Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии матбуот


Банда фикрамро дар бораи озодии матбуот навишта будам. Вале чун як баҳси дигар дар бораи чопи корикатураҳо дар матбуоти Дания ва дар заминаи онҳо озодии баён баррасӣ шуд, нахостам, ки дар канор бошам.
Дар ибтидо бояд бигӯям, ки ҳар кас бояд бо имзоҳои гуногун худро дифоъ накунад. Дуввум он кореро, ки матбуоти Дания анҷом дод на танҳо ҷираҳдор кардани қалби 1,5 миллион мусалмони ҷаҳон буд, балки ба гуфтаи коршиносон фармоиши махсусе буд, ки ҷомеаи Ғарб олами исломро санҷидан мехост. Барои мо дине бузургтар , илмитар, миллитар ва озодтар аз ислом нест. Ин ки "Ҳеч дине ва ҳеч идеулужие наметавонад ба унвони дин ё идеулужии миллӣ дар Тоҷикистон пазируфта шавад, фарқ намекунад кадом "фарҳангсолор" инро мехоҳад, ин хоста комилан муғойир бо қонуни асосии Тоҷикистон ва арзишҳои фарҳанги секюлористии ин кишвар аст!" сад дар сад ифодаи хунук аст. "Муғойир" будан ба қонуни асосӣ ин маънои инро надорад, ки мо бояд ин динро пайрави ва эҳтиром накунем. Аз андешаҳои шумо маълум аст, ки кадом динро мехоҳед дар Тоҷикистон ба ҳайси дини миллӣ эътироф кунед. аммо дареғу дард, ки ин фикри шумо билкул ботил аст, зеро дини "Муқаддаси" шумо моли таърих шуд ва дубора маъруфият пайдо кардани он танҳо орзуе буда метавонаду халос. Ба ҳар ҳол Тоҷик аз пайвастан ба ислом бурд кард то бохт. Саршиностарин чеҳраҳои фарҳанги мо баъди ислом зуҳур карданд. Пас бо ислом чизе аз фарҳанги миллии мо болотар рафтааст.
Иршод
-------------------------------------

Ман шахсан аз матбуъоти Дания ҳимоят мекунам. Ҳеч чизе бартар ва арҷмандтар аз озодии баён нест, ҳар касе ҳар эҳсосе метавонад дошта бошад, вале ин далел намешавад, ки ба хотири эҳсоси чанд нафар ё гурӯҳе ё миллате озодии баён зери по гузошта шавад. Ман ҳайронам, ки ҷомеъаи мусалмонон, ки ба расм, сурат ё нақши паёмбарашон бовар надоранд, чи тур тавонистаанд корикотурҳои ӯро БИШНОСАНД??? Чаро вақте ҳазорон нафар қурбон мешаванд, касе эътироз намекунад, чаро вақте Лодин ва дигар теруристон номи исломро бад мекунанд, касе аз мусалмонон алайҳи онҳо эътирз намекунад, вале алайҳи чанд наққошии озодандеш ин ҳама ғавғо???
Фаромарз
--------------------------------------

Ба Қодири Сабур,

Ҳеч дине ва ҳеч идеулужие наметавонад ба унвони дин ё идеулужии миллӣ дар Тоҷикистон пазируфта шавад, фарқ намекунад кадом "фарҳангсолор" инро мехоҳад, ин хоста комилан муғойир бо қонуни асосии Тоҷикистон ва арзишҳои фарҳанги секюлористии ин кишвар аст!

Бо орзуи нек,
Фаромарз
---------------------------------------

Ман як сухани устоди бузурги худ
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороиро ба
Дилшод расониданиям. "Ман фикр мекунам, ки дини Ислом бояд барои мо ҳамчун дини миллӣ пазируфта шавад!" -ин аст сухани фарҳангсолори тоҷик.
Пас мо гуфта метавонем, ки "бо дуои муш ҳеч кас намурдааст".

Ва барои кормандони "Озодӣ":
Аввалан ҳампешагони худро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот шодбош мегӯем ва сониян Аз эшон бисёр хоҳиш мекунем, ки дар ин рӯз сухани моро қадр кунанд. Агар андеша дошта бошед, ки сухани мо дурушт аст, пас бояд дар назар дошт, ки навиштаи
Дилшод низ дурушттар буд. Ҳаддалимкон ҳамин тавр пешкаш кунед, агар илоҷ набошад, акаллан бо таҳрир дар сомона ҷой диҳед.

Қодири Сабур
-------------------------------------

Дуруд ба озодандешон!
Кист пуштибони озодии матбуот?
Касест, ки аҳдофи сиёсии ҷамъиятро аз сохторҳои ғайридемократӣ (диктатурӣ) ҳимоят мекунад. На касе ки ба иззати нафси зиёда аз якуним миллиард ҷаҳониён расад!
Куруши Кабир
-------------------------------------

Салом ба ҳама ҳамватанон.
Матбуотба шакли ом дар давлатҳои ҷаҳони сеюм озод нест ва озод буда ҳам наметавонад.
Аз ҷумла дар Тоҷикистони мо.
Баъзе аз бародарҳо мисол заданд, матбуоти Данияро.
Биёед як қазоват кунем, ки чаро матбуоти Дания озод аст. Оё дар давлатҳои Урупоӣ фақат матбуоти ҳамин давлат озод аст?
Аз сӯи дигар, оё иҳонат ба ақидае, ки миллиардҳо мардум пайраи онанд, озодии матбуот ва одоби инсонист?
Камолзода
---------------------------------------

Ҷавоб ба Дилшоди Ориёманиш.

Салом эй бародари насоро! Ту дар номаат ба унвонии родиои Озодӣ гуфтаӣ, ки матбуотии Точикистон аз кишвари Дания барои озодии баён пуштибонӣ намояд. Яъне ту озодии баён гуфта ҳамон кортикотураи паёмбари исломро дар назар дорӣ. Оё ба андешаи ту таҳқир ба муқаддасоти якуним милион инсони комилҳуқуқ озодии баён аст? Ва ё ба ин восита миёни муслимин ва ғайри муслимин низоъ андохтан озодии баён аст? Пас онҳо ки корикотураи паёмбари исломро дар чаҳорчӯби қавонини озодии баён медонанд, чаро розӣ нашуданд то дар Эрон ҳодисаи Ҳолокостро корикотура намоянд?
Бародар як бор ҳамон "Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башарро" бин ки дар он чи гуфта шудааст. Ва ман бар он ақидаам ки ҳар касе аз кишвари Дания дар ин маврид пуштибонӣ менамояд, бегумон бадбини дини мубини ислом ҳастанд ва хилофи қавонини умумиҷаҳонӣ рафтор менамоянд
Мӯъмин
----------------------------------------

Агар дар Тоҷикистон озодии матбуот вуҷуд медошт, мо як ҳукумати болаёқат медоштем ва на ин ки имрӯз дорои ҳукумати ба ном Тоҷикистон ҳастем ва дар асл як ҳукумати маҳаллиест, ки бо Ҳизби наҳзати ислом як шуда, дигар мардуми Тоҷикистонро фаромӯш карда истодаанд.
Кова
---------------------------------------

Cалом!!!
Озодии матбуот мафҳуми хаёлҳо ва орзуҳост. Барои амалӣ намудани ин кор пеш аз ҳама журналистон гунаҳгоранд. Дар ҳар куҷо даъво мекунем, ки озод нестем, вале пеш аз ҳама худи ҳамон даъвогарон метарсанд. Агар ягон маводи ба назари онхо "хавфнок " барои чоп баред, чоп намекунанд. Пас, бо ин роҳ барои мо ОЗОДИРО кӣ таъмин мекунад? ҲУКУМАТ ё ХАЛҚ ва ё ХОМӮШӢ???
Иршод
--------------------------------------

Дар Тоҷикистон матбуот озод фаъолият дорад. Вале ҳарфи озоди он ба ҳеҷ кас намефорад. Озодиро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон намехоҳанд.
Мо озод фаъолият дорем, аммо озод ҳарф гуфтаву нигошта наметавонем.
Талъат
_____________________

Дуруд. Ин номаро дубора менависам, агар нашр кардед, ба озодии радио ва сомонаатон қойил мешавам ва агар на, пас вой бар ҳоли озодиятон!

To our information centres:
If you proud of freedom of speech,
support Denmark to defend the free world!!!

Ба матбуоти Тоҷикистон:
Агар Шумо дӯстдори озодии баён ва матбуот ҳастед, пас аз кишвари
Дания, ки мубориза барои баён пеша кардааст, пуштибонӣ кунед!!!
Дилшоди Ориёманиш
__________________________

Дар Тоҷикистон аслан озодии матбуот вуҷуд надорад ва дар ин маврид изҳори назар кардан, ба фикри ман, нодуруст аст.
Ҳалимов
__________________________

Тибқи қонунгузорӣ озодии на танҳо матбуот, балки баёни кулли афкор дар Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Ва аммо вақте дигарбора ба қонунгузории ин кишвар таваҷҷӯҳ мекунем, мебинем, ки паст задании шаҷну шарафи президент ва сохти конститутсионии давлат манъ аст. Дар чунин маврид озодандештарин марди майдон қандашро хӯраду мафҳумҳои интиқодии воқеиро баён кунад. Дар ин робита равандҳои сохти тотолитаризм хира-хира ба назар зинда мегардад....Аммо.....
Фурутанӣ
____________________________

Он касе, ки ҳақиқат меҷӯяд - меёбад, аммо бо мушкилоти хеле зиёд аз сарчашмаҳои гуногун. Чунин маҳдудиятҳое, ки мо имрӯз дар матбуоти Тоҷикистон дорем, на танҳо ҷамъиятро дар ҳоли шахшуда нигоҳ медорад, балки фаҳмиши мафҳуми "Озодии Сухан"-ро дар шуури мардум маҳдуд мегузорад.
Ҳақиқат бояд гуфта шавад, агар ба касе талх ё сахт ҳам расад.
Сомон, Душанбе
______________________________

Чаро "Озодии сухан" нею "Озодии матбуот"???
Охир сензура танҳо дар матбуот нест-ку!
Имруз дар ҳама расонаҳои хабарӣ рузноманигор дар чорчубаи сензура сухан мегӯяд.
Аз бинӣ боло гап зану қандата зан!!!
Соҳибёрчик
______________________________

Салом. Дар бораи озодии матбуъот дар Тоҷикистон сухан рондан хандаовар аст.
Маҳмадраҳим
______________________________

Озодии матбуъот ҳоло ҳам дар Тоҷикистон дида намешавад.
Эрмаҳмад
_______________________________

Салом!
Ба назари ман, дар як соли ахир хеле тағйироте ба вуҷуд омадааст. Хусусан пеш аз интихоботи порлумонии соли 2005 тақрибан ҳамаи рӯзномаҳои озод баста шуданд ва аз фаъолият бозмонданд. Мо дар кишварамон як шабакаи мустақил надорем ва ё радиои мустақил ва дар қарни 21 ин аҷиб аст. Мо шоҳиди фишор ба мардуми мусулмон ҳастем, чӣ аз назари фарҳангӣ ва чӣ аз назари озодии баён, озодии адён, озодии расму ойинҳо. Аз фаъолият мондани масҷидҳо, манъи духтароне, ки бо пӯшиши исломӣ ба донишгоҳ мераванд, ин нишондиҳандаҳои набудани озодии баён дар Тоҷикистон аст ва агар як нафар бо далел доир ба коррупсия дар дастгоҳҳои давлатӣ сӯҳбат кунад, маҳкум ба зиндон мешавад ба хотири онки ҳақиқатро гуфтааст, ки ҳама медонад ва ниёз ба гуфтан нест. Ончӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Ҷон Кетӣ
____________________________

Бале озодии матбуот дар як соли охир дар Тоҷикистон хеле тағйир ёфт. Вақте нахустин падидаҳои матбуоти озод дар Тоҷикистон падидор гашт, ҳама онро истиқбол карданд. Аммо дертар мансабдорон диданд, ки эшон ба танқиди васоити ахбори омма омода нестанд. Сипас фишору таҳдид ба намояндагони матбуот оғоз гардид. Ҳамакнун он рӯзномаҳое, ки худро озод меҳисобанд, аслан гирем озод нестанд ва намехоҳанд аз кори ҳукумат интиқод намоянд, на маблағгузорони хешро. Хулоса ҳоло онҳо ҳама гуноҳро ба сари мардуми оддӣ бор карда танқид менамоянд.
Мӯъмин
__________________________

Бале, ҳамакнун дигар соли 2003-юм нест. Ман фикр мекунам, ки он сол дар таърихи демократияи кишвар шояд бесобиқа сабт гардад. Дуруст, ки ибтидои солҳои 90-ум озодии бештари матбуот ба назар мерасид. Вале ба назари кӯчаки банда, он ба анархия шабоҳат дошт. Ҳоло бошад сабаби коста шудани озодии матбуот ба ҳамагон маълум. Ман инро аз як ҷиҳат қабул ҳам дорам. Агар худсензурӣ риоя нашавад, шояд матбуоти боқимондаи нисбатан озод низ аз байн биравад ва ин барои ман барин хонанда ба марг баробар аст.
Далер
___________________________

Дуруд нисори ҳаммеҳан!
Нахуст ин нуктаро гуфтаниям, ки пеш аз он ки Шумо, дастандаркорони барнома ин пурсишро намоед, бояд баҳси дигареро думбола мекардед, мисли ин ки "Озодӣ чист ва мо аз ҳуқуқу озодиҳои худ чӣ қадр огоҳӣ дорем ва чи гуна бояд ин огоҳиро бештар намуд?"
Имрӯза дар ҷомеаи мо зиёд ба чашм мехӯрад, касоне ки аз озодӣ сӯҳбат мекунанд ва зеҳнҳои мардумро бо суханҳои хеш олуда ва зидди давлат мекунанд.
Ҳол онҳо на ин ки мехоҳанд, дар заминаи пешбурд саҳме дошта бошанд, балки ҳатто мафҳуми озодиро худ дарк нанамудаанд ва ҳайф аст, ки ин гуна афрод дастбакор шаванд. Чун ба ҷуз осеб расонидан ба рӯҳияи ҷомеа кори дигаре аз онон сохта нест.
Борҳо гуфтаниям, набояд хеле ормонӣ (афсонаӣ) биандешем, балки воқеъгаро бошем, роҳи чораи беҳтарини мо аввал огаҳии мардумро боло бурдан аст ва ин дағдағаҳоро ба ҷуз пуч буданаш ҳеҷ мушкилкушое нестанд.
Инро бояд ба гӯшамон ҳалқа созем.
Азиз, Эрон
XS
SM
MD
LG