Афзоиши бакарати нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва рушди босуръати кишварҳои бахусус арабӣ дар пайи ин, ки ҳамин тавр ба беҳбуди вазъи молии шаҳрвандони ин кишварҳо ҳам мусоидат кардааст, мунҷар ба он шуда, ки бонкҳои муътабари ғарбӣ акнун дидаи таваҷҷӯҳи худро ба сӯи олами ислом ва сармоядорони мусалмон бидӯзанд.
Таври маълум, бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ ва мардуми мусалмон фаъолиятҳои иқтисодиии худро бар асоси шароити шариъати исломӣ роҳандозӣ мекунанд, ки масалан додани гирифтани рибо ё худ фоизро манъ мефармояд. Ва аммо бонкҳои мӯътабари ғарбӣ ахиран ба хотири ҷалби сармояи мусалмонон дар талоши ислоҳи вазъ ва кор гирифтан аз барномаҳое шудаанд, ки бо меъёрҳои шариъати исломӣ дар таноқуз нест.
Дар ин ҳафта дар як анҷумани байналмилалӣ пиромуни роҳу усули истифодаи сармояву сарватҳои ҷаҳони ислом дар Женеви Суис ҳамин мавзӯъ матраҳ буд. Майкл Геснерр, яке аз ташкилдиҳандагони ин анҷумани дурӯза мегӯяд: "Ҳадафи мо расондани маълумот ва таълим додани бонкдорони хусусӣ ва соҳибкорони фаъол дар бозори молумулк роҷеъ ба роҳҳои истифода аз сармояҳоест, ки маҳофили мусалмонӣ гирд овардаанд."
Бисёре аз ширкатдорони анҷумани Женев намояндагони бонкҳои Суис буданд. Суис, қарори маълум, пойтахти бонкии ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар ҳоли ҳозир дар бонкҳои ин кишвар тақрибан 200 миллиард доллар сармоя танҳо аз кишварҳои мусалмонӣ гирдоварӣ шудааст.
Аммо дар ин ҳамоиш намояндагон аз кишварҳои мухталифе назири кишвари африқоии Найҷерия ва кишвари осиёии Сингапур ҳузур доштанд ва ҳам фиристодаҳои бонкҳои маъруфе чун Эй Би Эн, Ситигрупп, маркази молии Дубай ва Дойчебонк. Воқиъан Дойчебонк, бузургтарин бонки Олмон ҳанӯз дар аввали сол эълон карда буд, ки дар кишварҳои маусалмонӣ ва барои мизоҷони мусалмонаш суратҳисобҳои вижае боз хоҳад кард, ки арзаи хадамоташ тибқи шариъати исломӣ ва бидуни додану гирифтани рибо ё фоиз сурат хоҳад гирифт.
Майкл Гаснер: "Бонкҳои ғарбӣ дар бозори Халиҷ саҳми хубе доранд, чизе дар ҳудуди 20 то 30 дарсад. Бисёриҳо ба бонкҳо намеоянд, чунки ҳанӯз камбуди арзаи маҳсулот ва хадамот, феҳрасти комили арзаи чунин маҳсулот мушоҳида мешавад. Ва вақте ки ҳама анвоъи хадамот ироа шуд, шумори ба маротиб бештари мардуми мусалмон пулит худро дар бонкҳои ғарбӣ хоҳанд гузошт." Аммо эҷоди чунин шароит коре саҳл нест. Зеро таври маълум, шароити фаъолияти бонкӣ дар ҷомиаи ғарбӣ аз меъёрҳое, ки шариъат муқаррар кардааст, фарқ мекунад. Идомаи сӯҳбати Майкл Гаснер: "Низоми исломии бонкдорӣ зери бори гарони қарз андохтани мардумро роҳ намедиҳад ва аз ин лиҳоз гирифтани риборо манъ кардааст. Аммо шумо метавонед аз роҳҳои дигар кор бигиред. Қарз набояд фоиз дошта бошад, вале шумо ҳаққ доред сармояи худро ба ягон ширкат гузошта, дар тақсими фоида ё зиёни кори он ширкат шарик шавед. Ва аммо ин ҳам вобаста ба риштаи кори он ширкат аст. Баҳрабардорӣ аз соҳоте ба мисли танфурӯшӣ ва ё фурӯши машрубот манъ аст."
Аз дигари усули пешбурди фаъолиятҳои иқтисодӣ тибқи шариъати Исломӣ масъулияти нафари сарватманд дар баробари мардуми мӯҳтоҷ ва дастгир аст, ки як намунааш хайрот аст, ки ба таври довталабона тақдим мешавад ва ҳам закот, ки ҳар нафари соҳиби сармояи кофӣ мукаллаф аст соле як маротиба аз ҷамъи дороияш ба фоидаи мардуми нодор бипардозад. Мардуми воҷибулзакот тибқи Қуръон бояд маблағи закоти худро ба 8 тоифаи мардум, аз ҷумла мардцумони фақир ва ё бознишаста ва ё маълум ё барда ва ё ба афроди мусофир ё қарздор адо кунанд. Ба ҳисоби миёна, як нафар бояд соле тақрибан дувуним дарсад аз ҷамъи дороии худро сарфи адои закот кунад, вале дар бархе маворид ин рақам метавонад то 5 ва ҳатто 10 дарсади дороии нафари воҷибулзакотро фаро бигирад. Масалан агар замини шумо аз оби борон обёрӣ шавад, ҳаққи закоти шумо 10 дарсад , вале агар аз оби пулакии наҳру рӯдхона об бигирад, ҳаққи закот 5 дарсад хоҳад шуд.
Чунин ҳисобҳои гуногун албатта дар роҳи фаъолияти бонкҳои ғарбӣ мушкилоте эҷод хоҳад кард. Вале ин бонкҳо дар паллаи дигари ин тарозуи ҳисоб маболиғи ҳангуфтеро мегузоранд, ки онҳо дар сурати мурооти ин шароит метавонанд аз сармоядорони мусалмон ба даст биоранд. Ҳадафи ниҳоии ҳар як бонк ва умуман низоми бонкӣ пулу фоида овардан аст ва бонкҳои ғарбӣ ба ин хотир илоҷе ба ҷуз аз рафтан зери шароити шариъат ва табдили фоизҳои собит ба ҳисоби мушкили тақсими фоида надоранд.