Давлатшоҳ Муродов - сокини деҳаи Қарадуми ноҳияи Қумсангир ҳашт моҳ қабл ҳамроҳ бо 30 хонавода аз шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба ин минтақаи марзӣ муҳоҷир карда шудааст, вале ӯ то кунун бо ду оила дар як манзил иҷорашин аст. Давлатшоҳ Муродов мегӯяд, ӯ омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик аст ва феълан дар мактаби деҳаи Қарадум низ муаллимӣ дорад. Қабл аз муҳоҷират масъулон барои ҷалби онҳо навори чанд манзили хуштарҳ бунёдшударо намоиш додаанд. Аммо ӯ мегӯяд, чун ба ин деҳаи марзӣ кӯч бастааст, танҳо манзили нимсохти бомпӯшидаро соҳиб шудааст:
«Моро ваъда карданд, ки шуморо ба деҳаи Қарадум муҳоҷир намуда, 1500 сомонӣ барои муҳоҷират кӯмак мерасонем, ва шумо онро метавонед барои таҳияи лавозимоти рӯзгор харҷ намоед. Илова ба ин ба шумо дар мавриди тармими хонаҳо кӯмак мерасонем.»
Оқои Муродов, ки замони ҳузури мо бо чанд нафар аз ҳамдеҳагон паи тармими манзил буд, изҳор дошт, мушкили аслии мардум дар ин минтақа оби ошомиданӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, қисмати бештарини замини киштзори ин маҳал бо иллати беобӣ мавриди истифода қарор намегирад ва мардум оби ошомиданиро харидорӣ мекунанд: «Обро мехарем, сокинони деҳаро, ки қаблан ба ин деҳа омадаанд, 5-10 сомонӣ медиҳем ва бо хару аробаашон зарфҳои оби моро аз масофаи ду километр мекашонанд. Дар лаби дарёи Панҷ зарфҳои бузурги обнигаҳдорӣ аст ва мо аз он ҷо оби нӯшокӣ мекашонем.»
Дар ҳамин ҳол, Шамсиддин Ҷумъахонов - сокини дигари деҳаи Қарадум гуфт, сарфи назар аз камбуди об сокинони деҳа бо заҳмати зиёд маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тарбуз, харбуза ва пиёз парвариш намуданд, аммо бо иллати он ки деҳа аз маркази ноҳия дар масофаи хеле дур қарор дорад ва нақлиёти мусофирбар аслан аз тариқи ин роҳ ҳаракат намекунад, ҳосили деҳқонии бадастоварда талаф шудааст: «Барои ду кило картошка мо аз инҷо маркази ноҳия меравем ва 10-15 сомонӣ харҷ мекунем. Ин ҷо наздикӣ ягон бозор нест, ки ягон маҳсулотро ба тиҷорат барорем. Соли равон илова бар ин маҳсулоти кишоварзии мардум хеле кам шуд. Масалан, ман дар ду гектар тарбуз парвариш карда будам, дар маҷмӯъ 42 сомонӣ фурухтаму халос. Фурӯхта натавонистем, тарбуз дар саҳро монд, роҳ дур, тоҷирон намеоянд, нақлиёти боркаш ҳар сол бисёр меомад, имсол наомад. Ҳамон маблағ маҳсулотро ба муҳоҷирон фурӯхтем. Бо арзиши як сомонӣ, як халта тарбузро мефурӯхтем.»
Оқои Ҷумъахонов ҳамчунин афзуд, кишоварзони деҳа музди меҳнати парвариши пунбаро, шурӯъ аз моҳи июн надидаанд. Дар мавриди ҷамъоварии пунба бошад, мегӯяд ӯ, феълан ҳаққуззаҳмаи ду даҳрӯзаро ба сокинон пардохт накардаанд.
Аммо Гулчеҳра Шарипова - раиси ҷамоаи Панҷи ноҳияи Қумсангир, ки деҳаи Қарадум шомили ин ҷамоа аст, иддаои сокинони муҳоҷири деҳаи мазкур дар мавриди мушкили об ва ваъдахилофии масъулонро рад кард ва гуфт, ҳукумати ноҳияи Қумсангир манзили муҳоҷиринро таъмир намуда ва онҳоро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин кардааст. Хонум Шарипова афзуд, сокинони Қарадум мушкили об надоранд, зеро аз тариқи дастгоҳҳои обкаш ба воситаи лӯлаҳо сокинон ва киштзори деҳаро бо об таъмин мекунанд: «Замини наздиҳавлигӣ додем, бо намояндаи СММ шартнома бастанд, аз ҳисоби он 25 сотихӣ замин гирифтанд, аз ҳисоби ин созмон барои парвариши гандум, нуриҳои азотӣ ва чор халтагӣ орд доданд. Одаме, ки бе хона буд, омад, соҳиби хонаву дар, соҳиби замин, соҳиби пулу мол, соҳиби 18 сотих замини наздиҳавлигӣ шуд.»
Хонум Шарипова афзуд, бар асоси барномаи бунёди пул аз болои дарёи Панҷ дар деҳаи Қарадум таъсиси бозори байналмилалӣ бо масоҳати 15 гектар ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати роҳандозӣ гаштани барномаи мазкур, мегӯяд ӯ, мушкили об, нақлиёт ва заминҳои бекорхобида, ки дар ин минтақа баробар ба 18 000 гектар аст, ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Аммо сокинони муҳоҷири деҳаи Қарадум бовар надоранд, ин мушкилоти онҳо ба зудӣ ҳалли худро пайдо намояд. Аз ин рӯ, қисмате оилаҳои худро дар ин деҳа гузошта ва маблағи 1 500 сомонӣ ёрии ҳукумати маҳаллиро харҷи роҳ намуда, ба хориҷи кишвар мардикорӣ рафтаанд.
Барот Юсуфӣ, Радиои Озодӣ, ноҳияи Қумсангир