Намоз Худоёров ҳамакнун соли 15 аст, ки анвоъи морҳоро дар Кӯҳи Хӯҷаи Муъмин, парвариш дорад ва аз ҳисоби ҳамин морҳо, ба вежа мори кубро рӯз мегузаронад. Намоз мегӯяд, баъди бастани мактаби худрӯй, ки дар он дар як синф аз 7 то 17 сола таҳсил доштанд, нахост ҳамчун дигарон ба Русия ба мардикорӣ равад. Чун мактаби ӯро бастанд ва ҳамсинфони фарзандони Намоз имкони сабақгирӣ надоранд, Намоз талош дорад, ки ҳадди аққал ду писари худро савод омӯзад.
Дар ин зимн, барои рӯзгузаронӣ Намоз барои маризони мухталиф як ошхонаи вижа ва камназир сохтааст. Ошхонаи Намоз ба мизоҷони мариз анвоъи гуногуни кабобу таъомҳоро аз...гӯшти МОРҳои заҳрдор пешниҳод мекунад.
«Мори куброро баданашро аз рагҳои заҳргузар пок мекунам ва тариқи хомшӯрбо, бирён, «капченний» ( дудӣ) вобаста ба касали одамон ба онҳо мехӯронам. Ман касалҳои бавосир (геморрой), захми рӯдаро шифо мебахшам, равғани мор ба марази ҷоғар ва касалиҳои пӯст фоида дорад.»
Намоз мегӯяд, фикри таҳияи ҳамингуна таъом пас аз шифои фарзанди ӯ ба сараш омадааст ва тӯли чанд сол ӯ амрози мухталифро бо гӯшти мор сиҳат кардааст:
«Ҳама дар оилаи мо гӯшти мор мехӯрад. Зеро писари хурдиам бемор шуд, ягон духтури шифохона шифо карда натавонист. Ман як морро кушта, хомшӯрбо карда ба ӯ хӯронидам ва 4 сол аст, ки ӯ дигар мариз нашудааст.»
Ва аммо то таҳияи гӯшт ва хӯрок бояд куброро дошт, ки ин ҳам як амали хеле хатарзост. Тиҷорати Намоз бизнеси хонаводагист ва тамоми аҳли байти ӯ шурӯъ аз зану фарзанд то худи сарвари хонавода бо ҳамин кор машғуланд ва ҳар рӯз то 15 кубро медоранд.
Дар ҷаҳон 2700 навъи мор мушоҳида шудааст. Аз ин теъдод дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқ узви Иттиҳоди Шӯравӣ 58 навъ ва дар Тоҷикистон 15 намуди мор ба сар мебарад. Бештари морҳои Тоҷикистон ҳамчун кӯрмор, мори печон, мори чипор, тирмор ба гурӯҳи морҳои теъдодашон хеле кучак шомиланд ва дар марзи маҳв қарор доранд. Кубро, гурза, афъӣ ва мори обӣ дар мавзеъи кӯҳманзар ва водиҳо бо теъдоди зиёд мушоҳида шудаанд. Кубро ё Naja Oxiana мори заҳрдор аст. Дарозии кубро то 180 см буда дар кӯҳ, водӣ, дараҳо, мавзеъи санглох, буттазор, харобазор ва маҳаллаҳои аҳолинишин ба сар мебарад. Кубро то 12 сол умр дида дар се солагӣ бо дигар ҳамтарзҳои худ ҷуфт мешавад. Заҳри кубро таъсири марговар дорад! Дар фармокология заҳри кубро зиёд истифода мешавад ва аз ин рӯ шикорчиҳои ин навъи мор дар Тоҷкикистон меафзоянду теъдоди кубро коҳиш меёбад.
Ду писари Намоз ҳам идомадиҳандаи кори падар, ромкунандаи куброанд. Онҳо мегӯянд, аз синни томактабӣ бо мор сару кор доранд ва куброро бе ягон мушкил медоранд:
«Агар падарамон набошад, морҳоро ба ҳавлӣ бароварда, сар медиҳем, ки каме гарданд, баъд боз дошта, ба катакҳо меандозем.»
Ва аммо ин иддао, ки ҳамакнун рӯи сабзаи навхезе, ки мо сӯҳбат дорем, 6 кубро ҳалқа задаанд. Намоз мегӯяд, морҳоро ҳар субҳ озод мекунад ва шаб онҳоро бозпас медорад. Намоз Худоёров меафзояд, аз кубро ҳаросидан лозим нест. Зеро кубро ҳарчанд дар тахайюли одамон як ҷондори бисёр бадгуҳар муаррифӣ шудааст, дар асл як мори олиҳиммат аст ва ҳаявону одамро тақрибан намегазад. Кубро қабл аз дарафтодан, то ним метр баланд шуда, сӯи одам ё ҳайвон фашшос мезанад ва рақиби эҳтимолии худро аз набарди қарибулвуқӯъ хабардор мекунад. Ва агар одам ё ҳайвон даъвати морро напазируфта аз роҳ баргардад, кубро ҳам ба роҳи худ меравад.
Намоз Худоёров ва Бобохон Раҳмонов, як дӯстдори дигари табиат дар гузашта ҳудудан 100. 000 морро бо шумули кубро, афъӣ, гурза ва ҷаъфариро парвариш карда, дар мавзеъи кӯҳманзар озод кардаанд:
«Мо дар Кӯлоб як корхонаи морпарварӣ доштем, бо сарварии Бобохон Раҳмонов. Баъди басташавии ферма 96000 морро гирифта, бурда ба Мӯъминободу Дашти Ҷам Сар додем. Бигузор зиндагонӣ кунанд. Онҳо ба касе зарар намерасонанд.»
Барои Намоз Худоёров шикори кубро шуғл нест. Ин амал барои зиндагонии ӯ ва серу пур доштани 4 писар ногузир аст. Ва аммо бо вуҷуд ба иттилоъи худи Намоз ҳамакнун мавсими таваллуди кубро фаро расид ва то моҳи апрели соли дигар ошхонаи камназири муолиҷавии Намоз бо номгӯи таъомҳои нодире ҳамчун моршӯрбо, моркабоб, морбирён ва куброи дудӣ бастааст.