Акбари Турсон
-------------------------------------------------
Ҳам шаҳри азиму ҳам кӯҳи баланд
(Дар шарҳи падидаи маҳалгароӣ)

Бахши дуввум: Мушоҳидаҳо
1
Акнун чӣ бояд кард?
Ман даъво намекунам, ки моҳияту раванди маҳалгароиро аз ҷиҳати илмӣ ҳаматарафа омӯхтаам ва ё дар бархӯрд бо ин падида назар ба дигар ҳамватанони дарунмарзиам таҷрибаи фаровонтаре дорам. Вале бо истифода аз фурсате, ки дар чаҳорчӯби барномаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» ба миён омад, дар бораи роҳу тарзҳои пешгирӣ намудани зуҳури номатлуби маҳалгароӣ дар ҷомеаи тоҷик пайваста фикр кардам. Ва ҳоло бархе аз пешниҳодҳоямро дар қалами электронӣ меорам.
Ба донисти ман, худвижагии маҳалгароӣ ба унвони падидаи фардию иҷтимоӣ дар он аст, ки вай пиринсипан бартараф нашуданист; фақат доираи зуҳури онро маҳдуд кардан ва ё шиддати эмотсионалиашро муваққатан паст кардан мумкин асту бас.
Ба унвони сабақе аз иқдоми барорнагирифтаи шӯравиҳо мегӯям: чун решакан кардани маҳалгароӣ амри муҳол аст, айни муддаост, ки маҳалгароиро аз қувваи харобкунанда ба нируи бунёдкунанда табдил диҳем! Ин амри воҷиб ва ҳам имконпазир аст. Мушаххасан гӯям, маҳалгароиро ба як навъ олати мусобиқаи шаҳру ноҳияву вилоятҳо мубаддал кардан даркор аст. Бигузор, ҳукумат барои тараққиву такомули ҳамагон, яъне ҷумла сокинони қитъаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, шароиту имкони ҳамгун фароҳам оварад ва бигузор вилоятҳо ба унвони воҳидҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба рақобати салим бипардозанд, яъне дар рӯҳи баробарию бародарӣ барои ободонии шаҳру ноҳияҳояшон, тараққии иқтисод, рушди маорифу маданият ончунон маҳалгароёна саъй кунанд, ки дигаронро ҳавас ояд, на ҳасад!
Албатта, ин чунин маънӣ надорад, ки вилоятҳоро тамоман ба ихтиёри худашон гузоштан лозим аст. Баръакс, дар татбиқу назорати тадбирҳое, ки мегӯям, нақши идораҳои марказии давлат ба маротиб меафзояд. Чунончи, таъмини баланси ниёзҳои маҳаллӣ ва манфиати умумидавлатӣ -- вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати марказист. Хусусан дар шароити Тоҷикистони мо, ки пеш вилоятҳояш нобаробар тараққӣ мекарданду акнун хатоҳои пешинаи пилонкашони шӯравиро бо тарзу тариқи дигар такрор карда истодаанд.
Ба тафсири пешниҳодҳоям гузашта, нахуст ба саволи зерин ҷавоб медиҳам: ҳомилу ҳомии асосии маҳалгароӣ киҳостанд? Ман аминам, ки мардуми оддии мо табиатан маҳалгаро набуданду нестанд; худношиносу бегонапараст ҳам нестанд.
Барои ҷумла фарзандони Одам хоку хун аввалин ва охирин муқаддасоти равонист. Барои ҳар як тоҷик ҷое, ки он хуни нофаш рехтааст, мабдаъ ва маоди ӯст. Аз ин ҷиҳат маҳалпарастиро аз маҳалгароӣ фарқ кардан даркор аст, чаро ки аввалӣ ифодаи ишқи зодгоҳ асту бас. Ҳама гуна ишқ, аз ҷумла ишқи зодгоҳ, нирӯи рӯҳбахш аст, вале, мутаассифона, на ҳамеша қувваи созанда бувад, чунки одатан бо рашк таъвам меояд.
2
Лоиқ «тоҷикему ба ҳам наҷӯшида, тоҷикему на хайрхоҳи худем» гуфта, аз хулқи миллиамон шоирона нолидааст ва зимнан афзуда:
Чораи ҳолаш бигӯӣ, кина гирад,
Боз нолад аз ғами бечораҳолӣ.
Бо вуҷуди ин, ман чанд тадбиреро зикр мекунам, ки заҳри маҳалгароиро аз таҳтуззеҳнамон зудуда натавонанд ҳам, ба гумонам, аққалан пеши бедодгариҳо ва беадолатиҳои аз маҳалгароӣ сарзадаро гирифта метавонанд.
Бардошти ман аз таҷрибаи таърихиамон ин аст, ки бо марази маҳалгароӣ аз тариқи фақат панду насиҳати ахлоқӣ ё тарғиботу ташвиқоти сиёсӣ мубориза бурдан кори тамоман ношуданист. Тариқи муассиртар ва самараноктар истифодаи қудрати қонун аст. Маҳз дар чаҳорчӯби сахти қонуни давлатӣ ҳудуду дараҷаи бедодгарии маҳалгароёнаро муайян намуда ва барои гунаҳкорон ҷазойи сазоворро муқаррар карда ба ин тариқ соири хешбинону бегонагурезонро дарси бародарию баробарӣ омӯзондан мумкин аст!
Маҷлиси Олии ҷумҳуриамонро зарур аст, ки дар бораи маҳалгароӣ қонуни махсус қабул намояд. Қонуни мазкур ҳар гуна кӯшиши поймол ё маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рӯи баромади ҷуғрофӣ, яъне ҷойи таваллуди худашон, падару модарашон ва ё ҳатто бобою бобокалонашон, бояд ҷинояти маъмурӣ эълон намояд. Ва ин навъи ҷиноятро аз рӯи мазмуну маромаш бо ҷинояте баробар кардан лозим аст, ки барои таъқибу таҳқири одам аз рӯи мансубияти нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ муқаррар шудаст.
Ман пешниҳод мекунам, ки ҳангоми тибқи ин қонун аз кор холӣ кардани раис, мудир ё умуман ҳар навъ маъмури маҳалгаро ба дафтарчаи меҳнатиаш чунин тамғаи расмӣ гузошта шавад: «Ба кори роҳбарӣ қатъан муносиб нест».
Азбаски аксари кашмакашҳо аз мансабталошии сабилмонда бармеояд, Маҷлиси Олии ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷараёни ин амру амалро ба зери назорати сахт гирад. Мутаассифона, Қонуни асосии ҷумҳурӣ барои ташкилу риоя кардани баланси се шохаи қудрат - ҳокимияти қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти додгустарӣ - заминаи кофии ҳуқуқӣ фароҳам наовардааст. Чунончи, ба Раиси Ҷумҳур аз ҳад зиёд ҳуқуқ додаст, дар ҳоле ки идораҳои додситонӣ он тараф истанд, ҳатто парламон барои барқарор кардани назорат аз болои амру амали ҳокимияти иҷроия салоҳияти кофии конститутсионӣ надорад.
Пас, возеҳу равшан аст, ки барои ислоҳу такмили Сарқонуни ҷумҳурӣ низ зарурати мавқуфнопазир пеш омадааст. Аввалан, дар шароите, ки аҳзоби сиёсӣ ҳанӯз беқувват асту гурӯҳи ҳукуматдор барои бақои ҳудраташ захираву имконияти фаровони маъмурӣ дорад, ба истилоҳ интихоботи умумихалқӣ ба як маъракаи намоишкорона табдил ёфтааст, ки зотан аз боқимондаҳои давраи шӯравист. Сониян, бо назардошти майли маъмурони мо ба маҳалгароӣ сохтори олии давлатиро бар асоси низоми парламонӣ бунёд афкандан даркор буд.
Лекин модоме, ки дар ҷумҳуриамон низоми президентӣ барқарор шудаст, минбаъд ба хотири мустаҳкам кардани бунёди демократии давлату ҷомеа ба Қонуни Асосӣ ҷиҳати интихоби Раиси Ҷумҳур ислоҳи ҷиддӣ даровардан лозим аст. Бигузор ӯро парламон интихоб кунад. Гузашта аз ин, барои пешгирӣ кардани ифроту тафрити маҳалгароёна салоҳи кор мебуд, агар сари ҳар панҷ сол (на ҳафт сол!) Маҷлиси Олӣ Президентро ба навбат аз ҷумлаи намояндагони вилоятҳои гуногун интихоб мекард. (Дар ин раванди ислоҳот бо мурури замон вилояти собиқи Ғарм ё Раштро ҳам аз нав барқарор кардан шояд.)
Мақсади ин тадбир баробарии сиёсии вилоятҳоро воқеан таъмин кардан аст. Бигузор намояндагони қитъаҳои гуногуни ҷумҳуриамон дар Душанбе ба навбат давлатдорӣ карда ва зимнан донишу малакаи сиёсӣ ва лаёқати созмондиҳиашонро ба мардум нишон дода, ба ҳурмату эҳтироми ҳақиқию ҳамагонӣ сазовор шаванд. Ва агар собиқ Раиси Ҷумҳур дар воқеъ ҳам арбоби донову кордон бошад, бигузор пас аз 15 сол, яъне вақте ки навбати вилояташ расид, аз нав интихоб шавад.
Дар он сурат ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид!
Ин тадбир ҳам як шакли зуҳури ҳамон мусобиқаи вилоятҳо буда, бад-ин симат ба рушду камоли сиёсию маънавии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.