Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари Родиёи Озодӣ дар Тошканд баста шуд


Гулноза Саидазимова Вазорати хориҷаи Узбакистон аз тамдиди эътиборномаи дафтари Родиёи Озодӣ дар Тошканд сарпечӣ кард

Ҷефф Трембл - раиси муваққати Родиёи Озодӣ гуфт, тасмими ҳукумати Узбакистон - ҳамлаи дигаре аз тарафи давлати Ислом Каримов ба ҳуқуқи башари мардуми Узбакистон аст.

Ин иқдоми ғайримуҷози Узбакистон вазъи бе ин ҳам ногувори озодии баён дар Узбакистонро боз ҳам тиратар сохта ва ҳамлаи дигари давлати Каримов ба ҳуқуқҳои бунёдии мардуми узбак мебошад. Бо вуҷуди мамониатҳо, Родиёи Озодӣ аз талошҳояш ба манзури ба самъи мардуми он кишвару Осиёи Марказӣ ва ба самъи соир шунавандагони худ расонидани гузоришҳои дурусту воқеъӣ дар бораи масоили Узбакистон даст нахоҳад кашид:

Родиёи Озодӣ дар фазои маҳдудшудаи матбуотии Узбакистон аз соли 1996 то ба ҳол фаъолият дорад ва ҳарчӣ бештар худро таҳти фишори мақомоти ин кишвар эҳсос мекунад. Шурӯъ аз рӯзи 13 майи соли равон, ки саркӯби шадиди тазоҳуркунандагон дар шаҳри Андиҷони Узбакистон иттифоқ уфтод, ин фишор болои Родиёи озодӣ афзоиш ёфтааст.
Дар тули бӯҳрони Андиҷон хабарнигорони Родиёи Озодӣ таҳаввулотро пайваста пайгирӣ мекарданд ва дар гузоришҳо созмонҳои ҳуқуқи башар неруҳои ҳукумати Узбакистонро дар он муттаҳам мекардаанд, ки садҳо тан аз мардуми осоштаро ҳадафи тир қарор доданд.
Чанд рӯз баъд аз ҳаводисии Андиҷон хабарнигорони Родиёи Озодӣ ҳамроҳ бо дигар хабарнигорон аз Андиҷон ихроҷ шуданд. Ба думболи ин таҳдид ва озору азияти хабарнигорон ҳангоми анҷоми вазоифашон шурӯъ шуд. Моҳи августи соли равон Носир Зокир, яке аз хабарнигорони Родиёи Озодӣ дар Намангон бо иттиҳоми тӯҳмат ба як пулис барои 6 моҳ зиндонӣ шуд. Фаъолони ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки иттиҳомот сохта буданд. Теъдоди зиёде аз хабарнигорони Родиёи Озодӣ ва хонаводаҳои онҳо мавриди таҳдид аз тариқи телефон ва бозҷӯии мақомоти интизомӣ қарор гирифтанд. Дастгоҳҳои сабти хабарнигорони РО аз сӯи пулис мусодира шуда, бархе аз онҳо лату кӯб мешуданд. Моҳи сентябр ҳангоме, ки 15 муттаҳам ба даст доштан дар нооромиҳои Андиюон мавриди муҳокима қарор доштанд, Додситони Узбакистон хабарнигорон РО ро ҳамроҳ бо дигар хабарнигорон ба шумули БиБиСи, Ассошейтед пресс ва Дойче Веле дар он муттаҳам кард, ки гӯё онҳо дар тазоҳуроти зиддидавлатии Андиҷон ба террористҳо кумак кардаанд. Ва охирин иттиҳом алайҳи хабарнигорон аз сӯи худи Ислом Каримов дар маросими рӯзи Қонуни асосӣ дар Тошканд эрод шуд. Ӯ гуфт:

Чӣ касе мояи пахш шудани ин сӯҳбатҳо ва тӯҳматҳо алайҳи Узбакистон дар сартосари ҷаҳон шуд. Шумо худатон ба чаш дидаед, имрӯз он касе, ки расонаҳои хабариро таҳти контрол дорад, фазои иттилоттиро даро контрол дорад аз ин тари0қ ба дигарон нуфуз мекунад ва ҷаҳонро ҳукмронӣ мекунад. Ва мо бисёр заиф мондаем.

Моҳи октябри соли равон Би-Би-Си эълон кард, ба иллати он ки кормандонаш пайваста мавриди таҳдид қарор мегиранд, дафтари худ дар Тошкандро мебандад. Ҳадди аққал 7 хабарнигори Би-Би-Си ё худ Узбакистонро тарк карданд ва ё маҷбур ба тарки ин кишвар шудаанд. Ду нафар аз кормандони Би-Би-Си, ки аҳли Узбакистон буданд, паноҳандагии сиёсӣ гирифтанд. Интернюс, яке аз созмонҳои хабарии байналмилалӣ низ дар моҳи октябр пас аз 10 соли фаъолият дар Узбакистон маҷбур шуд дафтари худро дар Тошканд бубандад. Ин созмон тули як сол маҷбур буд дар додгоҳи Узбакистон посухгӯи иттиҳомоте чун тавлиди барномаҳои телевизионӣ бидуни муҷаввизи корӣ бошад.
Хабарнигорони Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Ландан низ аз озору азият дур намонданд. Саҳифаи интернетии ин созмон бо забони узбакӣ масдуд шуд. Ва гузоришгарони Пажуҳишгоҳ, аз ҷумла, мудири он Галима Бухорбоева, маҷбур ба тарки Узбакистон шуданд. Галима Бухорбоева, ки дар Иёлоти муттаҳида паноҳ ҷустааст, дар сӯҳбате бо мо гуфт, Родиёи Озодӣ охирин манбаъи иттилоъи дақиқу бетарафона дар Узбакистон аст. Бухорбоева афзуд:

Имрӯз мо натанҳо тими ҳирфавии хабарнигорони Родиёи Озодиро аз даст медиҳем, балки мардуми Узбакистон охирин минбари ибрози назари алтернативии худро аз даст доданд. Ва на танҳо мардум аз як манбаъи хуби хабарӣ, балки ҳамчунин аз як паноҳгоҳ, як маҳалли амн барои руҷуъ аз нигарониҳои худ маҳрум шуданд.

Вазорати хориҷаи Узбакистон мегӯяд, иллати тамдид нашудани эътиборномаи дафтари Родиёи Озодӣ дар Тошканд ва хабарнигорони он бар ин далел буд, ки гузоришгарони ба истилоҳ муваққатӣ, ки бидуни эътиборнома вориди фаъолитяи хабарнигррорӣ шудаанд, қавонини расонаҳои гурӯҳии Узбакистонро помол мекарданд. Аммо Питер Нурландер, яке аз ҳуқуқдонҳои Созмони ҳуқуқи башар, мавсум ба "Моддаи 19" ин тасмимро мавриди суол қарор медиҳад:

Агар чунин қавонине вуҷуд дорад, дар он сурат ин қавонин зидди қавонини байнулмиллалӣ дар мавриди озодии баёнанд. Агар шумо ба кишварҳои дигар назар кунед, мебинед, ки родиёҳо ва матбуот пайваста аз хабарнигорони озод истифода мекунанд ва ин журналистон эҳтиёҷ надоранд, ки муҷаввиз дарёфт кунанд ё расман сабти ном шаванд. Дар натиҷа ман бояд бигӯям, иқдоми ҳукумати Узбакистон бисёр суолбарангез аст.

Пас аз таҳаввулоте, ки дар Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон ба вуқуъ пайваст, мақомоти Узбакистон созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ, ба хусус созмонҳоеро, ки дар ҳимоят аз рушди демократия кор мекарданд, мамнуъ эълон карданд. Соли гузашта давлати Узбакистон Пажуҳишгоҳи Ҷомеъаи Озодро, ки пешбарандаи расонаҳои гурӯҳии озод ва барномаҳои омӯзишист, аз Узбакистон ихроҷ кард. Дар моҳи сентябри соли гузашта фаъолияти як созмони ғайридавлатии хориҷии дигар ба номи Айрекс барои 6 моҳ манъ карда шуд. Мақомоти Узбакистон Айрексро дар даст задан ба иқдоме, ки хориҷ аз чаҳорчӯби фаъолияташ будааст, муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG