Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати сиёсии Тоҷикистон ва Амрико баргузор шуд


Даври дуввуми машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико дар Душанбе ба охир расид.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хоричии ин кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ ва ҷониби Амрикоро муовини сарвари департаменти давлатии Амрико дар умури Осиёяи Миёна ва Ҷанубӣ Роберт Блейк сарварӣ мекарданд. Вай афзуд, дар ин ҷаласа ниҳодҳои қудративу иқтисодии ду кишвар низ ширкат доштанд: «Чанд масъалаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои
Давлат Назрӣ
иқтисоду савдо, ёрии умумӣ, рушди кишоварзӣ ва ислоҳоти он, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҳалли масъалаҳо дар соҳаи гидроэнергетика, ҳолоти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла матбуот, дин ва мазҳаб, дастгирии Тоҷикистон дар эътидол овардани вазъи Афғонистон, амнияти сарҳад, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва терроризми байнулмилалӣ баррасӣ шуданд.»

МАҲДУДИЯТИ ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ

Ҷаласаи саввуми машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон дуруст баъд аз пахши гузориши департаменти давлатии ИМА дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2010-ум сурат мегирад. Дар ин гузориш Тоҷикистон давлати худкома унвон мешавад, ки озодиҳои сиёсиро риоя намекунад ва ҳуқуқҳои инсон муроот намешаванд. Аз ҷумла дар ин гузориши иборат аз 27 саҳифа, аз якҳизбӣ будани парлумон, фасодзадагии ниҳодҳои ҳукуматӣ, истифодаи шиканҷа дар зиндонҳо ва ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳо сӯҳбат мешавад.

Аммо дар ин маврид, ки то куҷо ин мавзӯъ дар ҷаласаи навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико матраҳ шуд ва ҷонибҳо чӣ гуфтанд, мақомот сӯҳбат накарданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар машварати қаблӣ, ки соли гузашта баргузор шуд, агар ҷониби Амрико бештар бар беҳбуди вазъи озодиҳои сиёсӣ ва динӣ ишора мекард, Тоҷикистон мекӯшид масоили иқтисодиро бештар матраҳ кунад. Зеро ба бовари ҷониби Тоҷикистон, то ҳал нашудани мушкилоти иқтисодии мардуми кишвар, намешавад вазъи ҳуқуқҳои сиёсии онҳо низ беҳбуд ёбад.

ДУРНАМОӢ ҲАМКОРИҲОИ ДУ КИШВАР

Иддаи дигар аз коршиносон эҳтимоли миёни ду кишвар баррасӣ шудани масоили амнияти Тоҷикистонро, ки бар асари фишорҳои иқтисодии хориҷӣ ва боло рафтани қимати маводи ниёзи аввали мардум ба миён хоҳад омад, низ баъид намедонанд. Бахусус, ки дар ин бора қаблан расонаҳои хориҷӣ, бахусус Русия зиёд навиштаанд.

Машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон чаҳорчӯби нави ҳамкориҳои миёни ду кишвар аст, ки моҳи феврали соли 2010 бори аввал дар Вашингтон баргузор шуданд. Тирамоҳи соли гузашта ҳайати амрикоӣ таҳти сарварии Роберт Блейк, ба Душанбе барои баррасии натиҷаҳои ин машваратҳо ба Душанбе омада буд.

Сафари Роберт Блейк дар Тоҷикистон идома дорад. Фардо субҳ ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG