Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсат дар аксҳо ва ё акси сиёсат дар тасвирҳо


Хабарнигори амрикоӣ Тед Ролл, ки барои маҷаллаи интернетии "Евразия нет" кор мекунад, маъмулан бо офариниши мазҳакаҳои тасвирии ҳаводиси муҳими Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон машғул аст. Ман аз ӯ пурсидам, аз нигоҳи як карикатурист дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барояш чӣ мавзӯъҳои ҷолибе пеш омаданд?

Ӯ гуфт: "Тоҷикистон кишвари хеле ҷолиб аст, аммо дунёи хабарии он ба мисли ҳамсоякишварҳояш он қадар рангин нест, ки таваҷҷӯҳи амрикоиҳоро ҷалб кунад. Масалан Туркманистон бо раҳбарии як чеҳраи воқеан ҳам беназири раиси ҷумҳураш Ниёзов барои хабарнигорон хеле ҷолиб аст. Ӯзбакистон ҳам ба хотири нақшаш дар амалиёти зиддитеррор дар хабарҳо зиёд зикр мешавад."

Тед Ролл гуфт, карикатураи нави худро дар маҷаллаи "Евразия нет" ба тасмими ахири раиси ҷумҳури Туркманистон бахшидааст, ки кулли дармонгоҳҳои минтақавии кишварро баста, муолиҷаи беморонро танҳо дар Ашқобот ба монданист. Мазмуни ин карикатура чунин аст:

"Дар расми аввал сурати раиси ҷумҳур Ниёзов ҷо дода шудааст, ки амри нави худро эълом мекунад. Хитоб ба мардум ӯ мегуяд, "аз ин ба баъд ҳеҷ як дармонгоҳе дар манотиқи кишвар ба таври ройгон фаъолият нахоҳад кард, агар бемор шудед, ба Ашқобод биёед". Дар айни замон ишора мешавад, ки чашми худи ӯро ба тозагӣ табибони олмонӣ ҷарроҳӣ кардаанд.

Дар навори дуюм харитаи Туркманистон тасвир ёфтааст ва ишора мешавад, ки манотиқи аҳолинишин дур аз пойтахт аст ва роҳи онҳо ба пойтахт пур аз мору калтакалосу каждум. Дар навори сеюм пирамардеро табиб муоина мекунад ва мегӯяд, "хуб аст, ки ман бо вазъи шумо ошно шудам", манзураш ин аст, ки ин пирамард мемирад.

Ва дар навори чаҳорум акси раиси ҷумҳур Ниёзов тасвир мешавад, ки боз ҳам хитоб ба мардум мегӯяд, "ҳамаи давоҳоро барои мушкилоти худ шумо аз китоби ман - "Руҳнома" пайдо хоҳед кард."
Аммо карикатура чӣ жанре буда метавонад - ҳунари наққошӣ, ё журналистика?

Тед Ролл мегӯяд: "Карикатура метавонад бори мазҳакаи оддиву ҳам бори мазҳакаи сиёсиро бикашад. Ман бештар бо карикатураи сиёсӣ машғулам. Дар баъзе ҳолатҳо карикатура нақши журнализмро иҷро мекунад, ва ҳатто метавонад хабарсоз ҳам бошад."

Дар айни замон Тед мегӯяд, офаридани як карикатура баъзан вақти зиёд мехоҳад: "Душвор аст, ки масъалҳои сахти сиёсиро танҳо дар чаҳор расм ҷой бидиҳӣ."

Аз Тед Ролл, пурсидам, оё дар таҷрибаи 14-солаи фаъолияташ ба ҳайси карикатурист - оё қаҳрамонҳои мазҳакаҳои ӯ чӣ вокунише нишон додаанд?

"Ман медонам, ки раиси ҷумҳур Клинтон шахсан аз як карикатураи ман ранҷида буд. Ман ӯро дар ҳоле тасвир кардам, ки ба мардум дод мезад. Сиёсатмадорон ҳам инсон ҳастанд ва онҳо ҳам ба осонӣ меранҷанду механданд. Ростӣ, ман ҳамчунин вокуниши мусбатро ҳам рӯ ба рӯ шудаам. Ҳатто сенаторҳои амрикоӣ, ки ҳамеша маро бо чашми танқид мебинанд, иқрор мекунанд, ки баъзе аз корҳои ман мавриди писанди онҳо аст."

Зимнан оид ба карикатура дар нашрияҳои Тоҷикистон. Замони шӯравӣ маҷаллаи "Хорпуштак" дар тарбияи карикатуристҳои маҳаллӣ хизмати бузург кардааст. Набӣ Юсупов, сардабири ҳафтаномаи "Азия Плюс" гуфт, ин жанр дар Тоҷикистон тақрибан аз байн рафтааст: "Ин жанр мурдааст. Мо мактабе надорем, ки карикатурист тарбия кунад. Аз ҳамин хотир, барои мо, осонтар аст, ки аз интернет карикатураҳои тайёрро нусхабардорӣ карда, дар нашрия ҷой диҳем, аммо на ҳамеша мазмуни онҳо ба воқеияти Тоҷикистон мувофиқат мекунанд. Аммо мо илоҷи дигар надорем."
XS
SM
MD
LG