Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Манижаи Давлат дар сабқати таронаҳои ТВ "Тулӯъ" дар Афғонистон


Султони Ҳамад

Шабакаи телевизионии "Тулӯъ", яке аз маъруфтарин шабакоти телевизионии Афғонистон, эълон дошта, ки дар сабқати таронаҳои ин шабака дар ҳафтаи гузашта овозхони тоҷик Манижаи Давлат бо таронаи "Бар ман бигзарад" мақоми аввалро касб кардааст.
Шабакаи "Тулӯъ", ки дар рӯз 24 соат барнома пахш мекунад, дар барномаи тафреҳии мавсум ба "Лас" ҳар рӯз 8 таронаи афғониву эронӣ ва тоҷикиву ҳиндиро ба маърази тамошо гузошта, ҳаққи қазоватро ба худи тамошобинон вогузор мекунад. Таронаи Манижаи Давлат дар ин сабқат бар таронаҳои овозхононе ба мисли шодравон Аҳмади Зоҳир, Фарҳоди Дарё ва овозхони маъруфе аз Эрону Ҳинд баранда шудааст.

Манижаи Давлат дар як гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ баранда шуданаш дар озмуни телевизиони афғонии "Тулӯъ""ро барои худ хушбахтӣ дониста гуфт, мехоҳад худро дар байни тамошобинони афғон бубинад. Манижаи Давлат гуфт, таронаи "Бар ман бигзарад"-ро ҳанӯз дар остонаи соли нави 2004 бар пояи оҳанги Зикруллоҳ таҳия карда буд ва он дар ду зарб иҷро шудааст. Таронаи "Бар ман бигзарад" дар озмуни "Суруди Сол-2004" низ беҳтарин тарона дониста шуда буд.
Султони Ҳамад, Кобул
XS
SM
MD
LG