Ҳафтаномаи «Азия Плюс» дар шумораи тозаи худ низоми андозбандии Тоҷикистонро монеъи фаъолияти лизингӣ дар бонкҳои ин кишвар номидааст. Ба навиштаи нашрия, лизинг дар Тоҷикистон дурнамои хуб дорад, зеро ин тариқи доду гирифти мол хавфи сармоягузориро ба маротиб коҳиш медиҳад.
Амволи тариқи лизинг гирифташударо хеле душвор аст, ки бо ҳадафҳои ғайр истифода карда шавад ва дар сурати муфлисшавии ширкати лизинггирифта , лизингдеҳ чизеро аз даст намедиҳад. Дар Тоҷикистон имкони воқеъии роҳандозии амалиёти лизингиро бонкҳо ва созмонҳои маблағгузори хурд доранд. Ҳарчанд лизинг барои бонкҳо манфиати зиёд дорад, бонкҳои Тоҷикистон ба ин амалиёт даст намезананд. Дар матлаби нашршуда иллати ин дар номукаммалии қонунгузории Тоҷикистон дида шудааст. Навишта шудааст, ки чанд нукоти Қонуни андоз барои густариши лизинг мавонеъ эҷод мекунад ва мушкилии печидатар ин андоз аз арзиши изофа будааст. Ҳарчанд дар таҳрири нави Қонуни андоз, лизинг чун хидмати молӣ аз ин намуди андоз озод шудааст, аммо ин нукта то охир ва пурра мушаххас нашудааст. Бар иловаи ин, амволи тариқи лизинг дода мешуда аз хориҷи кишвар оварда мешавад ва аммо он аз андоз аз арзиши изофа озод нест.
«Рӯзи Нав» аз қавли Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон навиштааст, озод кардани соҳаҳои истеҳсолоти тиҷоратӣ аз андоз барои панҷ сол ба буҷаи Тоҷикистон ба маротиб бештар манфиат хоҳад овард. Раҳматулло Зойиров гуфтааст, агар панҷ сол ин андоз гирифта нашавад, буҷа дар маҷмӯъ аз 270 миллион $ маҳрум мемонад. Вале дар ин муддат тиҷорати хурд ва миёна ба он дараҷа рушд хоҳад кард, ки дар як сол ба бӯҷа 400 миллион $ ворид хоҳад сохт. Раҳматулло Зойиров ҳамчунин гуфтааст, бештари андози ҷамъшуда ба ҷайбҳои афроди алоҳида медарояд, ришвахорӣ ва иқтисоди соягӣ ҳама рекордҳоро паси cар кардааст. Ба гуфти Раҳматулло Зойиров, агар сатҳи коррупсия аз рӯи нишондодҳои иқтисодӣ ба нисфи маҷмӯи маҳсулоти миллӣ расад - ин бӯҳрони азим аст. Дар Тоҷикистон имрӯз ришвахорӣ аз маҷмӯи маҳсулоти миллӣ гузаштааст.
Тоҷикистон тибқи феҳрасти тартибдодаи созмони байналмилалии "Transparency International" ба сафи панҷ давлати ришвахортарини ҷаҳон дохил шудааст. Маҳз ин иллат сармоягузорони хориҷиро аз ин кишвар ба истилоҳ «метӯронад».
«Курйер Таджикистана» навиштааст, кишваре, ки беш аз як миллиард доллар қарзи хориҷӣ дорад ва истеҳсолоти дохилияш дар сатҳи танҳо каме болотар аз сифр қарор дорад, аз бӯҳрони иқтисодӣ бе сармояи хориҷӣ раҳо нахоҳад ёфт. Вале ҳар сармоядоре, ки бо ҳадафи ба роҳ мондани тиҷораташ ба Тоҷикистон меояд, ба саддҳои бюрократӣ ва пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ барои «бартараф» сохтани ин саддҳо дучор мегардад ва даст афшонда бозгашт меравад. Аммо баръакси соҳибкорони хориҷӣ, соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ маҷбуранд, ки аз рӯи қавоиди ин низом бозӣ кунанд. Муаллифи матлаб ба гувоҳи навиштааш як тадқиқи ахири созмони байналмилалии молиро ба унвони мисол овардааст, ки мувофиқи он 98 дар сади соҳибкорони пурсидашуда иқрор шудаанд, ки бидуни ришва пешравии корашон имконнопазир аст.
Файзулло Расулов - сардори нозироти андози шаҳри Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат бо «Одаму Олам» гуфтааст, аз чиптағундори бозору духтури он сар карда то кормандони стансияи санитарӣ - эпидемиологию "Тоҷикстандарт" ва дигар ниҳодҳои қудратӣ худро дар гиребони соҳибкор меовезанд. Дар ин ҳол, магар соҳибкорӣ дар кишвар рушд меёбад? Ҳаргиз, гуфтааст сардори нозироти андози шаҳри Қӯрғонтеппа.
«Азия Плюс» бо дарҷи хабаре таҳти унвони «задухӯрди таҳамтанҳо магар мусовӣ анҷом ёфт?» аз итмоми қазияи Самариддин Фазлиддинов - раиси ширкати «Самар» бо Амиршо Миралиев - раиси вилояти Хатлон хабар додааст. Тибқи хабар, ҳангоми баррасии қазия дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, муддаъӣ Самариддин Фазлиддинов аз ҳама даъвоҳои худ гузаштааст ва дар натиҷа додгоҳ қарори хобондани парвандаро баровардааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо истинод ба шумораи нахустини имсолаи бюллетени иттилотӣ оид ба амнияти ғизоӣ ва фақр дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби кумитайи омор нашр шудааст, навиштааст, теъдоди аҳолии қобили меҳнат аммо бекори Тоҷикистон дар семоҳаи соли 2004 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дар сад зиёд шудааст. То якуми марти соли 2004 шумори расмии бекорон беш аз сад ҳазор нафарро ташкил додааст. Ва танҳо ним фоизи ин бекорони расмӣ ёрипулӣ мегирифтаанду халос.
Дар ҳамин ҳол, «Вечерний Душанбе» низ бо такя ба ҳамин бюллетени кумитайи омори Тоҷикистон навиштааст, нарху навои маҳсулот дар семоҳаи соли ҷорӣ нисбати як соли қабл ба ҳисоби миёна ду фоиз афзоиш ёфтааст.