Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобҳо барои кӯдакон оё шавқоваранд?


Пас аз 16 соли хомӯшӣ нашриёти «Адиб» чопи силсилсилаи китобҳои «Дурдонаҳои аср» - ро дубора эҳё намуд. Ин силсила иборат аз китобчаҳои махсусест, ки дар он панду андарзҳо ва шеърҳои адибони классики тоҷик ба мисли пораҳо аз «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» - и Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ, «Саодатнома»-и Носири Хусрав ва «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарҳо гирд оварда шудааст. Фарҳод Раҳимов, муовини раиси нашриёти «Адиб» мегӯяд, бар иловаи ин силсила, ҳамчунин, ин нашриёт боз қариб даҳ китоби бачагонаи дигарро ахиран чоп кардааст. Ҷаноби Раҳимов чанде аз онҳоро ом бурд, ба монанди «Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ» аз Сафияи Носир, «Ростак ва дурӯғак», китоби Исроили Иброҳим, «Гаҳворабандон» -и шоира Фархунда, «Пойгаҳ» -и Муҳаммад Ғоиб ва дигар...

Қаҳрамонони асосии ин китобҳо, худи кӯдакону наврасонанд, онҳо аз душвориҳои зиёди зиндагӣ намеҳаросанд, навмед намешаванд. Хислатҳои неку бади инсониро ба хуби дарку мулоҳиза менамоянд ва ҳурмату эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо меоранд. Ин аст мавзӯҳои аслии китобҳои ҷадиди бачагона, ки ба гуфтаи Фарҳод Раҳимов метавонад, дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии насли наврас нақши муҳим бозад.

Фарҳод Раҳимов гуфт, чаҳор соли ахир барои чопи китобҳои бачагонаю калонсолон маблағи мӯайяне ҷудо мешавад ва ҳар сол нашриёт то 60 номгӯи китобро чоп менамояд, ҳар яке то 2000 нусха. Аммо гуфта мешавад, ин теъдод барои хонандагон хеле кам аст ва аз ҷониби дигар на ҳамаи ин китобҳо барои хонандагон шавқовар аст. Вале то куҷо наврасону кӯдакон ба мутолиаи китоб таваҷҷӯҳ, вақт ва ё имкон доранд? Таваҷҷӯҳ кунед ба ҳарфҳои худи онҳо:

«Ман хондагиям, лекин ҳозир дар ёдам нест кадом китоб буд»
«Ман китоби афсонаи «Хорпуштак ва рӯбоҳ»-ро хондагиям, лекин ки навиштагияша намедонам, дар бораи як хорпуштаку сангпушт аст, ки харбуз ва нахудхӯрӣ мераванд ва боғбон онҳоро дида мезанад.»
«Бале, ман афсона медонам, афсонаи «Красная шапочка»,инро ба ман очам нақл кард.»


Азизи Азиз, адиби кӯдакон мегӯяд, аксари китобҳои кӯдакона тақрибан бе сурат нашр мешаванд, ки ҷавобгӯи завқи кӯдак нестанд ва онҳоро тақрибан кӯдакон намехонанд:

«Хандаовар аст, вақте нашриёт барои кӯдакон як китобе чоп мекунад, ки ягон сурат надорад, агар китоби бачагона 70 фисад аз расм иборат набошад ва ин расмҳо ранга набошанд беҳтараш ин китоб чоп нашавад, чунки кӯдак пеш аз он, ки китоб хонад аввал китобро варақ мезанад, ки чи суратҳо дорад.»

Фарҳод Раҳимов, муовини раиси нашриёти «Адиб» мегӯяд, имрӯз нашриёт аз набуди таҷҳизоти махсуси рангакунони мушкилӣ мекашад. Аз ин аст, ки танҳо саҳифаи аввали китобҳо ба расмҳои ранга оро шудаасту дигар ҳама сафҳаҳо қариб бе расм ва танҳо аз навиштаҳо иборатанд.
XS
SM
MD
LG