба созмони "Растохез" пайваста буд. Яке аз роҳбарони он буд. Ӯ раҳбарии кумиссюнҳои таҳияи бисёре аз барномаҳои ин созмонро бар ӯҳда дошт. Аз ҷумла кумиссюнеро, ки тарҳи Консепсияи мактаби нави миллиро таҳия мекард, ба ӯҳда дошт. Ҳузури ӯ барои ҷунбиши миллӣ хеле муҳим буд ва ӯ ҳам аз ҷойгоҳи хосе дар ин созмон ва умуман ҳаракати миллӣ бархӯрдор буд ва ин ҷойгоҳ мондагор аст.”

Пас аз воқеаҳои баҳманмоҳи соли 1990, ҳукумати вақти коммунистӣ ҷунбишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва озодихоҳиро омилони ин ҳодисаҳо унвон кард ва фишорро ба нерӯҳои дигарандеш афзоиш дод. Ба дунболи он, аксари фарҳангиён ва зиёиён аз нерӯҳои мардумӣ ва наҳзати миллӣ дурӣ ҷустанд. Аммо Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ дар канори Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари Ҷунбиши мардумӣ ба унвони сутунҳои ин ҳаракат боқӣ монданд, то дурустии роҳи худро собит кунанд.

РОЗИ МОНДАГОРИИ ШАКУРӢ

Қодири Рустам, нависанда ва донишманди тоҷик ва шоҳиди ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар оғози истиқлоли Тоҷикистон мегӯяд, рози мондагории шахсияти Шакурӣ дар ин аст, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои мардум дар канори он қарор гирифт ва талош кард ба пурсишҳое, ки ҷомеаро фаро гирифтааст, посух пайдо кунад. Ҷаноби Рустам мегӯяд: “Дар замоне, ки масъалаи ҳаёту мамоти миллат ва ояндаи миллат матраҳ буд, ӯ ба ҳаракатҳои мардумӣ пайваст, ӯ аз аъзои фаъоли "Растохез" буд. Аммо инро ҳам, ки узви кадом ҷунбиш буд,
Қодири Рустам, нависандаи тоҷик
канор мемонем, муҳим ин аст, ки ӯ ҳамеша чун як шахсияти иҷтимоӣ, дар ҳама ҳолат даст болои набзи миллати худ доштааст. Устод Шакурӣ дар ҳарду ҷабҳа, ҳам иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ фаъол будааст. Ӯ ҳамеша талош кардааст, ки ба суолҳои муҳимтарини рӯз посух биҷӯяд.”

“Хуросон аст, ин ҷо” низ талоше буд барои посух додан ба суолҳои ҷомеа, суолҳое, ки дониста ва надониста матраҳ мешуд. Ин китоб, ки акнун муаллифи худро чеҳраи мондагор кардааст, аввал мақола буд ва посухе ба мухолифони забони форсии тоҷикӣ. Дар Қонуни забоне, ки соли 1989 бо талоши фарҳангиён қабул шуд, номи забони давлатӣ “тоҷикии форсӣ” навишта шудааст. Аммо дар соли 1994, вақте тарҳи Қонуни асосии нави Тоҷикистон омода шуд, бо пешниҳоди чанде аз вакилон, аз ҷумла Шӯҳрат Султонов, як намояндаи мардумӣ, ки бо забони русӣ сӯҳбат мекард, исми “форсӣ” аз номи забони давлатӣ ҳазф шуд.

Ин иқдом вокуниши рӯшанфикронро ба дунбол дошт ва зери унвони “Азизи ман, Хуросон аст, ин ҷо” мақолаи бузурге бо имзои Муҳаммадҷон Шаркурӣ, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат ва чанд тани дигар нашр шуд, ки иқдоми парлумони Тоҷикистонро дар ин замниа маҳкум мекард. Талоше буд барои собит кардани асли таърихии забони тоҷикӣ ва қаламрави он.

ПИРӮЗӢ Ё БОХТИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ?

Таҳлилгарон мегӯянд, нашри чунин мақола дар матбуоти расмӣ ва он ҳам дар айни авҷи ҷанги дохилӣ ва ҳукумати Фронти халкӣ, ки дар муқобили нерӯҳои миллӣ пирӯз шуда буд, ҷасорати вижае мехост.

Аммо Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони муаллифи аслии ин мақола, бо дарки рисолати амиқи фарҳангӣ ва миллии худ талош кард, ҳукуматро аз ин иқдом барҳазар дорад. Аммо ҳукумати Фронти халқӣ ва нерӯҳои зидди наҳзатҳои мардумӣ дар айни авҷи сархушӣ аз пирӯзии худ, ин ҳарфҳоро намешуниданд.

Билохира ин матлаб ба шакли китоби бузурге бо хатти кирилӣ дар соли 1997 ба чоп расид ва баъдан чанд маротиба бо забони форсӣ ва дар Эрон низ мунташир шуд.

Ба назар мерасид, ки пирӯзии нерӯҳои Фронти халқӣ дар баробари нерӯҳои миллӣ ва озодихоҳ, ҷойгоҳи шахсиятҳои миллӣ ва фарҳангиро то ҷое маҳдуд кардааст. Албатта, то ҷое чунин ҳам буд ва бисёре аз фарҳангиён ҷилои ватан намуданд. Аммо бо гузашти андаке, ҳукумати Фронти халқӣ ҳам ниёзи
шадиди худ ба шахсиятҳои фарҳангиро эҳсос намуд ва шахсиятҳое чун Муҳаммадҷон Шакурӣ тавонистанд дар сиёсатҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии давлати Эмомалӣ Раҳмон ҳам таъсиргузор воқеъ шаванд. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2006 ҷашни 80-солагии Муҳаммадҷон Шакуриро таҷлил кард.

РӮШАНФИКРОН АЗ САҲНА КАНОР РАФТАНД?

Аммо ҳоло бештар аз рӯшанфикрон ва фарҳангиён интиқод мешавад. Таваққӯи ҷомеа аз фарҳангиён бештар он аст, ки аз интиқоди давлат худдорӣ мекунанд ва камбудиҳоеро, ки гуфтани онҳо кори зиёиён аст, намегӯянд.

Албатта таваққӯъ аз солмандоне мисли академик Шакурӣ шояд ин нест, аммо суол ин аст, ки чаро мактаби бедории миллие, ки бо ин ҳама шавқу шӯр оғоз шуд, фурӯкаш кард ва дар баробари нуқсонҳои ҷомеа бетафовут аст. Ё чаро ин мактаб ба дурустӣ шакл нагирифт ва хомӯш шуд?

Аҳмадшоҳи Комилзода мегӯяд: “Албатта, зоҳиран ба назар мерасад, ки гӯё ин шахсиятҳо аз саҳна канор рафта бошанд ва ё хомӯш шудаанд, шояд то ҷое ин гуна бошад. Аммо боз ҳам ин шахсиятҳо аз ҷараёни андешаварзии худ канор нарафтаанд. Ин шахсиятҳо пойбанди ҳамон андешаҳо ҳастанд ва ба ҳар сурат фикру назари худро мегӯянд ва мақолаву китоб ҳам менависанд. Аммо фазо ва шароит фарқ кардааст. Дар гузашта, тавре гуфтем, пойгоҳи матраҳ кардани андешаи ин рӯшанфикрон вуҷуд дошт ва он агар бигирем созмони "Растохез" буд. Аммо ҳоло ин гуна пойгоҳ ё майдони баёни фикру андеша ва ҷабҳаи миллӣ вуҷуд надорад. Ҳамин аст, ки нақши онҳо камранг менамояд. Вагарна инҳо бо ҳамон андешаи худ пойбарҷо ҳастанд ва агар шароит талаб кунад, дубора ин гуна ҷунбишҳо рӯи кор ҳам меоянд.

РИСОЛАТ ВА ҲИММАТИ АКАДЕМИК ШАКУРӢ

Аммо Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, ӯ ба саодати зиндагӣ расидааст ва то ҷое тавониста рисолати худро анҷом додааст. Феълан солмандӣ ва сиҳатӣ ба ӯ имкон намедиҳад, ки роҷеъ ба ҳар масъалае, ки мехоҳад фикри худро иншо кунад. Ӯ феълан дар гӯшае аз шаҳри Душанбе, дар манзили худ, мисли ҳама сокинони дигари беимтиёзи пойтахт таҳти реҷаи шадиди бебарқӣ ба
сар мебарад, аммо бо вуҷуди он талош дорад, корҳои нотамоми худро сомон диҳад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ бо вуҷуди як шахсияти бебаҳси фарҳангӣ буданаш дар чанд соли охир дар ду маврид боис ба баҳсу гумон шуд. Яке, замоне ки ба мақолае алайҳи Бозор Собир дар қатори чанд донишманди дигар имзо гузошт ва дигаре ҳам, вақте ки китоби Садри Зиёро мунташир намуд, бархе аз донишмандон аз ӯ интиқод карданд, ки варақаҳое баҳснок аз ин китобро лағв кардааст.

Аммо боз ҳам, агар ба гуфтаи таҳлилгарон, насли нави рӯшанфикрон ва донишмандон чанд дарсади ҳиммати Муҳаммадҷон Шакуриро аз худ буруз медоданд, имрӯз мактаби рӯшанфикрӣ ва зиёигарӣ хомӯш намебуд.

Муаррифӣ

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз донишмандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945 хатм карда фаъолияти кориашро дар нашрияи “Тоҷикистони Сурх” оғоз бахшидааст.

Шакурӣ муҳаққиқи риштаи забон ва адабиёти тоҷик буда, тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардаст. Ӯ тӯли ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст.

Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, “Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист”, “Хуросон аст, ин ҷо”, “Садри Бухоро”, “Равшангари бузург”, “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст. Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989 аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду докторони улуми таърих ва филологияанд, ки дар Маскав кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.
XS
SM
MD
LG