Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастрасӣ ба интернет


Богдан Маноли, мудири Анҷумани миллии фанновариҳои Романия гуфт, интернет дар кишвараш 5 миллион истифодакунанда дорад, ҳол он ки панҷ сол пеш ин адад хеле пойин буд. Ба гуфтаи Маноли, дар соли 1998 ҳамагӣ 2 %-и аҳолӣ ба интернет дастрасӣ дошт ва дар соли 2000-ум ин адад ба 10 расида, моҳи декабри соли гузашта маълум шуд, ки қариб 25 % аҳолии Романия аз интернет истифода мекунад.
Дар омади гап, дар ин кишвар беш аз 900 ширкати таъминкунандагони дастрасӣ ба интернет фаъолият дорад.
Дар қиёс бо Романия Тоҷикистон хеле ақибмонда мебошад. Раиси Ташаббуси интернети шаҳрвандии Душанбе Парвина Ибодова мегӯяд, дар Тоҷикистон дар соли 2002 танҳо 4 таъминкунандаи дастрасӣ ба интернет мавҷуд буд. Ҳоло шумораи онҳо ба 12 адад расидааст. Ибодова мегӯяд, баъд аз таваҷҷӯҳи президенти кишвар ба Интернет ва талаби вай, ки бояд ҳар мактаби Тоҷикистон бояд соҳиби компютер бошад, дастрасӣ ба интернет афзойиш меёбад: "Мумкин аст, номуносиб садо диҳад, зеро Тоҷикистон аз тарафи ҳаштгонаи саноатӣ, ки имсол дар Русия ҷамъ меояд, қашшоқтарин кишвари ҷаҳон номида мешавад, вале бо вуҷуди ин дар риштаи фанновариҳои муосир аз ҳамсояҳои худ пеш гузаштааст."
Парвина Ибодова дар ин маҳфил чизе роҷеъ ба сонсур шудани интернет дар кишвари худ нагуфт, аммо ҳамкасбони ӯ аз Ӯзбакистон ва Беларус онро як мушкили рӯзи худ номиданд.
Шавкат Валидов, собиқ ҳамоҳангсози созмони байнулмилалии Ташаббуси сиёсати ҷаҳонии интернет дар Ӯзбакистон мегӯяд, дар ин кишвар қонунҳои хуби озодии иттилоъ мавҷуд аст, вале дар иҷрои он мушкилот пеш меояд. Баъд аз рӯйдодҳои моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон бисёре аз сомонаҳои интернетӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин кишвар баста шуданд.
Ба гуфтаи Валидов, ҳарчанд низоми дастрасӣ ба интернет дар Ӯзбакистон дигар мутамаркиз нест, ба ширкатҳои маҳаллӣ дастур дода шудааст, сомонаҳои хабариро сарачинӣ кунанд. Агар онҳо аз иҷрои дастури ҳукумат сарпечӣ кунанд, ба зудӣ аз иҷозаи фаъолият маҳрум хоҳанд шуд: "Ҳар расонандаи интернет масъул аст, мӯҳтавои сомонаҳоро биполояд, ҳарчанд ягон идора муайян накардааст, ки чиро мешавад гузошт ва чиро на. Ҳар кас ба ақли худ ин корро мекунад. Ҳукумат бо чунин ширкатҳо созиш мекунад ва барояшон иҷозаи фаъолият медиҳад."
Дар Беларус низ вазъият ҳамингуна аст. Имсол дар ҷараёни интихоботи президентӣ сомонаҳои интернетии номзадҳои оппозисюн ҳадаф қарор гирифтанд.
Михаил Дорошевич, бунёдгузори сомонаи беларус нуқта орг дар Минск мегӯяд, ҳамла ба ин сомонаҳо сабаби гум шудани онҳо аз шабака гардид.
Аммо, агар таҷрибаи Романия баёнгари таҳаввули таърихии интернет дар як кишвари собиқ коммунистӣ бошад, пас метавон ҳадс зад, ки бо гузашти айём, сонсури сиёсӣ нармтар хоҳад шуд. Ба гуфтаи Маноли, соли сеюм аст, ки дар Романия сонсур вуҷуд надорад ва таъсиси ширкати интернетрасон ҳам як кори сода шудааст: "Ҳоло таъсиси чунин ширкат хеле осон шудааст. Шумо фақат як номаи расмӣ ба мақомот менависед ва аз фардо корро сар мекунед. Ин сабаб шуд, ки шумораи расонандагони интернет ва зимни он шумораи истифодабарандагони интернет хеле зиёд гаштааст."
Умедвор мешавем, ки рӯзе дар Тоҷикистон низ чунин шароит фароҳам хоҳад омад ва интернет ба як ҷузви ҷудоинопазири ҳаёти мардум табдил хоҳад ёфт. Ҳарчанд дар барномаи гузаштаи Заррабин дида будем, ки сомонаҳои интерентии Тоҷикистон бо душворӣ зиёд мешаванд ва истифода аз онҳо низ вақт ва сармояи зиёд мехоҳад. Гузашта аз ин Вазорати алоқаи Тоҷикистон мехоҳад, бо ташкили маркази воҳиди коммутатсионӣ озодии нисбии дурпайвандиро ба монополияи худ табдил диҳад. Тавре шунидем, дар бисёр кишварҳо, ҳатто дар Ӯзбакистон, ки ҳамеша мавриди танқид аст, ба чунин иқдом ҷуръат накардаанд.
XS
SM
MD
LG