Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтирои велосипед


ШИКАСТИ ШИРКАТИ SONY

Баъд аз 25 соли баҳсу муҳокима дар додгоҳ, ниҳоят ихтироъкунандаи Walkman ё магнитофони ҳамроҳ Андреас Павел ба корпоратсияи Sony пирӯз шуд ва ҳаққи худро гирифт. Павел, зодаи Олмон, ки дар шаҳри Сан Паолои Бразил зиндагӣ мекунад, соли 1972 барои худ дастгоҳи пахши мусиқие сохт, ки метавонист, ҳамроҳ ба сайругаштҳояш барад ва ҳар куҷо ки хост, мусиқӣ шунавад. Вай мегӯяд, аввалин бор фикри барои дигарон ҳам сохтани чунин дастгоҳ замоне ба сараш омад, ки дар ҷангал бо маҳбубааш сайр мекард ва барф меборид, барфи бисёр меборид ва ӯ мусиқӣ гӯш мекарду ҳар лаҳза гӯшиҳоро ба маҳбубааш медод. Вақте ки вай бо ин пешниҳод ба ширкатҳои Grundig, Philips, Yamaha ва дигарон муроҷиат кард, ӯро ба ханда гирифтанд, кадом девона бо гӯшиҳо дар гӯш дар кӯчаю бозор мегардад. Ин соли 1974 буд. Павел барои лоиҳаи худ патент ё ҳаққи муаллифӣ гирифт, аммо натавонист, онро амалӣ кунад.
Панҷ сол баъдаш ширкати Sony миллионҳо Walkmanро ба фурӯш баровард ва миллиардҳо доллар даромад дид.
Бояд гуфт, Андреас Павел барои ин мурофиаҳо ҳамчун харҷи додгоҳу вакилони худ 3 миллион доллар қарздор шуд, вале ниҳоят исбот кард, ки ширкат ихтироъи ӯро истифода кардааст. Sony розӣ шуд ба ӯ дастмузд диҳад, аммо ҳарду тараф тасмим гирифтанд, маблағро фош накунанд. Матбуоти Аврупо тахмин мезанад, ки ин чизе баробар бо адади ҳаштрақамаи сатҳи поин аст. Яъне байни 100 то 500 миллион доллар. Дӯстонаш ҳоло Андреас Павелро таҳрик медиҳанд, ширкатҳои тавлидкунандаи MP3-ро низ ба додгоҳ кашад, вале ӯ мегӯяд, беҳтараш бо ихтироъҳои нав машғул мешавад, то ин ки боз 25 соли умрашро дар додгоҳ гузаронад.

ИХТИРОЪКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо сабаби кам будани замин дар шаҳр, олимон аз ширкати кишоварзии Топси ба растаниҳо аз боло ба поён рустанро омӯзонданд. Акнун ангур, бодиринг, помидор аз як гулдони хурд, ки дар сақф овезон аст, ба поён ҳаракат мекунад ва табъан ҷои кам мегираду зарурат ба сутун намемонад. Ширкати Вестергаард Франдсени Швейтсария бо дарназардошти онки ними аҳолии дунё маҷбур аст, аз оби нопок нӯшад, як лӯлаи баробар бо шамъро ихтироъ кард, ки обро аз хурдтарин нопокиҳо тоза мекунад. Аз аввали сол то ҳоло зиёда аз 2 миллион нафар дар минтақаҳои офатзада аз он истифода кардаанд ва нархаш 3 доллар аст. Дар тӯли сол ихтироъҳои аҷибе инсонро қавитар ва ҳаёти ӯро ҷолибтар сохтанд, ба монанди коғази тарнашаванда, нурнависии рӯи меваҳо, чархи березини автомобил ва ҳатто велосипед, оре, велосипеди дунимчархаи тамринӣ. Аммо оё дар Тоҷикистон имсол ё чанд соли охир ягон ихтироъи аҷибе ба амал омад. Ҳамкорам Нилуфари Собир ин саволро бо раҳгузарони Душанбе ингуна дар миён гузошт ва ҷавобҳо асосан инҳо буданд, ки намедонам, касе чизе ихтироъ накардааст, пештар ҳам чизе надоштем, вазъи сахти зиндагӣ ба ин роҳ намедиҳад ва ғайра.

МО ШОИРЕМ Ё ОЛИМ?

Албатта, ин ақида дуруст нест, ки дар гузашта, низ чизе набуду ҳоло ҳам нест. Илмҳое монанди физика, физикаи ҳаставӣ, математика, механика, биология, ботаника, астрофизика, сейсмология, гастроэнтерология ва монанди инҳо дар Тоҷикистон ҳамеша дар сатҳи баланд қарор доштанд. Аммо имрӯз гуфта мешавад, ки илмҳои дақиқ ва техникӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рукуд ниҳодаанд. Ҳамкорам Абдураҳими Умарзод дар мулоқот бо чанде аз донишмандони тоҷик ҳамин суолро баррасӣ кард ва яке аз онҳо радду дуи дигар тасдиқ кард, ки дар Тоҷикистон илмҳои башарӣ ва адабӣ (ҳатто "шеъур шоирӣ") бартарӣ доранд, то илмҳои техникӣ. Танҳо илова бояд кард, ки ин дастовардҳо таблиғ ва пуштибонӣ намешаванд ва яке аз онҳо дуруст ишора кард, ки агар чунин ихтироъҳо бошанд ҳам, касе дар бораашон хабар надорад. Дар Тоҷикистон ягон ҳафтанома ё маҷаллаи техникӣ нашр намешавад. Ҳанӯз шоҳиди сармоягузории саноат ё иқтисодиёт ба илм нашудаем.
Масалан, агар олимони тоҷик ихтироъи истифодаи кристалҳои моеъро дар техникаи электронӣ дар вақташ патент ё ба номи худ қонунӣ мекарданд, онгуна ки кашшофи мусиқии ҳамроҳ Андерас Павел кардааст, ҳоло шояд аз ширкатҳои компютерсозу соатсозу кайҳонӣ миллионҳо доллар дастмузд мегирифтанд.
Кристалҳои моеъ аслан дар соли 1888 аз тарафи олими австриягӣ Фридрих Рейнитсер кашф шудаанд. Аммо солҳои зиёд инро ихтироъи бефоида меномиданд, то замоне ки дар солҳои шастум бо пешниҳоди физикҳои тоҷик он аввалин бор дар киштии кайҳонӣ истифода шуд ва акнун дар тамоми ҷаҳон.
Ё худ соли гузашта олимони тоҷик мошини ҷомашӯие ихтироъ карданд, ки бе собун либосро мешӯяд. Чанд сол пеш олимони пажӯҳишгоҳи ботаника ангуре рӯёнданд, ки монанди дарахти себ мерӯяд ва ба сутуну хавоза эҳтиёҷ надорад.

ДӮСТИ МО ДАР ДУБАЙ

Агар мехоҳед донед, ки бизнес дар Дубай чӣ хел пеш меравад, тоҷикон дар Дубай бо чӣ машғуланд, чаро номи духтарони тоҷику номи ин кишвар бо ҳам дар бадномӣ пайванд шудаанд ва ҷанги Ироқ ба вазъият дар Дубай чӣ таъсир кардааст, мусоҳибаи моро бо соҳибкори ҷавони тоҷик дар Дубай шунавед.

АБДУХАЛИЛ ЗИДДИ НЮТОН

Як олими афғонистонии муқими Душанбе, Абдухалили Файсал ба наздикӣ ҳамаи назарияҳои нютонӣ ва эйнштейнӣ, ва ё худ метавон гуфт, аслан пояҳои бунёдии физикаро зери суол қарор дод ва як баҳси густардаи илмиро дар фазои илму дониши Тоҷикистон асос гузошт. Ҳамнафаси мо дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат дар гузориши худ мегӯяд, ба ақидаи Файсал ҳарфи Нютон дар бораи нирӯи ҷозибаи Замин дуруст нест, балки ин ҳаракати нур аз кайҳон ба сӯи зарра аст. Файсал мегӯяд, аслан тамоми мавҷуди ҷаҳон аз ҳамоиши зарраҳои нур ба ҳам омадааст. Вай дар як рисола 55 назарияи машҳур ва тасдиқшудаи физикиро рад мекунад. Барои шунидани ин сӯҳбатҳои аҷиб ва назари олимони тоҷик ба он рамзи радиочаро дар охири сарлавҳаи асосӣ пахш кунед.
XS
SM
MD
LG