Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеъру шоъирӣ дар Тоҷикистон


Ҷойгоҳи шеър дар Тоҷикистон имрӯз

Ва аммо шеъри тоҷик дар кадом поя қарор дорад ва мардуме, ки саропо сухангустару суханпарвар ва дар ниҳояти кор суханшунав будааст, имрӯз ба шеъру шоъир чи арҷе мегузорад.

Мо тасмим гирифтем дунболаи ин иддаъо миёни суханшунавон гардем, на суханпардозон, ки борҳо гуфтаву шунавидаем.

Нигинаи Мӯъмин, рӯзноманигори телевизюни тоҷик, масъули барномаҳои фарҳанги Сафина мегӯяд, шуъарои маҳбуб ангуштшумор мондаанд ва шеъри ноб тақрибан маҳв шудааст. Нигина меафзояд, сабаби аслии ин раванд набуди интиқоди адабӣ дар назмшиносии муъосир, вале афзоиши ғайбату танқид миёни шуъарост:
Самимият ва муҳаббати удабо! Дар ҳама давру замон шуъаро аз ҳамдигар арҷ гузоштаанд. Давраҳои адабие баргузор мешуданд, ки дар он фарҳангиён сари як пиёла чой ва ё як сабӯи май тағаззул мекарданд ва нӯшбод аз рубоъӣ фароҳам меовардаанд.

Одобе, ки миёни шуъаро роиҷ буд

Хуҷастатарин шиносоӣ ё эътирофи ҳамдигарӣ ва арҷгузорӣ аз муҳаббати байниҳамиро дар соли 1988, дар ҳамоиши ҳаштуми Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ нишон додааст. Бахтиёр Сафаров, рӯзноманигори тоҷик, фарзанди шоъир Ашӯр Сафар мегӯяд, замоне ки дар ин иҷлосия хостанд ба Лоиқ унвони шоъири мардумӣ диҳанд, ӯ гуфтааст:

"Ҳазрати Лоиқ хеста гуфт, ки то Ашӯр Сафар нашавад, ман ҳаққи дарёфти унвони шоъири мардумиро надорам."

Коршиносон мегӯянд, чун муҳаббат миёни худи шуъаро коҳиш ёфт, маҳбубияти ишон назди мардум низ кост.
Имрӯз дар маҳфилҳо шоири муосире ҳаст, ки амсоли Турсунзодаву Раҳимзода, Лоиқу Ашӯр Сафар меҳвари муҳаббати мардум бошад?

Шеър ҳам таблиғ мехоҳад?

Саидқули Билол, овозхони шинохташудаи тоҷик мегӯяд, сабаби аслии аз назарҳо дур шудани шуъаро набуди таблиғи шеъру шоъирист. Вай мегӯяд, назми ахири тоҷик рӯ ба таназзул аст ва посухгӯи талаботи оҳангсозони тоҷик нест.

Шеър таблиғ намешавад ва шуъаро муъаррифӣ нашудаанд. Ин аст, сабаби коҳиши обрӯи назм?

Ортиқи Қодир, ровии саршинос мегӯяд, сабаби дигари маҳбубияти удабои даврони шӯравӣ ин буд, ки онҳоро дастгоҳи таблиғотии шӯравӣ муъаррифӣ мекард ва онҳо, ба истилоҳ, «афроди ҷамъиятӣ ва сиёсӣ» будаанд. Ӯ ҳам бар ин назар аст, ки шеъри тоҷик ахиран заъифшудааст.

Вале ҳамоно таблиғ. Чаро шеърро таблиғ намекунанд? Акбари Саттор, муассиси ҳашт ҳафтаномаи кишвар мегӯяд, «зеро шеър муштарӣ ва харидор надорад». Ба гуфтаи Акбари Саттор, инқирози шеър аз Ғарб шурӯъ шуда ва то ба Осиё расидааст. Ин ҷараёни шеърбезорӣ ба бозори сухани мавзун бастагӣ дорад. Чун харидор нест, пас колои сухан ҳам нест:

Фарзона - ситораи пинҳон?

Дар мавриде, ки Фарзона - маъруфтарин чеҳра дар олами сухани имрӯзи тоҷикон аст, бар ашъори ӯ камтар оҳанг месозанд ва онҳоро камтар аз бар мекунанд. Чаро? Қаблан ба ин суоли Озодӣ худи Фарзона посух дода буд, ки ӯ барои мардуми баргузида шеър мегӯяд на барои ҳама!

Вале гӯши суханшунави муштарӣ чизе тозатар мехоҳад. Ашъори суннатӣ, достону маснавиҳоро гуфтаанд. Муқаллидони шеъри эронӣ - нимоиву фурӯғӣ, ки замоне дар Тоҷикистон шуҳра бардоштанд, пас аз ошноии бештари мардум бо адабиёти Эрон зудуда шуданд. Зеро мардум гавҳари тақлидро дар садафи ишон дарёфт. Имрӯз ҳам бархе бар ин назаранд, ки шуъарои тоҷик тақлид мекунанд ва аз халлоқияти қобили таҳсин бархурдор нестанд.

Буҳрони ношӣ аз таҳаввулоти фарогири замона

Бисёре бар ин назаранд, ки Турсунзодаву Раҳимзода мубаллиғини аҳдофи кумунистӣ дар шеъри тоҷик буданд, Бозори Собир тараннумгари истиқлол , Муъмин Қаноат достонсарои корзорҳои шӯравӣ, Лоиқ - лирик, Гулрухсор - зани мубориз, Ашӯр Сафару Ғоибу Ҳабибулло Файзулло - шиъорнавис... Ва чун ҳадафҳо дигар шуд, истиқлол ба даст омад, корзорҳои шӯравӣ ба бӯтаи фаромӯшӣ рафт ва мароми муборизаҳо тағйир хӯрду шиъорҳо иваз шудаанд, хонандаи тоҷик ашъори ин родмардони ҷоддаи Суханро низ, ки замоне маъруфу маҳбуб буданд, канор гузошт ва боз ба Девони Ҳофизу Соиб ва Шаҳномаи Фирдавсӣ рӯ овард. Ин ақидаи аксарияти алоқамандони шеъри ноби порсии дарии тоҷикист.

Аз Озодӣ: агар дар ин бора назаре доред, лутфан ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед.
XS
SM
MD
LG