Намояндаи расмии вазорати ҳамлу нақли Русия Тимур Ҳикматов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаракати қатор дар хати роҳи оҳани Маскав-Душанбе пас аз тавақуфи чорсола аз сар гирифта хоҳад шуд. Вай хабар дод, масъалаи азсаргирии ҳаракати қатори Маскав-Душанбе дар нишасти намояндагони роҳи оҳани Русия ва Тоҷикистон дар Маскав баррасӣ ва ҳал шуд ва аммо замони мушаххаси ҳаракати қатори Маскав-Душанбе бастагӣ дорад, ба ҳалли масъала дар Узбакистон ва Қазоқистон.
Тимур Ҳикматов афзуд: "Ба ҳамин далел замони асаргирии ҳаракати қатори Маскав-Душанбе ҳанӯз маълум нест, аммо умед аст, ки ҳал хоҳад шуд. Русия омода аст, ҳаракати қатори Маскав - Душанберо барқарор намояд."
Намояндаи вазорати ҳамлу нақли Русия ҳамчунин тавзеҳ дод: "Дар оғоз қатор байни пойтахтҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳафта як бор ҳаракат мекунад. Баъдан қатори Маскав-Душанбе ҳафтае се бор рафтуомад хоҳад кард."
Намояндаи вазорати ҳамлу нақли Русия таъкид кард, ки ҳаракати қатор байни Маскав-Душанбе ба далели муроот нашудани вазъи беҳдоштӣ дар қатор бо ибтикори Маскав қатъ карда шуда буд. Лозим ба ёдоварист, ки чор соли ахир қатори Тоҷикистон танҳо то вилояти Астрахан, воқеъ дар марзи ҷанубии Русия ҳаракат мекунад. Ба ин далел ҳазорҳо муҳоҷирон тирамоҳу баҳорон ба мушкили рафтуомад мувоҷеҳ ҳастанд.
Дар ҳоле, ки қиммати чиптаи ҳавопаймои Маскав- Душанбе ахиран то 270 доллар боло рафтааст, азсаргири ҳаракати қатор бо қиммати пойинтар дар хати роҳи оҳани Маскав-Душанбе мушкили ҳазорҳо оворагонро осон хоҳад кард.