Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паррандаи нав


Дар як гӯшаи дурдасти Ҳиндустон навъи то ҳол номаълуми парранда ошкор карда шуд. Пажуҳишгоҳи ҳифзи табиати Ҳиндустон мегӯяд, ки паррандаи "нав" дар ноҳияи Каменги Ғарбии вилояти Аруначал Прадеш - дар наздикиҳои марзи Чин пайдо шуд. Онро Бугун Лиосичла ном гузоштанд.
Мурғи нави ваҳшӣ рангҳои зебо доштааст ва андозаи он 22 сантиметр будааст.
Дар Ҳиндустон беш аз 1200 навъи парранда ба сар мебарад. Ин кишвар ҳамчунин ватани муваққатии даҳҳо навъи дигари паррандаҳои муҳоҷир, ё кӯчӣ мебошад, ки дар мавсими сармо ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунанд.
Дар тӯли 60 соли ахир ин нахустон бор аст, ки олимони ҳиндустонӣ навъи нави паррандаро кашф мекунанд.
XS
SM
MD
LG