БАХШИ АВВАЛ
Сипосгузорам ҳама пурсандаҳоро, ки ба номи банда пурсиш фиристодаанд ва нисбат ба банда самимона эҳтиром иброз доштаанд. Аз суханҳои нек, ки дар ҳаққи банда гуфтаанд, сарам ба осмон расид. Саломат ва комгор бошед. Инак, посухҳо, ки аз андешаи шахсии худи ман сар задаанд, яъне фикри хусусӣ мебошанд.
Салом устод!
Ман дар Олмон аз се сол забони тоҷикиро меомӯзам. Ду бор дар Тоҷикистон барои чанд моҳ будам. Ман бисёр тааҷҷуб кардам, ки донишҷӯёну донишмандон забони тоҷикии тозаро (бе калимаҳои русӣ) ё комилан балад нестанд. Шумо кадом сабаб барои ин ҳол мебинед ва шумо дар бораи ояндаи забони тоҷикии тоза чӣ фикр мекунед?
Бо эҳтироми калон.
Аннетт аз Олмон шаҳри Бамберг
Бонуи мӯҳтарам, аҷаб суоле додаед, ки дар дили банда дардҳои кӯҳнаро ба хурӯҷ овард. Оре, мо ҳама – чӣ донишҷӯён ва чӣ донишмандон забони худро хуб намедонем. Агар донишмандон, яъне устодон забони худро хуб медонистанд, донишҷӯён низ каме ёд мегирифтанд. Мо ҳама аз асли забони худ, аз форсии (тоҷикии) тавоно ва зебову шево хеле дур шудаем. Инро ба мо устод Айнӣ гуфта буд. Банда хостам ақидаҳои устод Айнӣ ва баъзе пайравони ӯро дар бораи забони тоҷикии садаи бист ба пажӯҳиш бигирам, то ки сабабҳои дур рафтани тоҷикони Фарорӯд аз забони ғаноманди ҳазорсолаи худ маълум шавад ва чораҳои ислоҳи ҳолро биёбем. Дар натиҷа китобчае навиштам ба номи «Сарнавишти форси тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», ки соли 2005 бори дувум чоп шуд. Маълум гардид, ки мо аз солҳои бисту сии садаи бист забони бузурги худро, ки яке аз забонҳои ҷаҳонист, забони аъёну ашроф ва уламои замони феодалӣ, яъне забони ғайрихалқӣ донистем ва эълон кардем, ки «тоҷикон забони адабӣ надоранд» ва акнун дар асоси гӯпти кӯчаву бозор барои тоҷикон забони адабӣ сохтан лозим аст. Ин даъвоҳо аз пантуркистҳо ва баъзе шарқшиносон баромада буд ва аз байни зиёиёни тоҷикон, ки тарафдори назарияи синфияти забон буданд, пазируфта шуд. Устод Айнӣ бо ҳавохоҳони чунин даъво мубориза кард ва гуфт: «Тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд!» ва онро идома бояд дод. Лекин бештарини аҳли қалам дуруштиву беқоидагиҳои забони кӯчаву бозоррро нишонаи «халқият» (мардумӣ будан)-и он донистанд ва ба ин «забони халқӣ» гаравиданд. Дар натиҷа забон оҷизу нотавон шуд. Чун забони мо заъиф шуд, нуфузи забони русӣ бештар харобкор омад. Ҳоло забони мо ба ду дард гирифтор аст, ки яке оддигӯӣ ва дигаре тарҷумазадагӣ мебошад. Ин ду дарди қаттол забони Моро аз дарун хӯрда истодааст.
Шумо, бонуи мӯҳтарам, пурсидаед, ки мо «дар бораи ояндаи забони тоҷикии тоза чӣ фикр мекунем?». Банда Шуморо аз ҷон сипосгузорам, ки моро аз ояндаи забони тоҷикӣ ҳушдор медиҳед. Оре, агар забони мо ба ҳамин ҳол, ки имрӯз дорад, бимонад, аз ояндаи он умед кам хоҳад буд. Форсии Фарорӯд дар тӯли ҳазор сол чанд бор зери хавфу хатар монда буд, вале ба пиндори банда, ҳеҷ гоҳ чун имрӯз нотавон нашуда буд ва ин нотавонӣ бадтарин хатаре ба сари забон овардааст. Медонем, ки дар гузашта забони мо ҳама хатарҳоро аз сари худ дафъ кард ва тавон умед кард, ки фардову пасфардо низ дар замири худ чунон нерӯе пайдо хоҳад кард, ки ҳама хатарҳоро бартараф намояд. Устод Айнӣ роҳҳои ислоҳи вазъи забонро гуфта буд ва мо бояд васияти ӯро иҷро бикунем. Он гоҳ забон қувват мегирад.
