Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони "мардикор"-и тоҷик


Моҳира Аҳмадова, як сокини Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вай соҳибмаълумот аст ва 30 соли собиқаи корӣ дар соҳаи фарҳангро дорад. Вай зани танҳо, модари чаҳор фарзанд аст. Шавҳараш 10 сол қабл онҳоро тарк гуфта аз таъмини оила билкулл шона холӣ кардааст. Маоши нокифоя, мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, тайи 7 соли ахир бо фарорасии фасли гармо, роҳи Русияро пеш гирад ва ҳамасола, 5-6 моҳ дар ин кишвар, муздурӣ кунад. Ӯ мугӯяд: "Азобҳои ман баробари дар қатора нишастан сар мешаванд. На танҳо ман, балки занҳои бисёре барои кор ба Русия мераванд. Онҳо ба ҳама он азобу фишорҳо нигоҳ накарда, барои дарёфти ризқу рузӣ ба ин кишвар мераванд. Ман соҳибмаълумот ҳастам, аммо зани танҳоям, маоши ночиз мегирам, маҷбурам, ки дар Русия мардикорӣ кунам. Ман корҳои вазнинтаринро дар бозор иҷро мекунам ё ба пухтупаз машғул мешавам".
Хонум Моҳира аз мушкилоти зиёде, ки ҳамватананони муҳоҷирашро, дар Русия дар роҳи дарёфти ҷойи кор ва асноди сабти ном домангир аст, фишору шиканҷаҳое, ки нисбати онҳо бо камтарин баҳона бо истифода аз ноогоҳии эшон аз ҷониби пулис ва корфармоён раво дошта мешавад, чунин ёдовар шуд: "Ба фикри ман, ҳама он созишномаҳое, ки ба имзо мерасанд, миёни ин ду кишвар бештари вақт дар рӯйи коғаз мемонанд. Он афроде, ки аз ҳисоби муҳоҷирини бечора ҷайб пур мекунанд, ин созишномаҳоро ба инобат намегиранд. Боз ҳам фишору азобҳоро нисбат ба ҳамдиёрони мо идома медиҳанд".
Мусоҳиби дигари мо, ки худро Раъно Мӯъминова муаррифӣ кард, низ соҳибмаълумот аст. Ӯ риштаи омӯзгориии донишгоҳро хатм кардааст. Вай мегӯяд, бо се кӯдакаш дар хонаи волидони шавҳараш зиндагӣ мекунад. Шавҳараш 6 сол қабл ба Русия рафтааст ва қавл додааст, ки кор карда пул меорад ва барояшон хона мехарад. Инак, аз миён 6 сол мегузарад, аммо аз ӯ ҳеҷ хату хабар нест. Соли гузашта хонум Раъно хабар ёфт, ки шавҳараш дар Русия зани дигар гирифтааст ва хоҳиши баргаштанро надорад. Аммо хешу табори шавҳараш мехоҳанд ӯву фарзандонашро аз хона биронанд. Хонум Раъно мегӯяд, баробари фарорасии баҳор мехоҳад, барои муздурӣ ба Русия равад. "Ман, вақте ба хонаи бародари шавҳарам рафта гуфтам, ки шавҳарам на занг мезанад, на пул мефиристад, ман чӣ кор кунам? - Бародари шавҳарам маро лату куб кард, ки "ту гурусна монда талбандагӣ омадӣ". Барои ҳамин ҳам, маро нангу номус маҷбур кардааст, ки рафта дар Русия кор кунаму омада барои бачаҳоям хона харам".
Мусоҳиби қаблии мо Моҳира Аҳмадова бо изҳори таассуф афзуд, ҳатто барои муҳоҷироне, ки соҳибмаълумотанд ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро ҳамчун муҳоҷири корӣ хуб медонанд ва бо забони русӣ озодона сӯҳбат мекунанд, мардикорӣ дар Русия, начандон ба осонӣ даст медиҳад. Вай афзуд: "Масалан, ман як чизро дар он ҷо мушоҳида кардам: шахсан худи маро ва ҳамаи муҳоҷиронро маҷбур карданд, ки пули бисёр дода як суғуртаи тиббиро бихарем. Мо онро харидем, аммо вақте ба беморхонаҳо муроҷиат мекунем, ба мо мувофиқи ин санад ҳеҷ гуна кӯмаки тиббӣ намерасонанд. Яъне дар ҳар қадам муҳоҷиронро азоб ва фиреб медиҳанд, сарфи назар аз он ки ту соҳибмаълумот ҳастӣ ё на..."
Дар ҳамин ҳол, Элмурод Турсунов, мудири бахши иҷтимоии Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд боиси нигаронӣ аст, ки муҳоҷирати кории занҳои тоҷик дар баробари мардҳо ба кишварҳои хориҷ сол то сол меафзояд. Ва гуфт: "Ҳамасола беш аз 470 000 муҳоҷири корӣ ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд, ки 30-35 фоизашон занон, боқӣ ҷавонони аз 15 то 29 сола мебошанд".
Ба гуфтаи ҷаноби Турсунов, ҳарчанд ҳукумати кишвар дар роҳи коҳиш додани раванди муҳоҷирати рӯзафзуни аҳолӣ, бахусус занон, як қатор тадбирҳо, аз қабили ташкили ҳар чӣ бештари ҷойҳои кориро андешидааст, аммо бино ба камии маош, талабгорони ин ҷойҳои корӣ хеле кам ба чашм мерасанд.
Мукаррама Бурҳонова, намояндаи дафтари Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (СҶМ) дар Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, мутаассифона беш аз 90 дар сади занҳоеро, ки ба кишварҳои хориҷ барои дарёфти кор мераванд, хавфи мавриди қочоқ ё ғуломӣ қарор гирифтан таҳдид мекунад, зеро бахши аъзами занҳое, ки барои машварат ба маркази иттилоотии СҶМ муроҷиат мекунанд, занҳои соҳибмаълумот ва ё таҳсилкарда мебошанд. Вай мегӯяд теъдоди хеле ками занҳои оддӣ ва ё таҳсилнокарда қабл аз сафар ба Русия ба онҳо муроҷиат мекунанд. Мукаррама Бурҳонова афзуд: "Мо ҳамчунин оид ба қочоқи занон як барнома дорем, ки тибқи он дастурҳо нашр карда занонро аз мушкилоти қочоқ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он огоҳ мекунем".
Мутобиқи омори расмӣ, ҳамасола ҳудудан 500 000 нафар, аммо тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудудан 1 миллион ҷамъияти Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун муҳоҷири корӣ қаламрави кишварро тарк мекунанд, ки аз ин миён 30-35 дар садро занон ташкил мекунанд.
XS
SM
MD
LG