Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти як муҳоҷири маҷрӯҳшудаи тоҷик


Як шаҳрванди Тоҷикистон аз бемористоне дар Маскав ба "Озодӣ" занг зада ва хост, то ба ӯ кӯмак кунем.

Сорбон Ҷумъахонов гуфт, ҳамроҳ бо ҳашт тоҷики дигар дар як истгоҳи мошиншӯӣ кор мекарданд, вале ба ҷои гирифтани маош ба мусибат печиданд.
Муфаттишон ду-се рӯз ба беморхона омаданду дигар онҳоро надидам. Аризаҳоро навиштанду рафтанд...


Суол: Чӣ ҳодисае рух дод, ки шумо ба бемористон омадед?

Ҷумъахонов: Раҳбарони коргоҳ ҳаққи кори моро надоданд. Онҳо ба сӯи мо тир холӣ карданд. Аз тарафи рост тир хӯрдам. Қабурғаҳоям низ шикаста ба даруни шуш даромадаанд.

Суол: Чаро тирпарронӣ кард?

Ҷумъахонов: Сабабаш, ин ки ҳаққи кори маро надоданд. Мо барои гирифтани маош ба сари ӯ рафтем. Муовинаш гуфт, ки ҳозир раис меояду маоши шуморо медиҳад. Ҳамин хел моро то рӯзи сиюм фиреб доданд. Баъд 30-40 кас омаданду бе ягон гуфтугузор ҷангро шурӯъ карданд. Мо 8 нафар ба унвони мошиншӯ кор мекардем. Ба ҷои маош ба сӯи мо тир холӣ намуданд.

Суол: Шумо 8 нафар аз Тоҷикистон будед?

Ҷумъахонов: Бале, ҳама аз Тоҷикистон.

Суол: Ягон кас то ҳамон вақт маош нагирифта буд?

Ҷумъахонов: Не, ягон кас нагирифта буд.

Суол: Вазъи ҳамкорони дигаратон чӣ хел аст?

Ҷумъахонов: Бачаҳои дигар хубанд. Пеши ман омаданд. Фақат ман тир хӯрдам.

Суол: Онҳо маоши худро гирифтаанд?

Ҷумъахонов: Намедонам. Ман дар беморхонаам, чизеро намедонам.

Суол: Оё шумо ба додгоҳ муроҷиат кардед, то ҳамон шахсеро, ки маоши шуморо надод ва бар иловаи ин ба тарафи шумо тир холӣ кард, ба ҷавобгарӣ кашанд?

Ҷумъахонов:
Муфаттишон ду-се рӯз ба беморхона омаданду дигар онҳоро надидам. Аризаҳоро навиштанду рафтанд.

Суол: Ҳоло чӣ кор карданӣ ҳастед?

Ҷумъахонов: Маро аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Намедонам чӣ кор мекунам. Кор карда наметавонам. Як тарафи ман аз кор баромадааст

Суол: Дар Маскав ҷои зист доред?

Ҷумъахонов: Не, мо қаблан дар манзили иҷора зиндагӣ мекардем. Аз бемористон мебарояму маҷбур билет харам ва ба Тоҷикистон баргардам.

Суол: Шумо талаб намекунед, ки соҳиби корхона пули табобати шуморо диҳад ё ба ҷавобгарӣ кашонида шавад, чунки бо ин кораш ба ҳар ҳол ҷиноят содир кардааст...

Ҷумъахонов: Ман чӣ кор мекунам? Ягон кас аз қафои ман нест, ки ҳамин гапро занад. Ман худам танҳо...чӣ кор мекунам...

Суол: Шумо дар кадом бемористон ҳастед? Шояд ҷамъиятҳои тоҷикон сӯҳбати шуморо бишнаванд ва биёянду ба шумо кӯмак кунанд?

Ҷумъахонов: Ман дар метрои “Беговой”, кӯчаи Ботинский, бемористони Ботинский.

Суол: Шумо аз мошиншӯӣ бояд маоши чандмоҳаатонро мегирифтед?

Ҷумъахонов:
Маоши якмоҳа буд, ки надод. 24 ҳазор рубли русӣ.
XS
SM
MD
LG