Академик И.М. Стеблин- Каменский чанд сол пеш гуфта буд: «То дар Эрон ё Тоҷикистон ё Афғонистон ва ё дигар манотиқе, ки ба забони форсӣ сухан мегӯянд, шоир ё нависандаи бузурге пайдо нашавад, забони тозае нахоҳем дошт. Зеро ба ақидаи ман, забонро шоирон ва асарпардозон месозанд.» (И.М.Стеблин-Каменский. Таҳаввули забонҳо, режимҳо ва иллатҳо, Дурри дарӣ. Ба кӯшиши Асъадӣ. Теҳрон, Кайҳон, 1373 = 1994, саҳ.207). Ин фикр хеле ҷолиб аст. Забони моро бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, ҳазрати Мавлавӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва Айнӣ бар авҷи камол расонидаанд. Охирини онҳо, ки Садриддин Айнӣ бошад, қариб ҳамзамони мост. Айнӣ дар падид овардани тавоноиву ҳусни забони тоҷикӣ ва имконоти бепоёни он, ба вежа барои афзудани ғаномандии он бо истифода аз дурдонаҳои забони мардуми замони худ чунон корҳое кард, ки ҳазрати Мавлавӣ Ҷалолиддини Румии Балхӣ карда буд. Агар мо имрӯз дар ислоҳи забон такя бар устод Айнӣ, нигоштаҳо ва омӯзаҳои ӯ биёварем, забони мо дубора ба ҳадди камол хоҳад расид. Банда бар инам, ки забонро аз устодони бузурги сухан бояд омӯхт. Лозим аст, ки дар мактаб шеваҳои навин, методикаи тозаи омӯзиши забону адабиёти классикиро ба вуҷуд биёварем, инсонгароӣ дар таҳсили миёна ва олӣ ҷойгоҳе босазо дошта бошад. Имрӯз решаи забон дар мактаб аст. Ислоҳоти мактабу маориф нахуст бояд болобурди савияи саводи ҷомеа ва тарбияи шахсияти хушсаводи бафарҳангро мақсад қарор бидиҳад. Агар чунин шавад, умед аст, ки дар рушди забон мурод ҳосил гардад.
Ба фикри Шумо чаро дар кишвар вазъи забондонӣ дар пояи паст қарор дорад?
Рустам,
Банда дар ин бора фикрамро дар китоби «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» (Душанбе, 2002) баён кардаам.
Дуруд ба шоҳсутуни фарҳанги миллии тоҷик!
Имрӯзҳо бо ибтикори ниҳодҳои гуногун чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд ва маъмулан мавзӯоташон ба фарҳанги миллӣ ва худшиносӣ иртиботе надоранд. Маълум мешавад, ки барои эшон ин масоил муҳим нестанд. Маҳз ин чорабиниҳо барои ҷавонон ҷолибанд. Зеро аввалан усули баргузории ин чорабиниҳо қобили қабул аст ва сониян барои мо мавзӯъҳояшон падидаи наванд.
Суол ин аст:
Оё Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфта метавонанд, ки дар раванди бархӯрди тамаддунҳо миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ зинда хоҳад монд?
Далер
Дар давраи бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонпайвандӣ ( ҷаҳонӣ шудан, глобализм) эҳтимоли ин, ки миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ ба фишори рӯзафзун тоб наёварад ва аз байн биравад, кам нест. ЮНЕСКО омор гирифтааст, ки дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна ҳар рӯз ду забон аз байн меравад. Инро ҳам медонем, ки нест шудани забон нест шудани миллат аст. Дар сурате, ки забони тоҷикӣ дар садаи бист хеле осеб дид ва нотавон шуд, имрӯз омилҳое пайдо шудаанд, ки нотавонии забони моро афзун мекунанд ва ҷон гирифтани забонро монеъ мешаванд. Бинед чӣ равандҳое ҷараён доранд: ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар таҳсилот-- чӣ таҳсилоти миёна ва чӣ олӣ то рафт кам ва суст мешавад, забони тоҷикиро дар баъзе бахшҳои асосии илми донишгоҳӣ ва фарҳангистонӣ роҳ намедиҳанд, адабиёти илмӣ ва илмии оммабоб, ҳатто бисёр рӯзномаҳои ихтисосӣ ба забони тоҷикӣ чоп намешаванд ё ба дараҷае ночиз чоп мешаванд, соати кори радиову телевизиони тоҷикӣ чанд бор камтар аз радиову телевизиони русист. Дар бисёр соҳаҳои калони илму фарҳанг барои забони тоҷикӣ майдон танг шуда, забони тоҷикӣ ба ҳошия баромадааст. Забони миллӣ ба ҳошияи фазои фарҳангии ҷомеа барояд, аз ояндаи он умед кам мемонад ( ниг: мақолаи банда «Фазо пурсадост, вале тоҷикӣ нест», «Тоҷикистон», 26 январи 2006). Дар ҷомеа равандҳое, ки ба шаклгирии шахсияти фарҳангии дугуна, ҳатто ба пайдоиши шахсияти бегонафарҳанг мусоидат мекунанд, қувват гирифта истодаанд. Шахсияти бегонафарҳанг, ки гоҳ байни ӯ ва миллат бегонагии куллӣ мавҷуд аст, дар ҷомеаи мо дар аҳди шӯравӣ, дар оғози садаи бисту як барои ривоҷи чунин раванде замина бештар омода шуда истодааст. Дар ҷомеа қувват гирифтани шахсияти бегонафарҳанг пояҳои ҳастии маънавии миллатро суст мекунад.
Умед дорем, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои пешгирии ин равандҳо чора меандешад. Барои ин лозим аст, ки давлати тоҷикон давлати миллӣ бошад ва мақсади асосии он ҳифзи миллат, забон ва фарҳанги миллӣ, аз оқибати номатлуби баъзе равандҳои ҷаҳонӣ, аз зарарҳои бархӯрди тамаддунҳо ва аз ҷиҳатҳои манфии ҷаҳонпайвандӣ, аз таҳоҷуми фарҳангии абарқудратҳо эмин доштани миллат аст. Ҳифзи миллат дар ин замони тӯфонӣ вазифаи асосии давлат аст. Ин вазифаро танҳо бо рушди иқтисодии кишвар наметавон иҷро кард. Лозим аст, ки аз се омили рушди ҷомеа -- омили маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, якумӣ, яъне омили маънавӣ бартарӣ ёбад. Зеро дар садаи бисту як хатари азиме бештар на ҳастии ҷисмонии миллат, балки ҳастии маънавии онро таҳдид мекунад, яъне ин эҳтимол бештар аст, ки мо тоҷикон шояд ҷисман нест нашавем, аммо маънан аз байн биравем, ҷисман вуҷуд дошта бошем, лекин аз махсусиятҳои миллии худ, аз ҳуввияти миллӣ маҳрум шавем, ки дигар тоҷик нахоҳем буд. Аз ин рӯ, он чӣ на танҳо ҳастии ҷисмонӣ, балки ҳастии маънавии моро таъмин мекунад, яъне омили маънавӣ дар ҷомеа бояд бартарӣ биёбад. Бешак, ҳам тараққии иқтисодӣ, ҳам сиёсати тавоно ва нозукрав («сиёсат ба як мӯ меравад») моро лозим аст, ки барои ҳифзи фарҳанги миллӣ сафарбар шавад. Растагории миллатро аз дарунмояи маънавии ҳастии он тавон чашм дошт.
