Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон: Имрӯз ва фардои он


Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон аз соли 1991 фаъолияти хешро шурӯъ кардааст. Имрӯз ин иттифоқ ҳудудан 20 ҳазор узв дорад. Ва ба гуфти Мавлон Шарифов, сухангӯи кумитаи кор бо ҷавонон, дар тӯли ин 14 соли фаъолият иттифоқи ҷавонон бо вуҷуди мушкилоти афзун фаъолияти худро қатъ накардааст. Аммо Мавлон Шарифов меафзояд, тайи чанд соли ахир бо зиёд шудани иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ки теъдодашон ба 150 расидааст, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба Иттифоқ сахт коҳиш ёфта фаъолияти иттифоқ ҳам назаррас набуд.

Ва аз ҳадафҳои аслии зарурати баргузории анҷумани ҳафтуми иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳам маҳз дар ҷоннок ва беҳтар кардани фаъолияти ин иттифоқ дар миёни ҷавонон будааст. Зуфарҷон Исмоилов, вакили Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, онҳо барои пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба ҳизбу ҷунбишҳои экстремистӣ барномаҳои заруриро таҳия мекунанд.

«Дигаргуниҳо дар ҷомеа ҳам ба маънои мусбӣ ва ҳам манфӣ дар навбати аввал ба ҷавонон таъсир мерасонанд. Ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ҳастанд ва аз ин қувваҳои гуногун ба мақсадҳои гуногун истифода кардани мешаванд. Масалан Ҳизб-ут- таҳрир моро ба андеша водор месозад. Бинобар ин баҳри пешигирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои экстремистӣ, қонуншиканиҳо барномае таҳия намуда корҳои ташвиқотиро ҷоннок менамоем.»

Мавлон Шарифов, сухангӯи кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, иттифоқи ҷавонон нақша дорад, дар ТВҳои Тоҷикистон барномаҳои махсуси худро вобаста ба мушкилоту ҳаёти ҷавонон таҳия кунад, ки бевосита худи ҷавонон тариқи ин барномаҳо аз дардҳои дили худ ҳарф зананд.
XS
SM
MD
LG