Ҷое ғарами регу санг ва ҷое тӯдаи пору ва ҷо-ҷо чордеворҳои бедару бебом ва ҷое ҳам растаҳову раддаҳои дигар ба таври ҳузнангез холӣ аз молу аз харидор ва ҷое ҳам ҷамъе боқимонда аз тоҷирони пешини бозор, ки акнун дар ин чорсӯ монанди як донишҷӯ дар рӯзи имтиҳони мушкил музтару бечора ба назар мерасанд.
Ва ҳам чархи як аробаи чун рӯзгори соҳибаш шикаста ва ҳар сари қадам як овор. Овори боқимонда аз он чӣ ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш сохтмони 1500 дӯкони бозори як замон ҳамеша пуриздиҳоми "Роҳи Абрешим" дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови маҳаллаи 82-юми пойтахти Тоҷикистон буд.
Бозори 82 бо қарори шумораи 85-и шаҳрдорӣ аз таърихи 6 март баста шуд. Баъд аз ҳамагӣ 12 соли мавҷудият ин бозор дигар бо ҳама талхию ширинӣ ва ҳусну қубҳаш ҷузъе аз таърих, таърихи навини Тоҷикистон шуд.
ТАЪРИХЧАИ БОЗОРИ "РОҲИ АБРЕШИМ"
Бозори "Роҳи Абрешим", маъруф ба бозори 82 соли 1994 дар давру бари кинотеатри тобистонаи "Октябр" ва як бозори меваҷот, ки аз солҳои шӯравӣ дар ин маҳал амал мекард, ибтидо ба сурати худбахуд зуҳур кард ва мардумоне, ки дар он соли ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ танҳо илоҷи ёфтани рӯзии худро дар бозорнишинӣ дида буданд, тайи чанд моҳи аввал молу колои худро ҳатто дар рӯи заминҳои пур аз чангу гил мефурӯхтанд.
Аммо ин маҳалл вақте ба сурати як бозори комил даромад, ки як ширкати мавсум ба "Тараққиёт" бо ҳидояти ҳукумати ноҳияи Фрунзе, Синои кунунӣ умури онро ба ихтиёри худ гирифт.
Маълум шуд, ки бар асоси нақшаи умумии тавсиъаи шаҳри Душанбе, дар замини атрофи кинотеатри "Октябр" бояд як кӯдакистон барои фарзандони кормандони Госснаб, як муасссисаи хеле бонуфуз дар замони шӯравӣ, аммо баъдан рафта ба боди фаромӯшӣ сохта мешуд. Ва ширкати "Тараққиёт" ҳам 2 гектар замини ин маҳаллро ҳамчун сохтмони нотамоми ҳамон кӯдакистон соҳиб мешавад ва бо гузашти андак вақт ин бозор ба яке аз марокизи умдаи тиҷорат дар пойтахти Тоҷикистон табдил меёбад.
Кори бозори "Роҳи Абрешим" ҳамин тавр то моҳи марти соли ҷорӣ дар тӯли тақрибан 12 сол ба сурати зоҳиран оддӣ пеш мерафт. Ҳадде бештар аз 1500 дӯкондори ин бозор то охирин лаҳза ҳама дар фикри густариши тиҷорати худ буданду ва ҳатто "Тоҷикпромбонк", аз маъруфтарин бонкҳои тиҷоратии кишвар сар аз моҳи августи гузашта кори ироаи қарзҳояш ба бозаргонони инфиродиро дар худи қаламрави бозор роҳандозӣ карда буд.
Чизе аз чунин фанои зуди "Роҳи Абрешим" гӯё дарак намедод. Вале аз ҳамон соли 1994 ба ин сӯ байни соҳибони бозор ва шаҳрдории Душанбе даъво ҳамчунон идома доштааст. Гоҳо дар кобинетҳову гоҳо дар додгоҳҳо ва ҳамин тавр гоҳе ба фоидаи ину гоҳе ҳам ба нафъи он. То ба ҷое ки дар моҳи октябри соли 2005 Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон истифодаи ин замин аз сӯи ширкати "Тараққиёт"-ро ғайриқонунӣ ҳукм карда, ба ин қазия нуқтаи таммат мегузорад ва бо ҳамин роҳи шаҳрдорӣ барои бастани бозори 82 ҳамвор мешавад.
Ва дар таърихи 6 марти соли ҷорӣ шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо судури як қарори вижа барои тахлияи бозори "Роҳи абрешим" ба масъулон ва таъмини тоҷиронаш бо ҷойи ҷадиди кор дар дигар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ҳамагӣ 2 моҳ, яъне то 6 май фурсат медиҳад. Аммо алакай дар поёни моҳи март фурӯши молу маҳсулот дар қаламрави ин бозор комилан манъ шуда ва кори тахриби ин бозор ва тахлияи заминаш аз дӯкону мағозаҳо шурӯъ мешавад.
Матни комили достони бозори "Роҳи абрешим" бо назари мақомоти шаҳрдорӣ, тоҷирони бозори 82, коршиносон ва сокинони пойтахти Тоҷикистон дар зери рамзи радиочаи назди сарлавҳаи ин гузориш қобили дарёфт аст.