Аз пурсиши ҷаноби Далер андак оҳанги навмедӣ ба гӯш мерасад, ки гӯё ӯ ба зинда мондани миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ дар ҷанги бузурги тамаддунҳо чандон бовар надорад. Дар ҳақиқат, дар миёни каосне ки аз ҳоли ҷаҳон бештар огоҳӣ доранд, дар ин масъала некбинӣ кам мондааст. Дар ҳақиқат хатаре ки ба сари миллатҳои хурди ақибмондаву нотавон омадааст, хеле бузург аст. Вале банда ба ин боварам, ки ба ҳар ҳоле сарнавишти ҳар миллат аз бисёр ҷиҳатҳо ба дасти худи ӯст ва нахуст худи ӯ бояд сарнавиштсози худ бошад. Агар миллат дарвоқеъ миллати бафарҳанг, худшиносу худсоз бошад, агарчӣ хурд аст, тавоно хоҳад буд. Дар ин сурат, агар давлати ӯ дар ҳақиқат давлати миллӣ, давлати мутамаддини таърихсоз бошад, давлат ва миллат ба ҳам як шуда, як нерӯи бузурге ба миён меоваранд ва худро аз ҳар тӯфоне берун мекашанд.
Миллати тоҷик решаҳои таърихии устувор дорад. Ҳазор сол кӯшидаанд, ки онро нест кунанд, натавонистанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки мардуми тоҷик бештар на бо қувваи ҷисмонӣ, балки бо қувваи маънавӣ балоҳои таърихро аз сари худ дафъ карданд. Имрӯз ҳам давлати миллӣ бояд нерӯи маънавии миллатро афзун кунад. Мо ба моддигароии Ғарб бояд маънавиятгароии худро муқобил гузорем. Нагӯед, ки давраҳои маънавиятҷӯии Шарқ гузашт. Не, нагузаштааст. Дар садаи бисту як ҳам маънавият балогардони миллати тоҷик хоҳад убд.
Манн медонам, ки чунин ақидаҳои маро бисёр касон қабул надоранд. Азбаски суоли ҷаноби Далер хеле ҷиддист, барои ёфтани ҷавоби он шояд андешапардозони гуногунро ба давра кашидан лозим аст, то бо мубоҳиса ҷавобе дуруст ба даст биёяд.
Аз дидгоҳи ман рӯй овардани Тоҷикистон ба расмулхати арабиасоси форсӣ ҳувияти моро нирӯ хоҳад дод ва ин ифтихор бори дигар насиби мо шавад, ки то ворисони асили фарҳангу тамаддуни Осиёи Миёна бошем. Мехостам, назари шуморо ба ин масъала бидонам.
Муҳаммадвафо, Исломобод,
Бори дигар мехостам дар мавриди тағйири алифбо (ва гунаҳкорсозии устод Айнӣ дар ин замина) ба ин масъала рӯшанӣ андозед.
Иршоди Сулаймонӣ,
Мушкилоти дигари навомӯзони хати ниёкон ин бо чанд шакл навишта шудани ҳарфҳое монанди "т", "с", "х" ва "з" ҳастанд. Оё намешавад, ки ин гуна мушкилотро бо роҳи умуман истифода набурдани гуногуншаклӣ ва берун сохтани ҳарфҳои хоси арабӣ осон кунем, чун хушбахтона дар таркиби луғавии забон дар Тоҷикистон вожаҳои арабӣ кам ҳастанд ва зарурат ба олуда кардани алифбо нест.
Дилшод,
Ман савол надорам, фақат гуфтаниям, ки агар то поёни умри худ ба эҳёи алифбои ниёгон муваффақ шавед, арзандаи сарбаландии пеши Худо ва гузаштагонатон хоҳед шуд, ки олимони дин будаанд. Ман ба шумо эҳтироми бисёр самимӣ дорам ва орзу дорам, ки боре бо шумо мулоқот кунам.
Аҳмад
Устоди мӯҳтарам.
Возеҳ аст, ки донистани алифбои ниёгон барои ҳама як дари хазинаи бебаҳои гузаштаҳои моро боз мекунад. Аммо баробари ин, бозгашт ба ин алифбо ҳамроҳи худ шояд баъзе мушкилотеро оварад, ки ҳалли онҳо пурра пешбинӣ нашудааст.
Савол: Оё бозгашт ба алифбои ниёгон сабаби бесавод ё худ бебаҳра мондани насли ояндаи тоҷикон аз фарҳанги тақрибан ҳафтодсолаи даврони шӯравӣ намешавад?
