Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шоҳнома"-ву "Бӯстон" бишнавед


Барои нахустин бор дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе китобхонаи гуё ё худ студияи сабти аудиоии китобҳо боз шуд, ки тариқи он китобҳои бадеиву дарсӣ дар фиттаву дискҳо сабт шуда ба ашхоси нобино ва сустбин имкон медиҳад, то бе ёрии ягон нафар китобҳои лозимиашонро аз худ бикунанд. Студияи китобхонаи гӯё бо ташаббуси Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар назди муассисаи ҷамъияти нобиноён таъсис ёфтааст ва он бо тамоми таҷҳизоти муосир ва барои як студия лозима таъмин аст. Шералӣ Зардов, раиси Бунёди миллӣ мегӯяд, дар шароити имрӯз нисбат ба нашри китобҳои махсуси нобиноён, яъне китобҳои Брайл, ки чандин солҳост, барои хонандагони сустбин чоп намешуд, таъсиси ин студия аз ҳар ҷиҳат муфидтар аст.

«Имрӯз харидории китобҳои Брайлӣ ва ба роҳ мондани чопи ин гуна китобҳо маблағҳои беҳад калонро талаб мекунад, мумкин, ки чандсад ҳазор долларро, аммо ин студия ба воситаи як маблағи то 30- 35 ҳазор доллар метавонад, ҳамаи ин корҳоро зудтару босифаттар ба роҳ монад.»

Бино бар гуфтаи Турдибек Давлатов, раиси ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, феълан, дар кишвар беш аз 10.000 нобинои боло аз синни 18 ба сар мебарад. Ҳудуди 400 тифли маҳрум аз қувваи босира дар мактаб-интернатҳои махсус ба омӯзиш машғуланд. Ба гуфти оқои Давлатов, набуди китобҳои махсус барои нобиноён ва ҳам ба барномаи таълимӣ мувофақат накардани китобҳои мавҷудаи Брайл дар мактаб-интернатҳо то имрӯз яке аз мушкилоти аслии онҳо будааст, ки ин барои кӯдакону наврасони маҳрум аз қувваи босира имкони дар баробари кӯдакони солим гирифтани илмҳои замонавиро намедодааст.

Ҷамъияти нобиноён нақша дорад, дар студияи китобхонаи гӯё аксаран китобҳои бадеӣ ва асарҳои классикиву муосири аҳамияти таълимиву тарбивӣ доштаро рӯи сабт оварад. Аз ҷумла, бо шурӯи фаъолият дар шакли фиттаву дискҳо сабт шудани «Шоҳнома», «Бӯстон» ва ё маҷмӯи ҳикоёти «Калила ва Димна» барои кӯдакон дар назар аст. Ба гуфти Шералӣ Зардов, раиси Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, ин китобҳоро онҳо бо теъдоди зиёд сабт карда дар тамоми таълимгоҳҳо паҳн мекунанд. Оғои Зардов мегӯяд, аз ин китобҳои аудиоӣ на танҳо ашхоси нобинову сустбин, балки кӯдакону наврасони солим ҳам истифода бурда метавонанд, зеро имрӯз барои кӯдакону ҷавонон аз худ кардани китобу асарҳо тавассути фанновариҳои муосир ҷолибтар аст.

Аммо Оқилҷони Зиёдалиёни 26 сола, ки қувваи босирааш заиф аст, аз кушодашавии ин китобхонаи гӯё хушнудӣ карда мегӯяд:

«Аз он хотир имрӯз хушбахтам, ки ҳамтақидори маро кӯмак расониданд. Ин аслан идеяи худи мо буд, ки хостем аз маъмурияти ин ташкилотҳо ҳамин студияро ташкил бидиҳанд ва дар якҷоягӣ нишаста, сӯҳбат карда ин китобхонаро таъсис додем.»

Китобҳои бадеӣ ва қисман таълимӣ барои кӯдакону наврасони нобино бояд то соли нави хониши 2006-2007 омода шавад ва дастраси хонандагон бигардад, аммо фиттаву дискҳои китобҳои дигарро хоҳишмандон метавонанд аз фурӯшгоҳҳо дастрас намоянд. Аммо ба гуфти Турдибек Давлатов, раиси ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон камбуди китобҳои дарсӣ барои хонандагони сустбин ва нобино ин ягона мушкилӣ набуд, гуфта мешавад, ҷалби қисми зиёди наврасону ҷавонони нобино, ки умуман таҳсил намекунанд ба таълимгоҳҳо ва баъд аз хатми мактаб-интернатҳо таъмини ин ҷавонон бо ҷои кор мушикили дигарест, ки дар пешорӯи ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG