Даҳҳо нафар дар баҳси "Таҳсил дар хориҷа" дар саҳифаи интернетии мо иштирок кард. Ҳар кас андешаи худро баён дошт ва ин андешаҳо гуногун буданд. Онҳое ки таҳсил дар хориҷаро тавсиф мекарданд, мегуфтанд, ин на танҳо як роҳи олии донишандӯзист, балки ҳамчунин имкониятест, барои мулоқот бо мардуми гуногун ва фарҳангҳои мухталиф. Онҳое ки зид буданд, мегуфтанд, дар гузашта таҳсили тоҷикон дар Русия ва Туркия паёмадҳои ногувор дошт, зеро ҳарчанд мутахассисони кордон ба воя расиданд, манфиатҳои миллӣ хор шуданд. Дӯсти мо Ҷовидон навишт, зиндагӣ дар кишвари хориҷӣ меҳри ватанро низ афзун мекунад ва аз ҳамовардонаш даъват кард, баъд аз таҳсил ба Тоҷикистон баргарданд, то дар ободии ватан саҳм бигиранд.
Аммо ингуна ақидаҳо низ ҷой доштанд: "Хориҷа ҷои таҳсил нест! Чи тавре ҷаноби олӣ мӯҳтарам Э. Ш. Раҳмонов дар вохӯрӣ бо ҷавонони мамлакат изҳор доштанд, Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин аст. Он обу ҳавое, Тоҷикистон дорад ягон давлати рӯи замин надорад. Далер"
Ва донишҷӯе бо номи Сардор аз Лондон ба ӯ посух дод: "Дар оянда ва ҳоло ҳам танҳо ҳавои тоза ва беғубори ватан онро ба биҳишт табдил намедиҳад. Тоҷикистонро рушди илм, технология, саноат ва иқтисодиёт биҳишт месозад."
Ва саволи асосӣ ин буд, ки ба истиснои вазъи иҷтимоӣ, дараҷаи омодагии омӯзгорон ва дастрасӣ ба иттилоъ низоми таҳсил дар хориҷа аз Тоҷикистон чи фарқ дорад?
НАРХИ ДИПЛОМ
Як масъалаи сахте ки қариб дар ҳамаи номаҳо зикри он ҷой дошт, масъалаи пул аст. Дар гузашта мо шарм мекардем, ба ин қабил чизҳо ҳатто ишора кунем. Агар "дипломат чанд пул афтод" -- гуфта савол шавад, зуд ришвахорӣ дар мактабҳои олӣ ба ёд мерасад. Аммо таври маълум низоми таҳсил дар аксари кишварҳои ҷаҳон пулакист ва дар Амрико мактаби қиматтар баобрӯтар шумурда мешавад. Ё бешӯхӣ гӯем, мактаби зӯр нархи баланд дорад. Муаллифони бисёре аз номаҳо гуфтаанд, таҳсил дар хориҷа хуб аст, мо орзу дорем, аммо пул надорем. Роҳи пулро ҳамнафаси мо Латифи Латифӣ ба шумо нишон медиҳад. Агар гузориши шавқангези ӯро бо фишор ба ин ҷумлаи сабз (ё ба рамзи радиоча дар охири сарлавҳа гӯш кунед, ба хулосае меоед, ки дарёфти маблағ барои таҳсил дар Амрико роҳиҳалҳои гуногун дошта метавонад. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷавонони умедбахши худро аз ҳисоби хазинаи давлат ба таҳсил дар донишгоҳҳои машҳур мефиристанд. Дар Тоҷикистон низ ин таҷриба вуҷуд дорад, аммо онҳое ки ба мо нома навиштаанд, ба озмуну гузинишҳои одилона шубҳа доранд ва мегӯянд, танҳо фарзандони мансабдорон ба хориҷа мераванд. Ҳарчанд нафари дигар менависад, ки озмунҳо дар сафорати Амрико, масалан, фақат бар пояи донишу фаҳмиши шавқмандони таҳсил бастагӣ доранд. Ва як муаллифи дигар менависад, дуруст аст, ки Тоҷикистон барои таҳияи мутахассис сармояи кам дорад ва пешниҳод мекунад, хуб дар ин ҳолат беҳтар аст, иду ҷашнҳои серхарҷро камтар гузаронем ва маблағи онҳоро барои ояндаи кишвар харҷ кунем.
ДУ НИЗОМ
Агар дар хотир дошта бошед, дар моҳи августи соли равон гуфтугӯе доштем бо, устоди забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Отто Фридриши шаҳри Бамберги Олмон Соҳибназар Ғайратшоев тамос гирифтем. Вай аввал дар донишгоҳи Тоҷикистон ва сипас дар донишгоҳи Олмон таҳсил кардааст ва шояд беҳтарин касест, ки метавонад, ду низомро ба ҳам қиёс кунад. Аз ӯ мепурсам оё фарқият миён ин ду чист?
Мегӯяд: "Ба фикрам, фарқи асосӣ ин аст, ки дар донишгоҳҳои Олмон донишҷӯ имкон дорад ва ҳатто аз ӯ талаб карда мешавад, ки бештар мустақилона фикр ва амал кунад. Сониян, кӯшиш мешавад, донишҷӯ бо тамоми афзори зарурӣ таъмин бошад. Истифода аз шабакаи интернет дар ин ҷо ройгон аст ва ҳама гуна таҷҳизоту лавозимоти фаннӣ низ. Дигар ин ки манфиатҳои донишҷӯ дар ҷои аввал қарор доранд ва вай ҳақ дорад, ҳар вақте ки зарур донист, бо устоди худ дар тамос шавад, назди ӯ равад ва ба саволҳои худ ҷавоб гирад."
Савол: "Аммо устодон чигуна сатҳи дониши вайро мефаҳманд ё месанҷанд ва аз рӯи чӣ ба кори донишҷӯ баҳо медиҳанд? Соҳибназар Ғайратшоев, устоди Донишгоҳи Отто Фридриши шаҳри Бамберг дар Олмон: "Дар оғоз номгӯйи вазифаҳое мавҷуд аст, ки донишҷӯ бояд анҷом дода, ба омӯзгор пешниҳод намояд. Ин аз мутолиаи адабиёт то таҳияи рисолаҳои кӯчак аст. Аз сӯи дигар семинарҳои илмӣ нишондиҳандаи сатҳи донишанд. Донишҷӯ бояд на камтар аз як дафъа барои ним ё як соат мавзӯъро муаррифӣ кунад. Сипас, онро дар шакли хаттӣ ба устод пешниҳод намояд. Ин сатҳи дониши навиштории ӯро нишон хоҳад дод. Баъдан як имтиҳони куллӣ пеш меояд бо саволҳои зиёд, ки аз рӯи онҳо донишҷӯ баҳо хоҳад гирифт. Дар Олмон ҳанӯз аз мактаби миёна кӯшиш мешавад, ки кас тавонад, андешаи худро озодона ва равону шево баён намояд. Дар Тоҷикистон ин хел нест. Шумо мактабро тамом мекунед ва ҳатто донишгоҳро, аммо қодир ба ин нахоҳед буд, ки озоду боз фикри худро баён карда тавонед." Саҳифаи интернетии Соҳибназар Ғайратшоев "Тоҷикӣ ширинтар аст" ном дорад. Ин хатти сабзро пахш кунед ва ба он саҳифа равед ва ё ин нишониро бигиред: www.tajiki-shirintar-ast.de
НАЗАР ВА АНДЕША
Донишгоҳҳои ҷаҳон як давраи дигаргуниҳои тӯфониро ба сар мебаранд. Навиштааст, маҷаллаи Экономист, аниқтараш як давраи тӯфонҳои ҳамроҳ бо озарахш ва сойиқаро. Ба дараҷе ки худи маънии бунёдии таҳсил дар донишгоҳ бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Ин маҷалла чор чизро сабаби чунин инқилоб медонад. Якум, афзоиши саҳми калонсолон дар таҳсили олӣ, ба вижа дар кишварҳои доро. Дуюм, амиқрафти дониш, бахусус донишҳои иқтисодӣ, ки аз пулу мол ҳам гаронтар мешавад. Сеюм, глобализатсия ва ба як саноати содиротӣ табдил ёфтани таҳсили олӣ ва чорум, рақобат дар бозори донишу донишҷӯ.
Дар як пажӯҳише ки маҷаллаи Экономист анҷом додааст, таҳсили олӣ дар Амрико беҳтарин дар ҷаҳон номида шуд. Ба он сабаб ки донишгоҳҳои амрикоӣ ба давлати Амрико камтар бастагӣ доранд, манбоеъи даромади онҳо гуногун аст ва дар синфхонаи онҳо намояндагони қавму нажодҳои мухталиф ҷамъ меоянд ва анвоъи донишҳои пешниҳодии онҳо густарда аст. Маҷалла мегӯяд, аз 20 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон 17-тояш дар Амрикоянд.
Ҳамроҳи ҳамнафаси мо дар Душанбе, Нилуфари Собир шуниде, ки дар Тоҷикистон ба таҳсили олӣ дар хориҷа куллан назари мусбат доранд ва ҷавонони тоҷик ҳарчи бештар ба донишгоҳҳои хориҷӣ мераванд. Вале чандин нафар изҳори ташвиш кард, ки зиндагии осуда ва шавқангез дар хориҷа сабаб мегардад, то онҳо баъд аз хатми таҳсил ба ватан барнагарданд. Аз ин кор ба Тоҷикистон фоидае намерасад. Як раҳгузари дигар гуфт, онҳо бояд нағз хонанд ва обрӯи мардуми худро ҳифз намоянд.
ДИЛИ МОДАР
Вақте мехостем ин барномаро таҳия кунем садҳо донишҷӯи тоҷик ба ёди мо расид, ки дар кишварҳои гуногун таҳсил мекунанд. Яке аз онҳо Рустам Мирзоширинов, донишҷӯи Донишгоҳи Батон Ружи аёлати Луизиана дар Амрикост, ки дар рӯзҳои тӯфони Катрина ҳамаи мову шумо бо ӯ шинос шуда будем. Хостем бори дигар ба ӯ занг занем ва дар бораи таҳсили ӯ сӯҳбат кунем, вале ин бор тасмими дигар гирифтем ва ба Душанбе занг задем. Модари Рустам аз он ки фарзандаш дар як кишвари дур мехонад, фахр кард ва орзу намуд, вай хуб таҳсил кунаду мутахассиси хуб шуда ба ватан баргардад. Модар гуфт, вақте хабари тӯфони Катринаро шунид, бисёр дар ташвиш афтод ва хуб буд, ки Рустам пайдарпай занг заду гуфт, ки вай сиҳату саломат аст. Модар гуфт, писарашро ба паноҳи худо супурдааст. Ва худо бояд паймояндагони роҳи илмро дар паноҳаш нигаҳ дорад.
ВОКУНИШИ ХОНАНДАИ ИН МАҚОЛА
"Ман худам дар ду донишкадаи хориҷӣ ва як донишгоҳи Тоҷикистон таҳсил кардаам.Дар муқоисаи сатҳи донишомӯзонии муаллимон ва плани хониш гуфтаниам ки донишкадаҳои Тоҷикистон хеле харобанд. Агар аттестатсияи муаллимони мактабҳои олии Точикистонро аз ректорон саркарда то муаллимони оддӣ комиссияҳои мустақил бо ширкати устодон аз донишгоҳҳои намоёни хориҷӣ мегузарониданд, баъд сатҳи дониши муаллимони мактабҳои олии Тоҷикистон маълум мешуд.
Солеҳ"