Бо эҳтироми бепоён
Нозир, Портланд, Амрико
Сабаби асосии ба хатти лотинӣ гузаштани миллат дар чӣ буд?
Рустам,
Банда бар ин боварам, ки он суол, ки ба хатти ниёгон баргардем ё не, як ҷавоб дорад: Оре, баргаштан лозим аст. Бештар аз ҳазор соли таърихи мо -- ҳама ҳастии миллии мо дар ин муддат ба хатти форсӣ сабт шудааст. Забон ва тафаккури мо ба қолаби ин хат рехта шудааст. Ҳастии таърихӣ ва ҳастии имрӯзи моро бидуни ин хат наметавон тасаввур кард. Ҳафтод сол аст, ки мо аз хатти ниёгон даст кашидем ва ба хатти лотиниву кириллӣ гузаштем, вале қоидаҳои имлои забони худро ҳанӯз муайян карда наметавонем, ҳанӯз намедонем, ки фалон калимаву фалон навъи калимаҳоро чӣ тавр бояд бинависем ва ҳар касе ба таври худ менависад. Чун аз хатти форсӣ даст кашидем, ин ҳолат рӯй дод. Хатти лотинӣ ва кириллӣ натавонист хусусиятҳои забони моро ифода бикунад. Ба хатти форсӣ нозукиҳои забони мо ба хубӣ ифода шуда буд. Агар хоҳем, ки ба ҳама нозукиҳои забони худ даст биёбем, агар хоҳем, ки ба асли худ бирасем, ба таърихи шукӯҳманди худ бипайвандем, лозим аст, ки боз ба хатти ниёгон баргардем. Аз ниёгон рӯ гардондан қабоҳат аст. Рӯ ба гузашта бояд овард, то роҳи оянда равшан шавад.
Хатти форсӣ монанди хатти инглисӣ ва фаронсавӣ зиёд душвор нест, аз онҳо хеле осонтар аст. Барои осон кардани омӯзиш ҳеҷ лозим нест, ки чунон ки ҷаноби Дилшод бо пурсиши худ пешниҳод кардааст, ҳарфҳои Т, С, Ҳ, З на ба чанд шакл, балки ба як шакл навишта шавад. Фақат лозим аст, ки имлои нави хатти форсӣ, чанд сол пеш Фарҳангистони забону адаби форсӣ тасвиб кард, пазируфта ва нағз аз худ шавад.
Албатта, ҳақ ба ҷониби ҷаноби Иршоди Сулаймонист, ки фош кардани овозаҳои бадғаразона ва сарзада аз шуури музофотӣ, ки гӯё устод Айнӣ гунаҳкори асосӣ дар даст кашидани мо аз хатти форсӣ буд, зарур аст. Ман дар ҳайратам, ки устод Айнӣ, ки яке аз бузургтарин фарзандони миллат аст, пас аз панҷоҳ соли вафоташ ҳанӯз дар ҷомеаи мо душман дорад ва дар ҳаққи ӯ бӯҳтон мебофанд. Фақат касоне метавонанд, чунин коре бикунанд, ки аз андешаи миллӣ фарсахҳо дуранд.
Ҳақиқат ин аст, ки бо як фармони Маскав дар ҳама ҷумҳуриҳои мулумоннишини Шӯравӣ хатти лотинӣ ҷорӣ шуд. Дар нимаи двуми даҳаи бисти садаи бист Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бошқирдистон, Тотористон ва ғайра пасу пеш ба хатти лотинӣ гузаштанд. Тоҷикистон аз ҳама охир – соли 1929 маҷбур шуд, ки низ ин хатро бипазирад. Агар устод Айнӣ хатти лотиниро ба зӯр дар Тоҷикистон ҷорӣ карда бошад, магар дар дигар ҷумҳуриҳои мазкур низ ӯ лотинӣ ҷорӣ кард?! Охир Айнӣ наметавонист Озарбойҷону Тотористон ва ғайраро ба хатти лотинӣ гузаронад. Тамоман равшан аст, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам дигар ҷмуҳуриҳои мусулмоннишин на бо хоҳиши Айнӣ, балки бо як фармони умумии боло баробар ба чунин коре даст заданд. Шӯравӣ мехост, ки ҳамаи он халқҳои мусулмони кишвар аз мероси фарҳангӣ, аз таърихи худ рӯ гардонанд, таърихро фаромӯш кунанд, манқурт шаванд, фармонбардори низоми болшевикӣ бошанд. Бо ҳамин мақсад ба хатти лотинӣ гузаштани чандин ҷумҳуриро зарур донистанд. Як ҳадаф руссозии халқҳои ғайрирус буд.
Хатти русиро ҳам ба лотинӣ иваз кардан мехостанд. Лоиҳаи лотинӣ кардани хатти русӣ пеш аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ тайёр шуда буд. Соли 1919 ин лоиҳаро барои тасвиб ба Ленин пешниҳод карданд. Ленин онро напазируфт. Чунки лоиҳа серхарҷ буд ва ҳол он ки ҷанги ҷаҳонӣ, ду инқилоби соли 1917 ва ҷангҳои дохилӣ Русияро ба харобазор табдил дода буд ва Ленин ба харҷи хатти лотинӣ розӣ нашуд, иҷрои лоиҳаро ба оянда мавқуф гузошт. Пас аз вафоти Ленин шӯравиён хостанд, ки лотинӣ кардани хатро аз халқҳои ғайри рус оғоз ниҳанд. Аз ин рӯ, ҷумҳуриҳои мусулмоннишин ба хатти лотинӣ гузаронида шуданд, лекин баъдтар аз нияти лотинӣ кардани хатти русӣ даст кашиданд. Он гоҳ лозим омад, ки ҷумҳуриҳои мусулмоннишинро аз хатти лотинӣ ба хатти русии кириллӣ гузаронанд. Фармони гузаштан ба хатти русии кириллӣ низ аз Маскав баробар ба ҳама ҷумҳуриҳои мазкур омад ва ин ҷумҳуриҳо қариб баробар ба хатти русӣ гузаштанд. Тоҷикистон боз аз ҳама охир – соли 1940 хатти русиро пазируфт.
Ҳамин аст ҳақиқати ҳол. Дар бораи таърихи лотинӣ шудани хатти халқҳои Шӯравӣ чандин мақолаву китоб навишта шудааст. Бархе аз онҳо ба форсӣ тарҷума шудаанд. Дар баъзеи ин асарҳо номи фаъолони маъракаи лотинпазирӣ низ ҳаст. Дар солҳои аввали инқилоб, ҳатто солҳои 30-40 ҳар сухани нав ва чорабинии иҷтимоъиву сиёсӣ зуд тарафдорони зиёде пайдо мекард. Аммо устод Айнӣ аз таблиғгарони хатти лотинӣ набудааст. Ӯ дар мақолаҳоаш кордоронро ба эҳтиёт даъват кардааст, ки ҳангоми тартиб додани алифбои савтӣ хусусиятҳои забони тоҷикӣ ба хубӣ риоя шавад. Баъзе тавсияҳои онвақтаи устод Айнӣ (тавсияҳои охири солҳои бист) имрӯз ҳам барои имлои тоҷикӣ аҳамият доранд. Яъне чун Тоҷикистон маҷбур шуд, ки хатти лотиниро бипазирад, устод айнӣ барои ин, ки ин кор ба қадри имкон камтар зарар биёрад ва беҳтар анҷом ёбад, кӯшиш кардааст.
Инро низ боз як бор гӯшрас биёварем, ки устод Айнӣ барои худ хатти лотинӣ ва кириллиро напазируфта буд ва ҳама асарҳояшро ҳамчунон ба хатти форсӣ навиштааст. Ӯ ба форсӣ менавишт ва дигарон навиштаи ӯро ба лотинӣ ва кириллӣ гардондаанд. Устод Айнӣ як умр аз хатти ниёгони мо, аз хате, ки ҳама бузургони гузаштаи мо осори худро ба он навиштаанд, дил канда натавонист. Мо ҳам бузургони худро пайравӣ кунем ва ба хатти ниёгон дил бандем, аз боқимондаҳои манқуртизм зудтар раҳоӣ хоҳем ёфт.
Банда андешаи ҷаноби Дилшодро маъқул медонам, ки марказҳои омӯзиши хатти ниёгон таъсис бояд кард. Дар ин марказҳо асбоби саводомӯзии форсӣ ва шароити зарурӣ омода бошад.