Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашф-ул-асрори арғушти миллӣ нашр шуд


Ахиран дар Тоҷикистон бо кӯмаки молии Оҷонсии Шветсариё оид ба Рушд, очерки таърихии Низом Нурҷонов «Олами беканори рақси тоҷик» нашр шуд.

Дар китоби бузургҳаҷм нақшҳо, мусаввараҳо, аксҳо аз маросими арғушти миллӣ, сохтори рақси мардонаву занона, кӯдаконаву болиғона, тақлиди ҳаявону чаррандаву парранда, арғушти ҷангиву довталабона, маҳрамонаву ошиқона шурӯъ аз асрҳои 3 - и пеш аз мелод то ба рӯзҳои мо ҷамъоварӣ шудааст. Мусаввараҳои рӯи санг аз Сармичсои Регар ёфт шуда рақси зану мардро ҳаккокӣ кардаанд. Рақси маросими ориёнои аҳди қадим бо акси Аноҳито - худои ҳосил рӯи табақи тиллокорӣ дар осорхонаи Порис маҳфуз аст. Расми базмгаҳи каёни ориёӣ- Лӯҳросп, Фарибурз, Баҳроми Чӯбина, Хусрав, ки то замони мо расидаанд, моломол аз ҳаракатҳои рақсианд.

Ва аммо рақс на танҳо мӯҷиби ишрат будӣ. Рақсҳои дарвешон, самоъи суфиён, арғушти мотамзадагон, асирон, маҳкум ба қатлшудагон низ дар таърихи рақси тоҷикӣ дида шудааст. Ба гунаи мисол, Клит-муаррихи Искандари Мақдунӣ навиштааст, ки «Вақте, ки асирони суғдиро Сикандар ба марг маҳкум кард, онҳо ба рақс омаданд!».

Дар маҷмӯъ, садҳо навъи арғушти миллӣ дар китоби санъатшинос Низом Нурҷонов мунъакис шудаанд. Тамомии мусаввараву аксҳо аз бойгонии устод Нурҷонованд, ки дар тӯли даҳсолаҳо рақси тоҷикиро умқан мавриди пажӯҳиш қарор додааст.

Ҷамшед Исмоилов - ҳунарманди мардумӣ, санъатшинос мегӯяд, «Олами беканори рақси тоҷик»- и Низом Нурҷонов дар сад соли ахир нахустин рисолаест, ки рақси миллиро бо тамомии вижагиҳо, назокату латофати мардумӣ фароҳам дар бар гирифтааст: «То ҳанӯз ягон асари мукаммалтар аз ин ки дар бораи таърихи рақс ва гавҳари аслии он қисса кунад, навишта нашуда буд.»

Ин дар марвидест, ки бар тибқи иттилоъи оқои Исмоилов, рақси миллӣ гавҳари асили худро аз даст додааст: «Мардони мо ба гунаи мисол, рақси занона мекунанд. Рақси мардӣ гавҳари худро аз даст дод. Чашмакпаррониву нозу ишва, китфпаррониву гарданзаниву поҷунбониҳо дар рақс ҷои ҳаракатҳои мардонаи ҷангиро гирифтааст.»

Рақсҳои мардумии водии Рашту Дарвоз, Кӯлобу, Фалғару Масчо, арғушти маъмулии мардон, рақсҳои Бадахшон, рақсҳои маросимии динӣ, мазҳабӣ, ҷангӣ, ғиноӣ, тақлидӣ, ҳаҷвӣ, жанрӣ- тасвири ҳайвонот, даррандаҳо, силисларақсҳо-ин номгӯи саридастии бобҳои китоби мазбуранд, ки акнофи ҳар як ҳаракату ишорот устод Нурҷонов таваҷҷӯҳ кардааст ва муҳимтар аз ҳама тамомии ин ҳаракотро дар шакли тасвир нақшбандӣ ва пешкаши аҳли завқ намудааст.

Санъатшиносон ҳамакнун китоби «Олами беканори рақси тоҷик»-ро мифтоҳуррақси тоҷик номгузорӣ кардаанд.

Лабаш бо дур ба ғаввосӣ даромад,
Сари зулфаш ба раққосӣ даромад!
XS
SM
MD
LG