Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Вазорати алоқаи Тоҷикистон бо ширкатҳои мухобиротӣ


Рӯзи душанбеи 27 феврал мулоқоти ахири вазири мухобирот бо масъулони ин ширкатҳои пушти дарҳои баста сурат гирифт ва дар бораи ин мулоқот вазорат ва ширкатҳои мухобиротӣ аз додани иттилоъ худдорӣ карданд. Вале тибқи иттилои як манбаъ аз ширкати мухобиротии «Вавилон», ҳанӯз ҳам дархости ширкатҳои мухобиротӣ дар мавриди иҷоза надодан ба таъсиси як ниҳоди воҳиди истифодабарии моҳвораҳо аз сӯи ширкатҳои мухобиротӣ сарфи назар шуда ва вазорати мухобироти кишвар барои даст ёфтан ба мақсади худ дар ин маврид талоши ҷиддӣ дорад. Зеро дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди вазорати мухобирот як ниҳоди воҳиде таъсис мешавад, ки иртиботи тамоми ширкатҳои телефонӣ ва интернетӣ ба моҳвора тавассути он сурат мегирад. Дар ҳоли ҳозир, ширкатҳо ба сурати мустақим бо ширкатҳои хориҷӣ қарордод доранд ва аз моҳвораҳои онҳо истифода мекунанд.

Аслан, ин баҳс аз ибтидои соли ҷорӣ шурӯъ шуд ва масъулони 12 ширкати мухобиротии кишвар ҷиҳати аз сӯи ҳукумат тасдиқ нашудани тарҳи таъсиси як ниҳоди воҳиди истифодабарии моҳвораҳо ба парлумони кишвар ва оҷонсии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва пуштибонии соҳибкории Тоҷикистон муроҷиат карданд. Пас аз баррасии масъала Раҳмоналӣ Амиров, раиси ожонсии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва пуштибонии соҳибкорӣ иддаъои вазорати алоқа дар мавриди тарҳи таъсиси ниҳоди воҳиди истифодабарии моҳвораҳо аз сӯи ширкатҳои мухобиротиро рад ва ғайриимкон унвон кард:

«Мо дар ин замина фикри худро изҳор ва хулосаи худро ба сурати катбӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардем ва гуфтем, ки мо қатъан мухолифи қабули қарори мазкур ҳастем.»

Оқои Амиров дар ҳамин ҳол мегуфт, бо вуҷуди он ки тамоми вазоратҳои дахлдор ба ин пешниҳоди вазорати мухобирот мувофиқат кардаанд, бовар дорад, раёсати ҳукумат ин пешниҳодро ҷонибдорӣ нахоҳад кард.

Вале ин дар ҳолест, ки вазорати мухобирот дар мавқеи худ пофишорӣ ва ҷиддан тасмим дорад як ниҳоди воҳиди истифодабарии моҳвораҳо аз сӯи ширкатҳои мухобиротиро таъсис диҳад.Саид Зувайдов, вазири мухобироти Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд, бо таъсиси чунин як ниҳоди воҳиди истифодабарии моҳвораҳо аз сӯи ширкатҳои мухобиротӣ фаъолият ва даромади онҳо зери назар гирифта мешавад ва аз мақомоти молиёт пинҳон намемонад. Зеро ба эътиқоди ӯ, фаъолияти аксари ин ширкатҳо бо ширкатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ сурат мегирад:

«Дар кишвар танҳо ширкати Тоҷиктелеком, биллинг ва қарордоди байналмилалӣ дар мавриди интиқол аз хориҷи кишвар дорад, ҳама дигар ширкатҳо аз тариқи қочоқ фаъолият доранд. Онҳо литсензия ё иҷозатнома надоранд. Ширкатҳои интернетӣ низ дар дохили кишвар сет ё шабака бунёд намекунанд. Ин ширкатҳо бо ширкатҳои қочоқгари ҳамтои худ дар Русия ба мувофиқарасида мавҷгир насб мекунанд. Онҳо дар таҳхонаҳо ҷой гирифта ва дар болои боми манзилҳо мавҷгир насб мекунанд. Ин ширкатҳо ба касе ҳисобот намедиҳанд. Зеро онҳоро нафарони мансабдори воломақом пуштибонӣ мекунанд.»

Оқои Зувайдов мегӯяд, ин гуна ниҳоди воҳиди истифодабарии моҳвораҳо дар тамоми кишварҳо мавҷуд аст, то фаъолияти ширкатҳои мухобиротиро назорат кунад. Ширкатҳои мазкур ҳар қадар мехоҳанд фаъолияти худро густариш диҳанд, вале бояд дар доираи қонун бошад.

Аммо масъулони ширкатҳои мухобиротӣ бар ин назаранд, ки дар сурати таъсиси ниҳоди мазкур мушкилоти зиёда ҷиддӣ пеш хоҳад омад. Зеро ба эътиқоди онҳо, дар сурати сар задани ягон садама ва ё дар ин марказ қатъ шудани интиқоли барқ тамоми кишвар аз мухобирот маҳрум мешавад. Ва онҳо мӯътақиданд, ки дар бозори мухобироти кишвар монополист пайдо мешавад, ҳуқуқи шаҳрвандон нақз гардида ва ҳаққи хизмати телефонӣ афзоиш меёбад. Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки дар сурати ба тасвиб расидани қарори мазкур, ки хилофи усули рақобати озод мебошад, ширкатҳо ҳаққи ба додгоҳ кашидани вазорати мухобиротро доранд.

Ба ҳамин тартиб, феълан, Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа ва Шӯравии собиқ аз лиҳози рушди соҳаи мухобирот дар яке аз мақомҳои аввал қарор дорад.Дар кишвар 20 ширкати мухобиротӣ фаъол аст,шумори истифокунандагони алоқаи мобилӣ 420 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG