Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ҷаҳон барои муқобила бо бемории зукоми мурғӣ


Рӯзи чоршанбе дар поёни нишасти байналмилалии донорҳо дар шаҳри Пекин комиссари беҳдошти Иттиҳодияи Аврупо Маркос Киприану изҳор намуд, ки конфронс ба ҳадафи хеш расид. Бонки Ҷаҳонӣ умед дошт, ки кӯмакрасонҳо камаш як миллиарду дусад миллион доллар ҷамъ хоҳанд кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ки дар шакли кӯмаки бебозгашт ва техникӣ барои мубориза бо зукоми мурғӣ 334 миллион доллар ҷудо мекунад. Иттиҳодияи Аврупо ӯҳдадор шуд, ки камаш 250 миллион доллар ихтисос медиҳад. Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ тахмин карда буд, ки пандемия ё худ сирояти саросарии зукоми мурғӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ то 800 миллиард доллар зиён оварда метавонад. Ба қавли ин муассисаи байналмилалии молӣ агар вируси кушандаи H5N1 тағйири шакл намояд, метавонад дар муддати чанд ҳафта ва ё чанд моҳе миллионҳо нафарро ба ҳалокат расонад.

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофӣ Аннон ба иштирокчиёни конфронси Пекин таввасути робитаи видеоӣ муроҷиат намуда, аз ҷумла гуфт:
"Маблағе, ки барои мубориза бо зукоми мурғӣ дархост шудааст, дар қиёс ба зараре, ки он оварда метавонад, хеле ва хеле камтар аст."

Раиси Бонки Ҷаҳонӣ Пол Волфовитс ҳам ба иштирокчиёни қонфроси Пекин ба воситаи хатти видео паём фиристод. Ӯ аз ҷумла гуфт:

"Ҳеҷ каси мо наметавонад бидонад, ки ин ҳолати марбут ба зукоми мурғ бо як пандемияи ҷаҳонӣ хоҳад анҷомид ё хайр. Аммо мо бояд мӯътақид бошем, ки маблағгузориҳои феълии мо ба хотири ҷилавгирӣ ва таҳти назорат овардани ҷараёни густариши вирус, сармоягузорӣ ба дарозмуддат аст. Ин ба кишварҳо имкон медиҳад, худро аз хатари пандемия дар оянда хубтар ҳимоят карда ва аз барбод рафтани комёбиҳои бо душворӣ ба даст омадаи иқтисодиву иҷтимоӣ пешгирӣ кунанд."

Аз соли 2003-ум ба ин тараф вируси H5N1 ҳаёти 79 нафар, асосан сокинони Осиёи Шарқиро аз байн бурдааст. Кишварҳои зарардида аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кардаанд, ки дар мубориза бо сирояти зукоми мурғӣ саҳми бештар гузорад. Онҳо дархост доранд, ки ҷуброни паррандаи маҳвкарда ба соҳибонашон пардохт шавад, то фермерҳо бидуни нигаронӣ аз сарнавишти ояндаи фаъолияти худ паррандаҳои беморро маҳв кунанд.

Ахиран бемории зукоми мурғӣ дар тани ҳадди аққал 21 сокини Туркия ташхис гардид, ки аз ин байн камаш се наврас аз як оила ҳалок шудаанд. Созмони Ҷаҳонии Озуқа ва Кишоварзӣ мегӯяд, сирояти зукоми мурғӣ саросарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз ҳам имкони қатъи тайғири хосияти он аз байн нарафтааст. Дейвид Ҳарчарик - муовини мудири иҷроияи Созмони Ҷаҳонии Озуқа ва Кишоварзӣ мегӯяд, набояд имкон дод, ки вируси H5N1 ба ангезаи зукоми инсон табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG